Ба устод Сотим Улуғзода
Ба муносибати 115-солагии Сотим Улуғзода
ХОБИ ОРМОН
Имшаби торику ваҳмӣ
Хоб дидам то пагоҳон.
Ҳамчу ашки осмонҳо
То саҳар мерехт борон.
Рӯдакӣ омад ба хобам,
Дидагонаш буд бино.
Дафтару девони ӯ буд
Ҳамчунон «Шоҳнома» барҷо.
Хоби неке сода мекард
Ормонҳои азалро:
Буалӣ Сино кушода
Оқибат банди аҷалро.
Хоби хуш дидам: Ҳилолӣ
Буд маҳбуби Хуросон,
Сангдилҳояш накарда
Ҳеҷ гоҳе сангборон.
Хоб дидам, хоби ширин:
Аҳмади Дониш тавоност.
Чун бузургонаш ҳамеша
Мардуми тоҷик доност.
Хоб дидам, пушти Айнӣ
Зарбаи чӯбе нахӯрда,
Аз ҷаҳон дар синаи реш
Ӯ дили захмӣ набурда.
Хоби хуш дидам: набуда
Дарбадар алломаи Тӯс,
Оқиле ҳам нест ранҷур,
Шоире ҳам нест маҳбус…
Хоб дидам, аз ду дида
Ҷои ашк истора резам…
Хобам аз бедориам беҳ,
Мон, аз ин хобам нахезам.
Низом Қосим
ҒАМХУРАК
Ту ғамхорӣ,
Ту ғамхори сухан ҳастӣ,
Ту ғамхори сухансанҷу сухандонҳо.
Ту мисли ғамхурак бошӣ,
Ки он аз хотири мардум
Ҳамеша ташна мегардад лаби дарё.
Агарчи мекашӣ бори сухан умре,
Ба халқи хештан миннат намесозӣ.
Бад-ин фазлу камолу ин хирадмандӣ
Зи худ пайғамбари миллат намесозӣ.
Ғурури шоири тӯсӣ шудат ёвар,
Саратро пеши номардон накардӣ хам.
Сано гӯям ман аз ҷон бар дили нармат,
Ки умре мекашад мардона бори ғам.
Сухансанҷӣ ҷавонон аз ту омӯзанд,
Ту омӯзӣ ба хурдон хоксориҳо,
Миёни қавлу кори ту ҷудоӣ нест,
Зи қавли худ шудӣ комил, шудӣ доро.
Бувад ҳар як китобат хишти заррине,
К-аз онҳо қад кашад кошонаи тоҷик.
Асарҳоят чароғи оламафрӯзанд,
Шавад равшан аз онҳо хонаи тоҷик.
Ту бар як поя монӣ ҳарфу виҷдонро,
Барои ту сухан аз мартаба болост.
Суханвар мисли ту шояд бувад бисёр,
Валекин ҷонфидое чун ту кампайдост…
Зулфия АТОӢ
Ҳастии бузургон чист?
Чизе, ки нагардад нест.
Ҳамчун маҳи шабхӯрда
Кам гаштану хам гаштан.
Ҳамчун маҳи нав аз нав
Зам гаштану зам гаштан.
Садпора шудан сад бор
Чун об ба ҳар сӯе.
Боз омада пайвастан
Чун об ба як ҷӯе.
Беҷо шудан аз ҷое,
Аммо на ба вайронӣ.
Девори Бухоро буд
Исмоили Сомонӣ.
Шиштан масали хуршед,
Ҷастан масали хуршед.
Хуршед ҳамешинад,
Хуршед намешинад.
Як зарра ҷудо гаштан
Дар ҳар қадаме аз худ.
Як зарра адо гаштан
Бо ҳар аламе аз худ.
Бар хеш асо кардан
Болои баландатро.
Лағжида наафтодан
Дар шебии умр аз по.
Бозор Собир



