ЗАРДОДХОН МАВҶИГУЛ
МАВҶИГУЛИ ЗАРДОДХОН 27 сентябри соли 1963 дар деҳаи Буведи ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМБК ба ҷаҳон омадааст.
Баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии деҳа, соли 1980, шомили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли 1985 бомуваффақият хатм кардааст.
Баъдан муаллим ва муҳаррири яке аз созмонҳои байналхалқӣ будааст.
Шеърҳояш аз солҳои 80-ум дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд. Дастае аз ашъораш соли 1983 дар маҷмӯаи дастҷамъии «Навсафар» чоп шудаааст. Шеърҳои алоҳидааш дар авроқи маҷмӯаҳои «Шаббода», «Таваллуди фарёд», «Ҳарими ғунчаҳои сабз» ва ғ. мунташир гардидаанд.
Соли 2000 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
9 январи соли 2011 аз олам даргузашт.