ИДИЗОДА ИЗЗАТБЕК

 ИДИЗОДА ИЗЗАТБЕК

ИЗЗАТБЕК ИДИЗОДА 15 декабри соли 1953 дар ноҳияи Комсомолобод (имрӯза Нуробод) чашм ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна (1971) ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1976 хатмаш кардааст.

Муддате котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод», котиби масъули Ҷамъияти «Дониш»-и ноҳия ва муҳаррири варзидаи идораи «Ахбор»-и Радиои Тоҷикистон, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» будааст. Ҳоло мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аст.

Шеъру мақола ва очерку лавҳаҳояш аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд. Гулчини офаридаҳояш дар беш аз 10 маҷмӯаи дастҷамъӣ ва китобҳои «Ба ҷӯи нав об омад» (1981), «Шаббода» (1989), «Духтари шаб» (2003) ва «Як гули садбарг» (2014) пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст.

Чанде аз навиштаҳояш ба забонҳои русию ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо