ЗИКРУЛЛО НАЗАР

 ЗИКРУЛЛО НАЗАР

НАЗАРИ ЗИКРУЛЛО 14 феврали соли 1934 дар деҳаи Зуви ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1944 ба мактаби 7-солаи ба номи Карл Маркс рафта, баъди хатми он таҳсилро дар мактаб-интернати давлатии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Маскав идома додааст.

Баъди хатми мактаби миёна, соли 1954, ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, то соли 1957 хидмат кардааст. Соли 1958 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гашта, соли 1963 бомуваффақият хатмаш кардааст.

Солҳои 1963–1965 дар мактаб-интернати «Коммунизм»-и деҳаи Саричашма, солҳои 1965-1968 дар мактаби миёнаи №24, солҳои 1968-1973 дар мактаби миёнаи №1 ноҳияи Восеъ муаллимӣ кардааст. Солҳои 1973-1979 директори мактаби миёнаи №25 ноҳияи Восеъ будааст. Аз соли 1979 дар шуъбаи маорифи ноҳия вазифаи нозири мактабҳоро бар уҳда дошта аст.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Гули шаб» (1997), «Ҳазору як тарона» (1998), «Панднома» (1999) ва ғ. мебошад.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2006 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо