Шоири донишманд

 Шоири донишманд

Ба муносибати 75-солагии Лаълҷубаи Мирзоҳасан

Ӯро аз овони кӯдакиям ёд дорам. Дар деҳаи мо мактаби онвақта 8-сола буд. Баъди хатми синфи 8-ум таҳсилро дар мактаби миёнаи № 58, ки мустақар дар деҳаи Хидорҷев буд, давом медодем. Мактаби Хидорҷев он солҳо дар миқёси вилоят яке аз мактабҳои пешгом буд, зеро ин боргоҳи таълимро ҳамасола хатмкунандаҳои зиёде  бо медалҳои тилло, нуқраву биринҷӣ хатм мекарданду ба мактабҳои олии кишвар дохил мешуданд. Он замон дар ин таълимгоҳ омӯзгорони собиҳибтаҷриба ва дар арсаи маорифи вилоят номбароварда дарс мегуфтанд, ки ба шумули онҳо Лаълҷубаи Мирзоҳасан низ дохил мешуд. Муаллимони ин боргоҳи таълим байни шогирдон ва мардум, бахусус падарону модарон обрӯю эҳтироми хосса доштанд. Устод Лаъҷуба Мирзоҳасан ва устод Хуромонов доиман роҳбарии синфи хонандагони навомади деҳоти шоду Хабостро ба уҳда доштанд.

Агар соле Хуромонов ин вазифаро бар дӯш мегирифт, соли дигар бошад устод Лаълҷуба. Вақте барои имзои табелҳои пешрафти шогирдон ин омӯзгорон ба хонаҳои мо меомаданд, аз ҷониби волидон хеле хуш пазируфта мешуданд ва устод Лаълҷуба, ки аллакай дар шеъру шоири ҳам ном бароварда буд, иззату эҳтироми махсусеро соҳиб буд. Ҳамасола шогирдони устод, ки дар таълиму тадриси онҳо нури дидаву тавону хирадашро  сарф месохт, ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд ва имрӯзҳо ҳамагон худ дар ҷомеа сазовори манзалати хоссае мебошанд.

Ӯ ба касби пешгирифтаи худ содиқ буда, дар нисбати шогирдонаш хеле ҳалиму меҳрубон буд. Барои ин ӯро ҳамаи шогирдон новобаста аз аълохону бадхон буданашон дӯст медоштанд ва ӯ низ аз онҳо фахр мекард.

Соли 1990 устод дар озмуни умумииттифоқии «Омӯзори сол» дар шаҳри Маскав ширкат варзид. Ба ҳамин хотир аз ҷониби кормандони Идораи телевизион ва радиои вилоят як соати дарси устод Лаълҷуба ба навор гирифта шуд, ки дарси адабиёти тоҷик дар синфи мо буд. Ин навор то ба имрӯз маҳфуз аст, ки бозгӯи истеъдод, дониш, малакаи омӯзгорӣ буда, тамоми хислатҳои ҳамидаи устод дар он дарҷ ёфтаанд. Шодиовар он буд, ки устод дар ин озмун муваффақона ширкат варзид ва бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи СССР» ва баъдан «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардид.

Соли 1991 дар синфи 11-ум мехондем. Он вақт дар тамоми ҷумҳурӣ 1000-солагии «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ бо тантана ҷашн гирифта мешуд. Ба ин хотир байни мактабҳо низ баргузории чорабиниҳои мухталиф ҷараён дошт ва устод баъзе вақтҳо охири дарсро низ ба ин мавзуъ мебахшиду бо нафароне, ки дар Шоҳномахонӣ нияти ширкат кардан доштанд, тайёрӣ медид. Рӯзе ба онҳо вазифа супорид, ки ягон нафар дар васфи Фирдавсӣ, ё «Шоҳнома», шеъре эҷод кунад, то дар озмун онро чун падидаи нав пешкаши ҳаводорон намуда, ҷои намоёнро ба даст орад. Қариб як ҳафта ҳамсабақони мо зӯр мезаданд, то чизеро қобили таваҷҷуҳ эҷод кунанд, вале муваффақ нашуданд. Билохира, як рӯз банда, ки ҳама шаб бидуни гӯш кардани шоҳномахонии устод Сорбон хобам намебурд, шеъраке бо номи «Ҷовидон монд дар ин кохи ҳунар» навишта,  пеш аз оғози дарс дастраси устод намудам. Рӯзи аввал устод он шеърро хонда, чизе нагуфт. Баъди чанд рӯз онро ба редаксияи «Бадахшони советӣ» ба устод Шоҳтолиби Шоҳқосим фиристондам. Устод ба мактаб занг мезанад, ки оё ҳақиқатан ҳамин шеър эҷодкардаи хонандаи ин мактаб аст ё не. Ҳанӯз дарс сар нашуда буд, ки синфхонаи мо пур аз муаллимон гардид. Аз ҳақиқати ҳол пурсон шуданд. Ҷавоб додам, ки ҳақиқатан аз ман аст. Он гоҳ устод Лаъҷуба маро пеш хонду гуфт: «Агар аз худат бошад, акнун бе коғаз онро хондан гир». Ман, ки шабҳо аз лаҳну услуби Шоҳномахонии Сорбон кайфият мебардоштам, пас аз сукуте дар ҳамон шеваи сорбонӣ ба қироати шеъри худам пардохтам. Бо тамом кардани қироат устод аз ҷояш бархесту маро оғӯш гирифт ва бо ҳаяҷон тарафи омӯзгорони дигар иброз дошт, ки ана истеъдод дар куҷову мо дар куҷоем. Шеъре беҳтар аз ин шеър ва қироате беҳтар аз ин қироат нест ва маро муборакбод намуда, ба ҷодаи адабиёт ҳидоят намуд. Билохира, ин шеър дар газетаи маъмули вақт «Бадахшони советӣ» ба табъ расид.

Аввали даҳаи охири асри пешин Тоҷикистони азизи моро оташи ҷанги бародаркуш фаро гирифт, аммо бо вуҷуди ҳамаи мушкилот дар Хоруғ нахустин донишгоҳи давлатӣ таъсис ёфт. Ман ҳам бо амри тақдир донишҷӯи бахши таърихи он гардидам. Лаълҷуба аз мактаби миёна мураххас шуда, ба ин ҷо ба кор омад. Вазнин буданд он солҳо, бахусус барои устод. Аз як тараф бори вазнини зиндагӣ, дурии роҳ,  аз тарафи дигар ноумедиву бори гарони илму шеър ҳамеша пуштораи ӯ буданд. Лаълҷубаи Мирзоҳасан новобаста аз мушкилот замоне аз қаламу коғаз ҷудо нашуд. Дар паҳлуи устод Ширин Бунёд буд. Дар ҳаёти адабии вилоят фаъолона ширкат мекард ва ба корҳои илмӣ ҷиддан машғул буд.

Бо ибтикори устод Ширин Бунёд дар вилоят бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кушода шуд ва зери тавсияи устод дар донишгоҳ низ маҳфили адабии «Адибони ҷавон» кушода шуд, ки баробари Ато Мирхоҷа Лаълҷубаи Мирзоҳасан низ дар он саҳми арзанда гузошт. Саъю талоши ӯ дар ҷодаи илму адаб барабас нарафт.

Соли 1997 ӯ ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд ва рисолаи номзадиашро дар ҷодаи илм низ муваффақона ҳимоя намуд. Соли 2010 баъди устод Ширин Бунёд бо тавсияи пешакиаш Лаълҷубаи Мирзоҳасан расман котиби масъули бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин гардид ва то имсол дар ин вазифаи пурмаъсул кору фаъолият дошт. Соли 2017 маҷмуаи шеърҳояш ба гирифтани Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф гардид.

Маҳорати шоирии вайро ин ҷо мавриди таҳлил қарор нахоҳем дод, зеро он чӣ ҳаст, аз худи китобҳояш: «Рӯзи баҳор», «Ҷилои шишаи шабнам», «Суруди дарё», «Накҳати субҳ» ва ғайра бармало намоён аст ва қазоватро ба худи хонанда ҳавола мекунем. Аммо бояд гуфт,  ки Лаълҷубаи Мирзоҳасан баробари шоири тавоно будан ҳамчунин олими тавоност. Лаълҷуба дар ҳар ду ҷода муваффақ аст. Хушбахтии насли навини адабиёти минтақа аст, ки метавонад аз ин сарчашмаи шеъру илм сероб гарданд. Хизмати ӯро дар ҷодаи назми муосир ба инобат гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2023 ӯро бо унвони баланди давлатии «Шоири халқии Тоҷикистон» сарфароз намуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки Шоири халқии Тоҷикистон шудани Лаълҷубаи Мирзоҳасан орзуи доимии мо – аҳли адаби Бадахшон  буд.

Айни замон устоди азизи мо бо тавони рустамона дар размгоҳи шеъру сухан тавсани пирӯзӣ меронад. Мо, шогирдон, барояшон аз даргоҳи Худованди бузург саломатии бардавом, хонаободӣ ва хушбахтиву сарфарозӣ таманно намуда, дуо мекунем, ки солҳои мадиде соябони сари мо бошад!

Хушомади АЛИДОД,
котиби масъули шуъбаи бадахшонии
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо