АБДУЛЛО АКБАР

Акбар Абдуллоҳ (Абдуллоев Алиакбар Шарифович) 9 июни соли 1950 дар деҳаи Дашти Ҷами вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Соли 1969 техникуми индустриали-педагогии шаҳри Душанбе — ро хатм намудааст.

Солҳои 1969 – 1971 хизмати ҳарбӣ дар сафи Армияи Советӣ.

Соли 1976 мактаби Олии Вазорати корҳои дохилии СССР-ро дар шаҳри Тошканд хатм намудааст. Инчунин курсҳои олии  Академияи ВКД СССР-ро дар шаҳри Москва соли 1986 ва Академияи полиси давлати Мисрро дар шаҳри Қоҳира соли 1995 хатм намудааст.

Аз соли 1976 то соли 2008 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи сохторҳои вазорати корҳои дохилӣ, полиси андоз ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.

Дар баробари адои хизмати низомӣ ва давлатӣ, Алиакбар Абдуллоев пайваста бо эъҷоди шеър машғул мебошад.

Муаллифи маҷмуаҳои «Розҳои танҳоӣ» (1991), «Фарёди дур» (1993), «Фарёди ёри дур» (1994), «Кошонаи сўхта» (1997), «Созҳо аз розҳо» (2001),  «Ниёзи дил» (2008), «Намози дил» (2012) ва  « Тирамоҳи сабз» (2017) мебошад. Инчунин тарҷумаи маҷмуаҳояш ба забони русӣ зери унвонҳои«Раздумье» (2004) ва «Аура любви» (2011) ба чоп расидаанд.

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Алиакбар Абдуллоев соҳиби унвонҳои  «Корманди хидматнишондодаи  ВКД», «Аълочии ВКД», «Аълочии фарҳанги ҶТ», устоди варзиши ИҶШС оид ба гуштини тарзи «дзю-до» мебошад.

Дорандаи рутбаҳои махсуси низомии полковники милитсия, полиси андоз ва мубориза алайҳи коррупсия мебошад.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 2006 узви Иттифоқи конфедератсияи журналистони кишварҳои муштаракулманофеъ мебошад.

Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои  илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи коррупссия мебошад.

Феълан ёвари раиси ИНТ ва директори Фонди адабиёти ИНТ мебошад.

Дигар хабарҳо