ЧУ ДАХЛАТ НЕСТ ХАРҶ ОҲИСТАТАР КУН
Танзими расму ойинҳои мардумӣ мавзӯест, ки дар давраҳои мухталифи ҷомеаи суннатии тоҷик аз сӯи равшанфикрон матраҳ шудааст. Табиатан расму ойинҳо дар ҳар давру замоне дар шаклҳои гуногун арзи ҳастӣ карда бар зиндагии иҷтимоии мардум таъсироти худро мегузоштаанд. Расму ойин як навъ пӯшишест, ки бар асоси навъи боварҳои динӣ ва ё фарҳангии як ҷомеа шакл мегирад ва бо мурури замон ба як қоидаи собит ва ғайри қобили тағйир дар зеҳни мардуми ҷомеа табдил мешавад. Аз ин рӯ, тағйири расму ойинҳои мардумӣ аз сахттарин мушкилотест, ки дар баробари фармонравоён қарор мегирад. Зеро ба бовари мардум тағйири расму ойин ба маънии тағйири бовари динии онҳо маҳсуб мешавад. Аз ҷумла барои тағйири расму ойинҳои мавҷуд дар ҷомеаҳои башарӣ ҳатто паёмбарон бо мухолифати мардум ва раҳбарони ҷомеаи суннатии хеш рӯ ба рӯ мешуданд. Муқобилияти суннат ва навоварӣ хоси тамоми ҷомеаҳои башарӣ аст ва ин ду тазод дар тӯли таърих дар муқобили ҳам сафороӣ доштаанд. Мунтаҳо ҳар иҷтимое, ки ҳар чи зудтар бо падидаҳои нав хӯ бигирад зудтар ба рушду шукуфоӣ даст меёбад ва баръакс қавмҳое, ки дар баробари навоварӣ ва илм мухолифат мекунанд, солҳои дароз маҳкуми ақибмондагӣ ва низову ситези иҷтимоӣ хоҳанд шуд. аслӣ дар самти эҷоди дигаргунӣ ва ё тағйири расму ойинҳои мардумӣ аз он ҷо пайдо мешавад, ки суннатҳои ҷорӣ бо мурури замон дар зеҳни мардум ба як қоидаи собит ва муқаддас табдил шуда, ҷонишини фароизи динӣ ва иҷтимоӣ мешаванд.
Ба ҳамин тариқ таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагии ақвоми гуногун танҳо ба ҳиммати мардони қавииродаи он қавм ва хираду зиракии онҳо рух додааст. Мардоне ба монанди Афлотун, Арасту, Маздак, Буддо, Конфусиюс, Пётри кабир, Маркс, Ленин, Ганди, Отатурк, Черчил, Де Гол аз ҳамин роҳ дар ҷомеаҳои худ дигаргунӣ эҷод кардаанд. Баъзе аз ислоҳотхоҳони дигаре низ дар таърих вуҷуд доранд, ки дар муборизаи сахт миёни суннат ва навгароӣ аз худ сустӣ нишон дода, бо шикаст рӯ ба рӯ шудаанд. Хулоса, на ҳама тағйироти иҷтимоӣ ва фикрӣ дар ҷомеаҳои башарӣ муваффақиятомез будааст, аммо сарфи назар аз натиҷа, кӯшиш барои дигаргунӣ дар миёни ақвоми башар ҳамеша вуҷуд дошта ва акнун ҳам идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки танҳо баъд аз гузашти қарнҳо шахсияте дар ҷомеаи мо зуҳур кард, ки бо ҷасорат ва қотеона бар зарурати танзими расму маросимҳои милливу динии мардуми тоҷик дар замони муосир даст зад.
