ҚАҲҲОРӢ АБДУҶАББОР
АБДУҶАББОР ҚАҲҲОРӢ 7 январи соли 1924 дар шаҳри Конибодом таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ муддате омӯзгор будааст. Соли 1942 ба ҳимояи Ватан рафта, дар муҳорибаҳои шадиди Орлов ва озодкунии Витебск мардонавор ҷангидааст. Соли 1944, аз сабаби бардошти ҷароҳати вазнин, ба зодгоҳаш баргашта, чун котиби масъули рӯзномаи ноҳиявӣ ба фаъолият пардохтааст. Баъдтар мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», сармуҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз») ва маҷаллаи «Машъал» будааст. Соли 1958 факултаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро хатм намуда, муддате дар мақомоти давлатӣ, баъдан ба ҳайси директори нашриёти «Ирфон» ва ҷонишини якуми раиси Ҷамъияти китобдӯстони ҷумҳурӣ кор кардааст.
Соли 1940 ба майдони адабиёт ворид омада, пйесаи нахустинаш «Қаҳрамони ҷавон» соли 1942, аввалин гулчини ашъораш «Суруди бахт» соли 1948 чоп шудааст. Дар навиштаҳояш ғояҳои ватанпарварӣ, дӯстии халқҳо ва ишқу муҳаббатро тараннум кардааст.
Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии барои наврасону калонсолон эҷодшудаи «Гули баҳор» (1959), «Шукуфаҳои аз хун дамида» (1970), «Гули шом» (1982), «Машъалафрӯз» (1987), «Минбари шоир» (1988), «Ашки ширин» (1995), достонҳои «Гуфтугӯ бо меҳмон», «Қиссаи пахта», (1958), «Писарчаи ҷаҳондидаи ман» (1959), «Шаби пеш аз марг» (1965), «Шаҳиди зинда» (1985), «Қиссаи нави «Юсуфу Зулайхо» (1988) ва ғ. мебошад.
Силсилаи ашъори «Оҳангҳои дӯстӣ» (1964) натиҷаи таассуроти шоир аз сафари Афғонистон аст. Достони «Шаби пеш аз марг», ки ба тавсифи корномаи ҷангии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов ихтисос ёфтааст, соли 1965 дар Маскав ба забони русӣ ҳам чоп шудааст.
Асарҳои мансураш дар китобҳои «Гардиши айём» (1982), «Конибодом» (1999) ва «Умри ғанимат» (2000) ба табъ расидаанд.
Драмаҳои ӯ «Қаҳрамони ҷавон» (1942), «Дили оташин» (1948), «Шамшер ва рангинкамон» (1974), «Таркиш» (1975), «Шайтон» (1980) ва ғ. солиёне дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шуда, бархе дар китоби «Таркиш» (1984) фароҳам омадаанд.
Тарҷумаҳои русии ашъораш дар маҷмӯаҳои «Песни радости» (1959), «Солнце в чемодане» (1986), «В смерте рождённая любовь» (1990), «Колыбель» (1990) ва рӯзномаву маҷаллаву маҷмӯаҳои зиёди русизабон интишор ёфтаанд.
Китобу намунаҳои ашъораш, бар замми русӣ, ба забони аксари халқҳои шӯравӣ, шеърҳои алоҳидааш дар Эрону Афғонистон, Фаронсаву Инглистон, Чехословакияву Булғористон, Финлонду Лаҳистон ва диг. мамолики ҷаҳон ба табъ расидаанд.
Бо ордену медалҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаи ҳукуматии Тоҷикистону Белоруссия мукофотонида шудааст.
Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Александр Фадеев.
Аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
18 январи соли 2007 аз олам даргузашт.