Номаи шодбошии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан
Номаи шодбошии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан
Лаълҷубаи Мирзоҳасан аз зумраи шоирони пуркору пурбори мост, ки бо навиштаҳои дилписандаш дар байни хонандагон шинохта шудааст.
Ӯ 10-уми ноябри соли 1951 дар деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Соли 1973 баъд аз итмоми бахши суханшиносии факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар дабистонҳои ноҳияҳои Ишкошиму Шуғнон омӯзгорӣ кардааст.
Сипас муддати зиёд ба ҳайси котиби масъули бахши Бадахшонии Иттифоқи нависандагон заҳмат кашида, дар тарбияи қаламкашони навроҳи вилоят саҳм гузоштааст. Лаълҷуба номзади илми филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мебошад.
Ашъораш дар китобҳои «Рӯзи баҳор» (1989), «Ҷилои шишаи шабнам» (1995), «Суруди дарё» (2005), «Накҳати субҳ» (2011) ва ғайра интишор ёфтаанд.
Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Бо фаъолияти назарраси эҷодӣ ба гирифтани унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон шарафёб гардидааст.
Ҳамқалами хешро ба муносибати 75-солагиаш табрик намуда, барояш тандурустӣ, саодати рӯзгору илҳоми саршор хоҳонем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