Ёдовар мешавем, ки бисёре аз ҳаракатҳои ислоҳотхоҳона дар тӯли таърих ба шикаст рӯбарӯ шуданд. Чунончи дар кишварҳои ҳамсоя талоши навгароии раҳбарони ин кишварҳо Амонуллохон ва Муҳаммад Зоҳиршоҳ дар Афғонистон, Зулфиқор Алӣ Буҳутто дар Покистон мавриди муқовимати шадиди ҷомеаи мардуми ин кишварҳо қарор гирифтанд. Гуруҳҳои ифротӣ ва тундрав динро ниқоби амали хеш карда, садди роҳи чунин ислоҳгароӣ гардиданд. Назар ба маълумотҳои воситаҳои ахбори умуми хориҷи Тоҷикистон, имрӯз дар дигар кишварҳои минтақа чунин ислоҳотро пайгирӣ карда истодаанд.
Дар фарҳангу адаби мардуми форсзабон, хусусан тоҷикон дар мавзӯи танзим, исрофу дахлу харҷ мавзуи мубрам буд ва то имрӯз ин мавзуъ ҳассосияти худро гум накардааст.
Намунаи ошкори танзими расму ойинҳои мардумӣ дар ин ғазали зебои Сайидои Насафӣ инъикос ёфтааст:
Ҳамшира харҷи мотами бобо
аз они ту,
Сабр аз ману масорифи қурро
аз они ту.
Аз фарши хона то ба лаби бом
аз они ман,
Аз рӯи бом то ба Сурайё аз они ту.
Анбори пур зи ғаллаи бобо
аз они ман,
В-он коҳҳои монда ба саҳро
аз они ту.
Ин ғазал намунаи ошкори авзои замони Сайидо перомуни масоили ирсу варосат ё худ тақсими мерос, вуҷуди маросимҳои изофии пурхарҷ ва машаққати иҷрои маросимҳои мавҷуд дар он замонро ба намойиш мегузорад. Сангинии харҷи маросимҳои иҷтимоӣ бар дӯши мардум ба ҳадде будааст, ки афрод ба иҷбор даст ба дурӯғу фиреби якдигар мезадаанд.
Мавзӯи дахлу харҷ дар осори аксари шоирони клосики мо ба таври густурда матраҳ шудааст. Танзими дахлу харҷи хонавода ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Саъдии бузургвор қарор дошта, мардумро аз пурхарҷӣ ва исрофкорӣ мунтазам парҳез фармудааст. Ба бовари Саъдӣ харҷи мардум бояд мутаносиб бо даромади онҳо бошад, дар ғайри ин сурат исрофкорӣ сабаби касодии хазинаи хонавода мешавад:
Ба дахлу харҷи худ ҳар дам
назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ
оҳистатар кун.
Ё ҷойи дигар Саъдӣ ҳамин мазмунро дар шакли дигар ва муассиртар дубора таъкид кардааст, ки:
Ба ҳоли касе сахт бояд гирист,
Ки дахлаш бувад нуздаҳу харҷ бист.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки тамоми дору надори мардуми мо сарфи баргузории маросимҳои пурхарҷи суннатӣ мешавад. Кор ба дараҷе расидааст, ки қисми зиёди ҳамватанони мо маҳз ба хотири иҷро ва адои ҳамин маросимҳо рӯ ба муҳоҷират оварда умри гаронмояи худро дар мулки ғарибӣ зоеъ мекунанд. Дар ҳоле ки Саъдӣ, пири маърифат, мегӯяд:»Мол аз баҳри осойиши умр аст, на умр аз баҳри гирд кардани мол».
Ривоҷи ҷашнҳои пурхарҷ, оростани хони пурнозу неъмат ва исрофкориву зиёдаравӣ ҳангоми иҷрои расму ойин, ҳамчунин боиси равнақи бозори таҷаммулгароӣ ва зоҳирпарастиву худнамоӣ дар ҷомеа низ хоҳад шуд, ки густариши ин гуна фарҳанг хилофи омӯзаҳои динӣ ва ақлонӣ мебошад.
Танзими дахлу харҷ ва хӯру хоби одамӣ яке аз мавзуҳои меҳварӣ дар адабиёти гузаштаи мо буд, бузургони илму адаб мураттаб риояи эътидоли онро ба ҳамасрони худ талқин мекардаанд. Ҳакими Фирдавсӣ дар ин робита мефармояд:
Дари хурданит чира кун бар ниҳод,
Агар худ бимонӣ диҳад он ки дод.
