ҒОЙИБ ҲАҚНАЗАР
ҲАҚНАЗАР ҒОЙИБ 7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои ноҳияи Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ (1960) ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1966), як сол омӯзгорӣ карда, аз соли 1966 машғули рӯзноманигорист.
Дар асосҳои ҷамъиятӣ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маданият (1966-1970), сарвари Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб (1974-1981), котиби масъули бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (1989), сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» (1990-1993), сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» (1993) будааст.
Аз соли 2002 бахши вилояти Хатлони Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриро роҳбарӣ мекунад.
Бештар аз 50 сол аст, ки машғули фаъолияти босамари эҷодӣ буда, наздики 30 маҷмӯаи ашъор ба чоп расондааст.
Аввалин шеърҳояшро дар матбуоти ҷумҳуриявӣ шоирони номӣ Мастон Шералӣ ва Ғойиб Сафарзода чоп кунондаанд.
Ҳамзамон, офаридаҳои нахустини Ҳақназар диққати шоири маъруф Аминҷон Шукӯҳиро ҷалб карда, як даста шеърҳои шоири ҷавонро мавриди назари Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат ва Убайд Раҷаб қарор дода, шеъри «Дил аз паси ту»-ро дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп кунондааст.
Маҷалла соле баъд дастаи дигари шеърҳои Ҳақназарро мунташир сохтааст, ки писанди шоираи тавоно Жола Бадеъ гардидаанд.
Маҷмӯаҳои ашъораш моломоли эҳсоси худшиносии миллӣ ва саршори рӯҳияи ватандӯстиянд.
Силсилаи достонҳои ӯ «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки Офтоб», «Сурӯши Хатлон» ва ғ. дар эҷодиёти шоир мақоми хосае доранд.
Барои достони қаҳрамонии «Эҳёнома», ки ба корномаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст, сазовори нахустин Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (1989) гардидааст.
Асари дигари шоир «Сурӯши Хатлон» ҳам лабрези ғояҳои ватандӯстию худшиносӣ ва сабақомӯзӣ аз ҳодисаву фоҷиаҳои таърихи миллат буда, соли 2000 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардонида шудааст.
Дар достони «Сояҳои офтобрӯз» шеъру манзума ва силсилаи шеърҳои «Шоҳномаи умр», «Ҷони ташна» (достони қаҳрамонии Сафар Амиршоев), «Фарзанди Офтоб», «Дардномае ба миллат» шоир назари хонандаро ба таърихи ибратбахш ва пурфоҷиаи Ватан нигаронида, таъкид кардааст, ки танҳо меҳри ҳурмуздӣ миллати ҳурмуздинажодро метавонад аз хашми оҳарманӣ раҳойӣ бахшад.
Достони «Дар таҷаллии Офтоби Аллома Иқбол» андешаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ирфонии шоирро пешниҳоди умум доштааст.
Ашъори ҷудогонаи И.Бунин, И.В.Гёте, Е.Евтушенко, С.Есенин, Г.Абашидзе, Ҳ.Ҳусейнзода, Э.Межелайтис, Н.Баратинский, А.Мухтор, Махдумқулӣ, Я.Колас, А.Орифовро ба тоҷикӣ гардондааст.
Шеърҳояш ба аксари забонҳои мардуми шӯравӣ ва берун аз он тарҷума ва мунташир гардидаанд.
Китоби ӯ «Дорожный провиант» ба забони русӣ дар Маскав чоп шудааст.
Сурудҳои зиёдеро бар матни ашъори Ҳақназар устод Одина Ҳошим ва Нигина Рауфова месароиданд.
Имрӯз таронаҳои ӯро аксари кулли ҳофизони номии кишвар ба самъи мардум мерасонанд.
Навиштаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Тӯшаи роҳ» (1972), «Рамзи ҳаёт» (1976), «Нигоҳи гарм» (1981), «Зинароҳ» (1983), «Атри гиёҳ» (1985), «Тоҷи Офтоб» (1885), «Чашми саҳар» (1989), «Дорожный провиант» (Маскав,1989), «Эҳёнома» (1991), «Барги сабзи ишқ» (1995), «Дардномае ба миллат» (1996), «Сурӯши Хатлон» (1998), «Ашки Офтоб» (1999), «Таронаҳои маҳтобӣ» (2001), «Аз қафои шишаи борон» (2002), «Хаймаи нур» (2004), «Зинда бо гудозишҳо» (2004), «Сарнавишт» (2005), «Ашки Офтоб» (2005), «Нафас то бар нафас овози вақт аст» (2005), «Қиссаи аспи хатлӣ» (2006), «Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам» (2007), «Муқаддаснома» (2005), «Дар бистари нарми гул» (2009), «Муждаҳои ориёӣ» (2013) ва ғ. ба дасти чоп расидаанд.
Аълочии матбуоти Тоҷикистон (1993). Аълочии Кумитаи давлатии телевизон ва радиои Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф» (1999), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (2000), дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012). Барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2013).
Шоири халқии Тоҷикистон (1996).
Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.