ЗАВҚӢ СОДИҚ

 ЗАВҚӢ СОДИҚ

СОДИҚИ ЗАВҚӢ 30 июни соли 1967 дар ноҳияи Маскав (ҳозира Мирсайид Алии Ҳамадонӣ) таваллуд ёфтааст.

Мактаби миёнаро дар деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод хатм карда, соли 1991 бахши филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, соли 2010 шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро ба итмом расондааст.

Аз овони мактабхонӣ ба эҷоди шеър шуғл меварзидааст.

То кунун маҷмӯаҳои ашъораш «Субҳи содиқ» (1998), «Чашми рӯз» (1999), «Нигоҳи меҳр» (2000), «Мароми зиндагӣ» (2011) дастраси хонандагон гардидаанд.

Барои маҷмӯаи «Нигоҳи меҳр» (2000) сазовори Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон гардидааст.

Шеърҳои ватандӯстонаи ӯ «Бар мардуми бенанг ватан ҳайф аст», «Тоҷикистон, модари ман, меҳанам», «Тоҷикистон, соҳибистиқлол гаштӣ», «Маро ту дар сафар зодӣ, ки доим дар сафар бошам» ва амсоли инҳо вирди забони мардуманд.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо