ЗАРИФӢ ИСМОИЛ
ИСМОИЛ ЗАРИФӢ 16 майи соли 1955 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1972, дар мактаби миёнаи №25 деҳа муаллимӣ кардааст. Соли 1974 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, ду сол аскарӣ кардааст.
Соли 1977 вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1982 бо баҳои аъло хатмаш кардааст. То соли 1995 дар макотиби миёнаи деҳаҳои Филмандару Косатарош омӯзгор будааст. Аз соли 1995 дар Корхонаи тиллои «Зарафшон» кор мекунад. Ду навбат вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Панҷакент интихоб шудааст.
Шеъри аввалинаш соли 1984 пешкаши хонандагон гардида, ашъораш то имрӯз дар рӯзномаю маҷаллаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ чоп мешаванд.
Китобҳои алоҳидааш «Чамани хаёл» (1995), «Гули меҳр» (1996), «Дили шикаста» (1996), «Гулзори роз» (1997), «Кӯҳи Моҳтоб» (1997), «Зарофарин» (1998), «Гулрез» (1998), «Гулбонги андеша» (1999), «Моҷарои Карбало» (2000), «Гули доғ» (2001), «Падидаи хаёл» (2003), «Афсонаи зиндагӣ» (2004), «Сад сина алам дорам» (2007), «Мусибатнома» (2007), «Раҳоварди Ҳиҷоз» (2009), «Лаззати нигоҳ» (2009), «Мо дар ду ҷаҳон толиби дидори Худоем» (2009), «Дар пайраҳаи нур» (2011), «Таронаи ишқ» (2012), «Як каф ғазал» (2012), «Саду як ғазал» (2012) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Панҷакент интишор ёфтаанд.
Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.