Маро дахлу харҷ ар баробар будӣ,
Замона маро чун бародар будӣ.
Исрофкорӣ ва густариши маросимҳои пурхарҷ нишонаи заволи ақл ва тақвияти нафс дар миёни ҷомеа мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар ҳар ҷисму ҷомеае, ки нафс мусаллат шавад, ақлу имон аз он муҳит рондаву маҳқур хоҳад шуд. Саноии Ғазнавӣ мардуми рӯзгори худро аз офати нафс чунин ҳушдор додааст:
Нафсат басе дароҳими анфос
сарф кард,
З-он харҷу дахл рӯз ба рӯзаш
ҳисоб кун.
Дар роҳ ҳар чи нафс бадон
мултафит шавад,
Гар худ биҳишт бошад, аз он
иҷтиноб кун!
Соиби Табрезӣ низ бар зарурати танзими дахлу харҷи рӯзгор ва умуроти зиндагии иҷтимоӣ таъкид кардааст, ки:
Онро, ки дахлу харҷ баробар бувад
чу моҳ,
Ризқаш ҳамеша мерасад
аз хони офтоб.
Ёдовар, бояд кард, ки танҳо механизме, ки умури зиндагии башарро танзим мекунад, ба кор гирифтани ақлу тадбир аст. Ақлу тадбир меҳвари низоми коинот аст ва гар ин назм лаҳзае набошад, коинот фурӯ мепошад. Ҷомеаи инсонӣ ҳам бар меҳвари ақлу тадбир субот ҳосил мекунад дар ғайри ин сурат ба як ҷомеаи бебандубор мубаддал хоҳад шуд.
Мавлонои бузург ҳам тадбиру хирадро яке аз шеваҳои танзими умури зиндагӣ ва дахлу харҷи рӯзгор дониста, харҷи бе дахлро бо ҷустани Худо дар Дунё қиёс кардааст, ки корест абас:
Дахлу харҷ аст чунин шева
ба тадбир сазост,
Харҷи бе дахл худоист, зи дунё
маталаб.
Ифроту тафрит ё худ зиёдаравӣ дар тамоми ҷашну маросимҳои мардумии мо ба хубӣ мушоҳида мешавад. Ҳам дар айёми баргузории ҷашни арӯсӣ, ҳам дар хатнасур, чаҳоргаштак, ҳоҷиталбон ва ғайра. Дар тамоми ин маросимҳо ҷанбаи маънавӣ ва ё руҳонии онҳо ба боди фаромӯшӣ рафта, танҳо аз тариқи харҷҳои бе сару сомон мардум мехоҳанд мақому мартабаи худро ба рухи дигарон бикашанд.
Барои мисол маросими зиёрати хонаи Худо дар миёни ҳамаи ақвоми мусулмони сокин дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон роиҷ аст ва ҳар касе ба қадри имконот ва иститоати хеш ин фарзи илоҳиро анҷом медиҳад. Аммо дар кишвари мо ҳамин фарзи маънавӣ ба як рақобати шадиди дунявӣ табдил шуд ва ҳамватанони мо аз замони гусел то истиқболи ҳоҷиён даҳҳо маросими пурхарҷу намоишӣ ташкил доданд, ки ҳеҷ кадоми ин ойинҳо дар шаъни як ҳоҷӣ нест, аммо бидуни майлу хоҳиш ин зиёдаравиҳо дар ҷомеа густариш пайдо карданд.
