ВАҲҲОБЗОДА РУСТАМ ИЛЁС

ВАҲҲОБЗОДА РУСТАМ ИЛЁС 5 майи соли 1960 дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод мутаваллид шудааст.

Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси аспирант ва устоди донишгоҳи номбурда ба фаъолият пардохтааст.

Ҳамзамон, мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», солҳои 1991-1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг», солҳои 1994-2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ будааст.

Аз соли 2007 дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошта, роҳбари маҳфили адабии донишгоҳ аст.

Котиби масъул ва мудири бахши назм ва нақди адабии маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» мебошад.

Соли 2008 дар мавзӯи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ карда, онро ба гунаи дастури таълим ба чоп расондааст.

Муаллифи ду дафтари шеър – «Калимаҳо» (1990) ва «Шаҳри Хуршед» (2008) аст.

Барои маҷмӯаи «Шаҳри Хуршед» Барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳояш «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба табъ расидааст.

 Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам(с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст. Тазкираи шеъри муосири Тоҷикистон «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» (Теҳрон, 2014) ва таҳияи китоби М.Ёҳақӣ «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» (бо тавзеҳот ва таълиқот) аз ҷумлаи тозатарин таълифоти ӯст.

Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоии ӯ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ мунташир гардидааст.

Шоири халқии Тоҷикистон

Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

ВАҲҲОБЗОДА РУСТАМ ИЛЁС

05.05.1960

Унвони илмӢ

номзади илмҳои филология

рисолаи номзадӣ

Таҳаввули вазн ва ритм дар назми муосири тоҷик (дар мисоли ашъои Муъмин Қаноат). Душанбе (2007).

КИТОБҲОИ ИЛМӢ:

  1. Поэтикаи вазн ва хусусиятҳои ритмии назми муосири тоҷик. – Душанбе: Ирфон,
  2. – 187 с.
  3. Адабиёт ва фарҳанги миллӣ. – Душанбе: Адиб, 2011. –224 с.
  4. Бӯйи Ҷуйи Мулиён (тазкираи сад соли охири шеъри тоҷик). – Теҳрон: Анҷумани

                                                                              шоирони Эрон, 1393 ш.ҳ. (2014 м.) –399 с.

  1. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсии М.Ёҳақӣ (таҳия бо шарҳу тавзеҳот ва таълиқот). – Душанбе: Бухоро, 2014, 748 с.
  2. Дуруст бинависем (дастури таълимӣ). Душанбе: Сухан, 2015, 130 с.
  3. Дуруст бинависем (дастури таълимӣ. Нашри дуюм бо тасҳеҳу такмил). Душанбе: Сухан, 2016, 132 с.
  4. Мирзо Турсунзода (рисолаи мухтасар).Душанбе:Бухоро, 2016, 23 с.
  5. Панҷсад ҳадис (мунтахаби аҳодиси Паёмбар (с) бо шарҳу муқаддима). – Москва: Комил, 1991, 93 с.
  6. Ҳазору як ҳадис (мунтахаби аҳодиси Паёмбар (с) бо шарҳу муқаддима). – Душанбе: Ориёно, 1991, 95 с.
  7. Шеър ва дониш (Рисолаи илмию таълимӣ). – Душанбе: Адиб, 2017 – 188 с.
  8. Феҳристи “Садои Шарқ” (2006-2017). – Душанбе: Сухан, 2017 – 92 с.
  9. Фарҳанги номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон. Бо ҳаммуаллифон. – Душанбе: матбааи ҶДДМ “Меҳрона”, 2020, 280 с.

 

КИТОБҲОИ БАДЕӢ

 

  1. Калимаҳо//Риштаборон. (маҷмуаи шеър). – Душанбе – Адиб, 1990, 100 с.
  2. Шаҳри Хуршед. (маҷмуаи шеър). – Душанбе: Деваштич, 2008, 200 с.
  3. Салом (маҷмуаи шеър). – Душанбе: Адиб, 2016, 255 с.
  4. Сарводаи Ватан (маҷмуаи шеър). – Душанбе: ДМТ, 160 с.
  5. Ҳазор байт (муфрадоти бадеҳа). – Душанбе: Адиб, 160 с.

 МАҚОЛА

  1. Бонии сабки хуросонӣ//Садои Шарқ, 2015, №1, с.89- 96.
  2. Достони ифтихор ва андӯҳ// Садои Шарқ, 2015, №1, с.97 -101.
  3. Асотири Намруд, навбаҳор, Нӯҳ, Нирвоно// Садои Шарқ, 2015, №1, с.144 -155.
  4. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо// Садои Шарқ, 2015, №2, с.148 -154.
  5. Муаррифии ашъори Ҳабибулло Файзулло// Садои Шарқ, 2015, №3, с.66 -71.
  6. Асотири Водии Айман, Вомиқ ва Азро// Садои Шарқ, 2015, №3, с.150- 153.
  7. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо// Садои Шарқ, 2015, №4, с.145- 153.
  8. Ҳамосаи пирӯзӣ// Садои Шарқ, 2015, №5, с.3- 55.
  9. Асотири Ведо, Вар// Садои Шарқ, 2015, №5, с.152- 154.
  10. Ҳобил ва Қобил//Садои Шарқ, 2015, №7, с.174-177.
  11. Устураи Ҳорут ва Морут//Садои Шарқ, №8, 148-156.
  12. Асотири “Ҳафт” ва “Ҳумо”//Садои Шарқ,№10, с.147-
  13. Ҳамоиши таърихӣ//Садои Шарқ, 2016, №3, с.15-16.
  14. Устураи Юнус//Садои Шарқ, 2016, №4, с.150-158.
  15. Устураи Ҳирманд//Садои Шарқ, 2016, №1, с.150-156.
  16. Иқболи Лоҳурӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ//Паёми Донишгоҳ, 4/5, 2016, с.122-125.
  17. Наврӯз ҷашни офариниш//Садои Шарқ, №3, 2017, с.3-6
  18. Солномаи фарҳангу адаби Тоҷикистон//Садои Шарқ, №12. – С. 3-9.
  19. Флагман таджикской литературы//Памир, №1-12. – С.6-8.
  20. Устод Садриддин Айнӣ ва масъалаи танзим//Устод Айнӣ ва масъалаҳои равобити адабӣ. – Душанбе: Сино, 2018 – С.160-166.
  21. Боқӣ Раҳимзода – шоири суннатгаро ва навовар//Боқинома. – Душанбе: Адиб, 2018. – С. 224-230.
  22. Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар адабиёти тоҷик//Ҷустуҷӯҳои адабӣ, №1-2(3). – С. 53-59
  23. Коргоҳи эҷодии устод Мирзо Турсунзода//Ҷустуҷӯҳои адабӣ, 2018, № 1-2(3). – С.250-262.
  24. Аз оташи Сада то фурӯғи Наврӯз ва Меҳргон//Дастовези наврӯзӣ. – Душанбе: Маориф, 2018. – С. 104-110.
  25. Паёми ҷомеъ ва созанда//Садои Шарқ, 2018, №1. – С. 33-37.
  26. Шеърияти сухани устод Мирзо Тусунзода//Суханшиносӣ, 2019, №2, с. 90-103.
  27. “Марши ҳуррият” – шафақи субҳи шеъри нави тоҷик//Суханшиносӣ, 2019, с. 121-129.
  28. Пайравӣ ва навоварӣ дар шеъри Пайрав Сулаймонӣ//Пайрав Сулаймонӣ (мақолаҳо ба ифтихори 120-солагии Пайрав Сулаймонӣ). – Душанбе: Дониш, 2019, 250 с., с. 115-129.
  29. Пайрав Сулаймонӣ (поэтикаи ашъор)//Садои Шарқ, 2019, №7, с. 144-157.
  30. Тасвир ва тасаввур дар шеъри Рӯдакӣ//Ҷустуҷӯҳои адабӣ (маҷаллаи илмӣ), 2019, №4.
  31. Анъана ва навоварӣ дар шеъри Пайрав Сулаймонӣ//Суханшиносӣ, 2020, №2, с. 39-56.
  32. Наврӯз – тоҷи зарини ҷашнҳои миллӣ//Садои Шарқ, 2020, №3, с. 3-6.
  33. Адабиёти миллӣ ва аслҳои истиқлол//Паёми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, 2019, №1, с.121-126.
  34. Бозтоби Наврӯз дар “Шоҳнома”//Садои Шарқ, №3, 2021.
  35. Таносуби илҳом ва дониш дар офариниши шеър//Суханшиносӣ, 2021, №2.
  36. Коргоҳи эҷодии устод Мирзо Турсунзода//Мирзо Турсунзода ва адабу фарҳанги миллӣ), ДМТ, 2021.
  37. Таносуби шахсияти Фирдавсӣ ва қаҳрамони романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода//Адаб, 2021, №1.

 

СУХАНРОНӢ

  1. Иқболи Лоҳурӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ.Симпозиуми байналмилаллии ЭКО “Иқболи Лоҳурӣ”. Теҳрон, 14 июни 2015.
  2. Туғрал ва Бедил. Конференсияи ҷумҳуриявии “Туғрали Аҳрорӣ ва суннатҳои адабӣ”, ДМТ, октябри 2015.
  3. Мавқеи ҷавонон дар назми муосири тоҷик. Ҳамоиши адибони ҷавон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 29 октябри 2015.
  4. Масъалаи таъини меъёрҳои забони адабии тоҷик. Семинари илмӣ-назарӣ дар ДМТ, 10 октябри 2016.
  5. Адабиёти ваҳдатофарин. Ҷамъбасти “Ҳафтаи илм” дар ДМТ. 27 апрели 2017.
  6. Афкори танқидии устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик”. Конфронси ҷумҳуриявии бурзургдошти устод Айнӣ дар ДМТ, 17 апрели 2017.
  7. Арзиши осор ва мақоми шахсияти Мирзо Турсунзода аз нигоҳи бузургони адаб. Конфронси ҷумҳуриявии “Турсунзодахонӣ” дар ДМТ, 5 майи 2017.
  8. Ҳувияти миллӣ дар осори Муъмин Қаноат. Конфронси илмию назарӣ ба муносибати 85-солагии Муъмин Қаноат дар Академияи илмҳои Тоҷикистон. 20 майи 2017
  9. Бозтоби Наврӯз дар адабиёти тоҷику форс. Семинари илмӣ дар Академияи ВКД, 15.03.2018
  10. “Марши ҳуррият” – ҳусни матлаъи шеъри нави тоҷик. Ҳамоиши алмию адабӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 30-03-2018.
  11. Тасвир ва тасаввур дар шеъри Рӯдакӣ. Семинари илмӣ дар АИ Тоҷикистон, 22.09.2018.
  12. Ҷанбаҳои ҳунарии шеъри Мавлоно. Семинари илмӣ дар АИ Тоҷикистон, 30.09.2018.
  13. Тасаввур дар шеъри Рӯдакӣ. Конфронси илмӣ ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ. Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон, 22.09.18.
  14. Нигоҳи интиқодии Абдулғанӣ Мирзоев ба масъалаи марҳилабандии таърихи адабиёти тоҷик Конференсия “Абдулғанӣ Мирзоев ва рушди адабиётшиносии тоҷик”. ДМТ, 26.02.19
  15. Сабки шеъри Саидҷон Ҳакимзода. Ҳамоиши илмию адабӣ. ИНТ, 24 январи 2019.
  16. Мулоҳизаҳо дар бораи “Марги судхӯр”-и устод Садриддин Айнӣ. Ҳамоиши илмию адабӣ. ИНТ, 12 апрели 2019.
  17. Хусусиятҳои ҳунарии достони “Суруши Сталинград”-и Муъмин Қаноат. Ҳамоиши илмию адабӣ. Конфронси илмию адабӣ. ИНТ, 7 майи 2019.
  18. Ҳувияти миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ. Конфронси илмӣ. ДМТ, 20 майи 2019.
  19. Баъзе масъалаҳои забони матбуоти имрӯз. Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар”. Душанбе, 20-06-2019.
  20. Баъзе вижагиҳои поэтикаи шеъри Лоиқ Шералӣ. Ҳамоиши илмӣ-адабӣ ба муносибати 40-солагии нашри маҷмӯаи “Марди роҳ”, ИНТ, 13 сентябри 2019.
  21. Зарурати баррасии тозаи илмии ашъори устод Рӯдакӣ. Ҳамоиши илмӣ-адабӣ ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ. ИНТ, 20 сентябри 2019.
  22. Навовариҳои Ғаффор Мирзо дар шеъри муосири тоҷик. Ҳамоиши илмӣ-адабӣ ба муносибати 90-солагии шоир. ИНТ, 11 октябри 2019.
  23. Дар бораи масъалаҳои шеъри муосир (Мизи гирд)//Садои Шарқ,№2, 2021.
  24. Ҳадди эътидол ва “ифрот” дар истиқбол аз шеър. Воқеият ва пиндор.Конфронси апрелии ДМТ, 22 апрели 2021.
  25. “Шеързадагӣ” ё “шеършефтагӣ” (мизи гирд). Душанбе, ИНТ, 26 феврали 2021.
  26. Адабиёт ва истиқлоли миллӣ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Хонаи фарҳанги ноҳияи Рашт, 18 марти 2021.
  27. Мирзо Турсунзода ва масъалаҳои ҷаҳони муосир. Ҳамоиши илмию адабӣ, Душанбе, ИНТ, 5 май.
  28. Ҷойгоҳи ҳуввияти миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ. Конфронси илмӣ, ДМТ, 24 майи 2021.
  29. Таҷассуми худшиносии миллӣ дар адабиёти тоҷик. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт. 26 майи 2021, шаҳраки Рашт
  30. Зарурати шинохти саҳеҳи Мавлоно дар ҳалли масъалаҳои доғи имрӯз. Мизи гирд дар мавзӯи “Шинохти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ: дирӯз ва имрӯз”. 30 сентябри 2021, Душанбе, Донишкадаи исломии Тоҷикистон.

ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ

Тав. д.Сафедмуни н.Тоҷикобод, аз оилаи деҳқон.  Таҳсил: мактаби  №19, н.Ғарм (1966–1976). Хатмк. ф-таи филологияи ДДТ (ҳоло ДМТ, 1978–83). Муаллим, дотсенти кафедраи Назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (1985 –2021), мудири шуъбаи назм, котиби масъул, сармуҳаррири Нашрияи миллии адабии ИНТ “Садои Шарқ” (2008 – 2021)

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироъот:

Зимни таълифи рисолаи илмӣ истиқлоли шеъри нав ва арӯзи нав дар адабиёти тоҷикро исбот намуд.

Чанд истилоҳоти навро дар поэтикаи шеър ва забони тоҷикӣ ворид намуд.

Таҳти роҳбарии ӯ дар айни ҳол як нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, 2009, Душанбе.

Унвони Шоири халқии Тоҷикистон, 2020, Душанбе.

Унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, 2021 Душанбе.

Дигар хабарҳо