ЧАРОҒИ РАВШАНИ МУҲАББАТ

Китоби тозанашри «Чароғи сурхи танҳоӣ»-и Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, ки рубоию дубайтӣ ва муфрадоти солҳои гуногун эҷодшудаи ӯро фаро гирифтааст, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону пажӯҳишгарон ва мухлисони шеър рӯнамоӣ шуд.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа суҳбатро бо рубоии зери Гулрусхор, ки як навъ баёнгари симои эҷодию инсонии ӯст, оғоз намуд:

Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист,

Дар ҳар варақи китоби  худ хоҳам зист.

То ҳастаму ҳаст зулму зулмат ба ҷаҳон,

Дар хандаи офтоби худ хоҳам зист.

Номбурда изҳор дошт, ки устод Гулрухсор дар эҷоди рубоию дубайтӣ дасти қавӣ ва сабку маҳорати вижа дошта, аз рубоиёту дубайтиҳои мардумӣ бо огоҳии комил суд ҷустааст ва аз ин рӯ, мардум низ онҳоро хуб пазируфтаанду дӯст доштаанд. Қисмате аз рубоию дубайтиҳои ин китоб аз тарафи сарояндагони тоҷик низ суруда шудаанд.

Дар суханронии худ шоир ва пажӯҳишгари эронӣ, муаллифи пешсухани китоб Ҳасан Қарибӣ зикр намуд, ки хонандагони шеър дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои форсизабон бештаранд ва  ин аз фарҳангу маънавияти волои онҳо гувоҳӣ медиҳад. Ҳасан Қарибӣ дар бораи хусусиятҳои хосси ашъори «Чароғи сурхи танҳоӣ» андеша ронда, ёдовар шуд, ки имрӯз рӯзи гиромидошти Фирдавсӣ ва шеъри форсӣ мебошад ва доир шудани рӯнамоии китоби мазкур дар ин рӯз фолу рамзи нек аст.

Устод Гулрухсор бо арзи сипос ба ҳозирон баён дошт, ки «ман рубоиҳову дубайтиҳоямро аз байни халқ гирифтаам ва барои халқ гуфтаам».

Дар бораи вижагиҳои рубоию дубайтӣва муфрадоти китоб адибону донишмандон Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, Ҷӯрабек Назрӣ ва дигарон бо меҳру ихлоси зиёд сухан гуфтанд.

Қироати шеър аз сӯи шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур ва ровии телевизион Бахтовари ҷамшед маҳфили рӯнамоӣ ва Рӯзи  Фирдавсиро рӯшноии бештар бахшид.

Т.  ХАЛИЛӢ

Дигар хабарҳо