Исрофкорӣ, зиёдаравӣ ва худнамоӣ ҷузъи сифоти разилаи инсонӣ аст, ки мутаассифона, имрӯз реша давонидааст. Ин дар ҳоле аст, ки тамоми омӯзаҳои динӣ ва ақлонӣ ривоҷи ингуна падидаҳоро маҳкум намуда, инсонро ба сӯи ворастагӣ аз ин қайдҳо раҳнамоӣ мекунанд. Аммо изофоте, ки дар тӯли асрҳо вориди пиндорҳои иҷтимоӣ ва маънавии мо шудааст, дуруст моҳияти расму ойине, ки барои инкори ин гуна падидаҳои зишт зуҳур карда буданд, тағйир дода, акнун ба бори дӯши худи мо табдил ёфтаанд. Аз он ҷое, ки раванди табдили моҳияти пиндорҳои мардум реша дар асрҳо ва замонҳои гузашта дошта ва бар тани худ ҷомаи тақаддусмаъоб ба бар кардааст, тағйиру навсозии ин расму ойинҳо кори бисёр сахту душвор аст. Ба қавли аллома Муҳаммад Иқбол:
Чун шавад андешаи қавме хароб,
Носара гардад ба фикраш
фикри ноб.
Боядаш аввал намуд татҳири фикр,
Баъд аз он бояд намуд
таъмири фикр.
Мушоҳидоти тайи даҳ соли гузашта дар мавриди бархӯрди мардум бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моро ба чунин натиҷагирӣ расонид ва умедворем, ки даст дар дасти ҳам бо ёрии қонун фикру андеша ва расму ойинҳои худро аз офати хурофот ва бегонапарастӣ наҷот хоҳем дод.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз иқдомоти муҳими давлати мо бо ҳадафи эҷоди дигаргунӣ ва осонсозии шароити зиндагии иҷтимоии мардум қабул шуда ва тӯли даҳ соли гузашта бо вуҷуди мухолифатҳо, монеаҳо ва сарпечии худсаронаи баъзе гуруҳҳои иҷтимоӣ, ҳамчунон ба ҳаёти худ идома медиҳад. Яке аз пояҳои асосии идомаи ин қарор ҳимояти мардумӣ аз ин қонун будааст ва бо мурури замон бештари афрод бар зарурати танзими расму ойинҳо огоҳ мешаванд.
Воқеият ин аст, ки ҳадафи қонуни танзим мубориза алайҳи исрофу ифрот ва хурофотпарастӣ аст, на инкори моҳияти ҷашну маросимҳои мардумӣ. Дунёи муосир аз мо тақозо дорад, ки ба ҷойи сарфи вақту замон ҷиҳати баргузории маросимҳои пурхарҷ ва исрофкориву зиёдаравӣ бояд тамаркузи худро дар корҳои хайр ва созандаи иҷтимоӣ, ки нафъи бештаре дошта бошанд, сарф намоем. Хонаводаҳо бояд имконоти молии худро сарфи таълиму тарбия ва омӯзиши илму дониши фарзандон намоянд. Носири Хусрав дар ин маънӣ фармудааст, ки «Ҳар касе, ки дар ҳар коре илм надошта бошад ва даст ба он кор бизанад, амалаш ҳаром аст.» Аммо, мутаассифона, имрӯза иддае вақту соат ва дору надори худро сарфи маросимҳое мекунанд, ки ҳеҷ мададе барои рушду шукуфоии ҷомеа надошта, танҳо рақобат миёни онҳоро барои иҷрои маросимҳои пурхарҷ ва худнамоиву зоҳирпарасти афзоиш додааст. Дар ҳамин иртибот Носири Хусрав дар китоби «Зодулмусофирин» мефармояд: «Гурӯҳе, ки мар илмро нашнохтаанд, мар лаззати онро наёфтаанд ва мар ҳавасҳои хешро «илм» ном ниҳодаанд, то ҷуз ранҷ аз он ҳосил наёварданд…гуфтанд, ки «ба олам латиф хӯрдану хуфтан аст!»
Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳо дар таърихи 24 майи соли 2007 дар мавриди зарурати танзими расму маросимҳои мардумӣ бо ҳадафи иҷрои стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат гуфта буд: «Албатта, барои татбиқи барномаҳои зикршуда сарфи маблағҳои калон пешбинӣ мегарданд. Вале дар айни замон мо бояд як нуктаро донем, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи кам кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем. Воқеан, қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад.»
Сайидхоҷа АЛИЗОДА,
Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО