Вазъи насри бачагона

 Вазъи насри бачагона

Адабиёти бачагона бахши муҳимтарини адабиёт буда, дар меҳвари фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин созмони муътабари эҷодӣ бахши алоҳидае барои ин навъи адабиёт ба роҳ монда шудааст, ки сарпарастии маънавии адибони барои кӯдакону наврасон менавиштаро бар дӯш гирифтааст.

Ҳар сол бо ташаббуси бахши мавриди назар дар Иттифоқи нависандагон нишастҳои илмиву адабӣ сурат мегиранд, ки дар онҳо вазъи адабиёти хурдсолон мавриди таҳлил ва баррасии аҳли илму адаби мамлакат қарор дода мешаванд ва тавсияву пешниҳодҳо барои беҳбуди кор дар соҳа равона мегарданд.

Ин навбат рӯзи 11-уми август дар ҳамоиши калоне ба таври ҷудогона дар бораи вазъи имрӯзаи насри бачагона адибону адабиётшиносон суҳбат карда, ҷиҳати пешрафти он андешаву пешниҳодҳои ҷолиб ва судманд ироа намуданд.

Ҳамоишро муовини раиси Иттифоқи нависандагон Муҳаммадуллоҳ Табарӣ оғоз бахшида, ба таври умум доир ба мавзуъ фикру мулоҳизаҳояшро чунин баён дошт: «Адабиёт барои хурдсолон таъйиноти вежаи забонӣ, ҷаҳонбинӣ, эстетикӣ ва бадеӣ дорад, ки дар рушди маънавиёти насли ояндасоз саҳми босазо мегузорад. Аз ҷумла, дар давраҳои гузариш муносибат ба арзишҳо, хосса, дар марҳалаҳои бисёр ҳассоси мисли замони мо, ки воситаҳои зиёде, ба монанди интернет, телевизион ва василаҳои дигари иттилоърасонӣ зиёд гардиданд, боз ҳам вазифаҳои адабиёт барои кӯдак ва наврас бояд мушаххастар шаванд. Чӣ гунае, ки аз хурдӣ ҷаҳонбинии кӯдаконро ташаккул медиҳем, чӣ тарзе арзишҳои маънавӣ тавассути адабиёт ба дили онҳо ворид мегарданд, онҳо дар ҳамон руҳия ба воя мерасанд. Имрӯз дар назди адабиёт барои насли кӯдаку навраси мо масъалаҳои бисёре истодаанд. Дарки дунёи кӯдакон, чӣ сон ба он ворид шудан, бо кадом роҳҳо арзишҳоро талқину ташвиқ кардан дар замони мо масъалаҳои заруриянд».

Сардабири моҳномаи «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа доир ба сатҳу сифати асарҳои насрие, ки имрӯз барои ин қишри  ҷомеа таълиф мегарданд, маҳорати нигорандагии адибонамон, тарзи ороиши китобҳо, нашриёти марбута ва ҳоказо андешаронӣ намуда, гуфт: «Адабиёти кӯдак ва навраси мо ҳоло давраи буҳрониро аз сар гузаронида истодааст. Чун дар муддати шаш сол ба таври пайваста ҳамроҳи як гурӯҳ қаламкашон дар ин соҳа кор кардем, дар семинарҳое, ки аз сӯйи созмонҳои Иттифоқи нависандагон, ЮНИСЕФ, Оғохон ва ғайра баргузор гаштанд, иштирок намудем, ин суханонро бо масъулияти том мегӯям. Дар ҳамин муддат ба адабиёти кӯдаку наврас чашми мо кушодатар шуд. Адабиёте, ки имрӯз барои насли хурдсол пешниҳод мешавад, аз чандин ҷиҳат хуб аст, лекин агар ба баъзе паҳлуҳояш назар афканем, ҳанӯз ба таври комил муосир нест. Адабиёти муосири кӯдак тамоман чизи дигар аст. Дар рафти кор назариявиву амалӣ омӯхтем, асарҳо навиштем ва ба мушоҳида гирифтем, ки бояд шеваи корро тамоман дигар кунем. Дар ояндаи хеле наздик дастурамалеро дар бораи шеваи навиштани асарҳои кӯдакона, ки муаллифаш нависандаи бачаҳо Азизи Азиз аст, дар маҷаллаи «Садои Шарқ» нашр мекунем. Аз ин матлаб алоқамандони соҳа метавонанд баҳра бигиранд.

Асарҳои бачагона чанд навъ мешаванд ва мутаассифона, мо дар навишт қариб ягонтоашро имрӯз риоя намекунем. Асарҳои то синни мактабӣ (барои кӯдакистон), ки мураббия ва волидон бояд аз рӯйи сурату лавҳаву нигоришҳо ҷаҳонбинӣ ва мафкураи кӯдаконро рушд диҳанд. Сипас, барои кӯдакони синфи 1 набояд дар як саҳифа аз 6 калима матн зиёдтар бошад, барои кӯдаки синфи 4 аз 12-14 калима. Чунки дуруст азхуд карда наметавонад. Муҳиммаш, китобҳо рангу бор дошта бошанд, ки ба дили хонанда ҷо ёбанду дар хотираш нақш банданд. Аз синфи 6 он сӯ оҳиста-оҳиста мавод дар се қисм: барои бачаҳое, ки хуб азхуд мекунанд, барои бачаҳое, ки азхудкунии миёна доранд ва барои бачаҳое, ки бад аз худ мекунанд, алоҳида ва мувофиқ бояд пешкаш гардад. Имрӯз дар Ғарб тарзи навишти чунин адабиёт барои кӯдак роиҷ мебошад, аз ин хотир онҳо хеле пеш рафтаанд.

Барои чӣ насли хурдсоли мо ба адабиёти мо таваҷҷуҳ надорад?! Ин мониторингро гузарондем. Мо қаҳрамонони худамонро дар адабиёти бачаҳо надорем. Қаҳрамонҳое, ки то ҳол ҳастанд, оммавӣ нашудаанд. Аз ин рӯ, бачаҳои мо адабиёти Ғарбро мепарастанд. Гарри Потер ҳанӯз қаҳрамони писандидаи онҳост. Дар баробари қаҳрамони мазкур наметавонем қаҳрамони замонавие офарем.

Китобҳои бачагонаамон хеле безавқона ороиш меёбанд. Тарзи навиштани насри кӯдак бояд тамоман дигар шавад, мавзуъҳои муосир дар он пешниҳод гарданд. Бояд иқрор кард, фикри мо ба дараҷаи фикри кӯдаки имрӯз нарасидааст. Аз ӯ қафо мондаем. Ҳанӯз дар бораи айлоқ, ширу ҷурғот ва гову зоғак… менависем. Вале кӯдаки имрӯза чизҳои дигар мехоҳад. Имкон дорем, ки афсонаҳои пешинро интерпретатсия (шарҳу тафсири мазмуни асар ба таври нав) намоем. Дар ин масъала ин ҷониб кӯшише кард. Афсонаи «Чӯбаки сандалвор»-ро ба повести хурд табдил додам, ки истиқболи хуб ёфт. Дар он маълумот аз илмҳои ҷуғрофия, физика ва астрономия ворид карда шуд.

Фантазияи кӯдаки имрӯза тамоман фарқ дорад. Афсонаи «Бузаки ҷингилапо» дигар ба бачагони момарғуб нест. Маводе даркор, ки адабиёти ҷаҳонӣ бошад. Барои кӯдакон 35 китоб навиштам. Аз ин қариб 15-тоаш ба мактабҳо тақсим шуд. Баъзеаш тарҷумаи беҳтарин асарҳои дунё барои бачаҳост.

Бо мусоидати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муттасил ҳамааш нашр мешавад. Боз китобҳои электронӣ карда истодаем. Аз ҷониби Иттифоқи нависандагон он шеваи нигоришеро, ки кашф кардем, таҷриба намудем, ба адибон пешкаш мекунем. Агар нависандагонамон хоҳанд, ки дар ҳақиқат, адабиёти кӯдак офаранд, дар асоси ҳамон бояд барои тараққии адабиёти имрӯзи кӯдак чора андешанд. Адибоне, ки чун Азизи Азиз чирадаст ҳастанд, медонанд чи корҳоро анҷом диҳанд, аз онҳо истифода бурдан ба манфиати кор хоҳад шуд.

Тақриз навиштан ба китобҳои бачагонаро ба роҳ мондан даркор аст. Дар муддати се-чор соли охир надидам, ки як асари хуби бачагона баррасӣ ёфта бошад. Чунки шояд худи пажуҳишгарон барои дарки асар оҷизанд. Устод Гулназар асарҳои Саъдӣ, Мавлавӣ ва дигаронро бозгӯӣ карда буданд. Ин амали шоиста ва саривақтӣ аз ҷониби устод Абдулҳамид Самад низ идома пайдо кард. Ҳоло ҳам баъзе адибонамон иқдоми мазкурро ба дараҷаи касбӣ анҷом медиҳанд.

Яке аз камбудҳои ҷиддӣ ин аст, ки китобҳои хуби бачагона ба бозор роҳ намеёбанд. Ин мушкилиро нашриётҳо низ эҷод менамоянд. Масъалаи зикргардидаро дар Иттифоқи нависандагон баррасӣ карда будем. Нашриёти бачагона бояд аз тарафи Иттифоқи нависандагон сарпарастии маънавӣ карда шавад. Ҳар гуна китоб барои кӯдакон пешкаш нагардад. Чунки завқи кӯдак мекоҳад. Дилмондагии саросарии кӯдакони мо аз адабиёти мо ба вуҷуд омадааст, ки хеле таассуфбор аст. Ин норасоии ҷиддиро бояд ислоҳ кунем»!

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад вазъи насри имрӯзи хурдсолонро бо вазъи насри асри сипаришуда муқоиса намуд ва таъкид кард: «Гумон мекунам, ки адибони адабиёти кӯдакону наврасони мо дар асри ХХ бисёр хидмати арзанда ва сазовор карданд ва дар тарбияи маънавию эстетикии кӯдакону наврасон саҳми босазо гузоштанд. Мо ба чоряки асри XXI қадам гузоштем. Мафкураи хонандаи хурдсол алҳол дигар шудааст, зеро бисёр кӯдакон чанд мамлакати дунёро сайр кардаанд, забонҳои зиёди хориҷиро низ медонанд.

Дар ин ҳамоиши муфид ва ҳадафманд масъалаҳои зиёди адабиёти бачаҳо гуфта шуданд, аммо нагуфтанд, ки дар ин фосила адабиёти кӯдаки мо ба чӣ дастовардҳо ноил гашт. Бо адабиёти кӯдакону наврасон наметавон сарсарӣ муносибат кард. Чунки бештари аҳолии Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд, онҳо бояд бо ғизои маънавӣ таъмин шаванд. Лекин китобҳо бо теъдоди кам чоп шуда, ба дасти хонанда намерасанд. Нашри адабиёт бояд барои бачаҳо имтиёз дошта бошад.

Соли гузашта бо мудири нашриёти “Адабиёти бачагона” Наҷмиддини Салоҳиддин ба минтақаи Кӯлоб рафтем. Зимни вохӯриҳо хонандагон бо меҳр китобҳоро мегирифтанд. Имрӯз адибонро зарур аст, ки барои бачаҳо асарҳои баландпоя нависанд. Ин кор муносибати давлатиро мехоҳад. Бо гуфтугӯ масъала ҳал намешавад. Аслан аз сад орзу як амал арзиш дорад. Мутаассифона, мо адабиёти кӯдакону наврасонро дар чорчӯба ва қолибҳои пешин нигоҳ медорем. Натанҳо хонанда, балки худи мо низ бо қолибӣ навиштан одат кардаем. Бисёр асарҳои бофтаву сохта меофаранд, ки тамоман нодуруст аст. Муносибатро дар офаридани асар барои хурдсолон бояд дигар кард.

Фазлиддин Муҳаммадиев ҳикояе доранд ба унвони “Ҷага”, тамсилӣ аст. Вақте ин ҳикоя нашр шуд, бисёр муҳаққиқони мо гуфтанд, ки мушкилфаҳм аст. Чанд сол пас украиниҳо ин ҳикояро тарҷума карда, дар шакли китобчаи алоҳидаи тасвирӣ, барои кӯдаконашон ба нашр расониданд.

Гап дар бораи тарбияи завқи бадеии хонанда меравад. Адабиёти кӯдаку наврас хонандаи ҷиддии моро барои оянда омода мекунад. Мо барои бачаҳо ҳикояҳои хуб дорем. Пешниҳод ин аст, ки гулчини ҳикояҳои чанд соли охирро дар як маҷмуа мураттаб карда, бо теъдоди зиёд интишор намоем, то ки ҳам хонанда, ҳам навқаламоне, ки оянда барои бачаҳо асар меофаранд, баҳра бардоранд. Солҳои охир ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи  адабии “Садои Шарқ” барои нашри асарҳо барои кӯдакону наврасон иқдоми шоистаеро пеш гирифта буданд. Умед аст, ки ин ташаббуси нек идома меёбад».

– Афсонаҳои халқии мо чӣ қадар ҳикматборанд. Вақте дар афсонае хурдсоле бо дев рӯ ба мешавад, муаддабона ба дев салом медиҳад. Дев мегӯяд, ки агар ҳамин саломат намебуд, туро луқмаи хом мекардам. Бо ин роҳ тавассути афсона гузаштагони бузурги мо таъкид ба созанда будани муносибатҳои муаддабона ба якдигар менамоянд, – гуфт Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода ва афзуд: – Айёми кӯдакӣ зиёд нест, аммо давраи аз ҳама фаъолтарини зеҳниву равониву ақлонии инсон аст. Ҳеҷ одами калон бо садоқате, ки кӯдак дорад, китоб намехонад. Кӯдак чун ба воқеият ба китоб ворид мешавад. Аз ин сабаб, барои он адабиёти кӯдаки мо ба зовия афтодааст, ки дархӯри ҷаҳони кӯдак буда наметавонад. Дар ҳоле, ки бояд дар ҷойи аввал бошад! Муҳимтарин хонандаи китоб кӯдак аст. Бояд ӯ дар бораи муҳит, табиат, ҷуғрофия… аз китоби хондааш иттилоъ гирад. Афсус, ки кӯдаки мо ҳатто як гиёҳро намешиносад, лекин кӯдаки рус медонад.

Давраи тиллоии иттилоъгирии одам дар кӯдакии ӯст. Забону тахайюл, фантазия, арзишшиносӣ ва ғайра. Мисли манзумаи «Хорошо»-и Маяковский.

Дар афсонаи «Гурба ва кампир»-и мо ҳам кӯдак иттилои зиёд мегирад. Ба воситаи ин як афсона кӯдак аз куҷо пайдо шудани шир, аз куҷо рӯйидани алаф мефаҳмад, яъне тамоми ҳаракат дар афсонаи мазкур барои иттилоърасонӣ аст. Онро мешавад ба сурати як филми тасвирии муосир таҳияву танзим кард. Бояд ба қобилияти зеҳнии кӯдаконамон эътимод кунем ва ба дараҷаи он асар офарем!

Нависандаи бачаҳо Сафияи Носир бар он аст, ки барои асари шоистае ба кӯдак навиштан бояд худи эҷодкор ҳамчун кӯдак бошад, хислатҳои кӯдакона дошта бошад. Баъзан барои кӯдакон он чунон менависанд, ки дар асл ба калонсолон мувофиқ меояд. Бо ин амал гӯё калонсолонро тарбия мекунем, на кӯдаконро. Бояд бо асарҳои мо шавқи кӯдакон ба оламу одам бедор гардад. Кӯдакон бо замона пеш мераванд. Имрӯз ихтироъҳоеро мебинем, ки дирӯз дар афсонаҳо буданд. Ҳатто баъзеашон дар афсонаҳо ҳам набуданд. Эҷодкор бояд дониши ҳаматарафаи замонавӣ дошта бошад ва кӯдакии худро ба ёд орад. Дар таҳрири асарҳои барои хурдсолон менавиштаамон зарур аст, ки ба якдигар ёрӣ расонем. Баъд адабиёти кӯдак пеш меравад.

Ба гуфтаи мудири бахши насри ИНТ Равшан Махсумзод, дар маҷмуъ, насри бачагонаи мо аз шеъри бачагонаамон хеле ақиб мондааст. Ҳам падару модар, ҳам нашриёт, ҳам адибон ба ин навъи асар муносибати нописандона доранд. Гумон мекунем, кӯдаконамон калон мешаванду сипас ҳама чизро аз худ менамоянд. Вале аз хурдӣ бояд тарбия ёбанд, воситаҳои бисёри таъсиррасонӣ имрӯзҳо ҳастанд, ки ба онҳо одат мекунанд. Аз ҷумла, филми тасвирии бегонаро дида, ба фарҳанги он хӯ мегиранд ва чун бузург мешаванд, тағйир доданашон душвор мешавад.

Дар идомаи суҳбат Равшан Махсумзод ба ёд овард, ки боре дар ҳузури устоди зиндаёд Убайд Раҷаб дар бораи адабиёти кӯдак суҳбате сурат гирифтааст. Мавсуф гила карда будаанд, ки муносибат ба адабиёти кӯдак ба тавре, ки бояд бошад, нест. Дар бораи кӯдакон асар бисёр аст, аммо барои кӯдак кам аст.

Чунон ки нависанда таъкид намуд, асаре, ки ба хурдсолон тавсия дода мешавад, бояд ба забоне навишта гардад, ки онҳо фаҳманд. Дар ин гуна асар бояд фикрронии кӯдакро ҳамон тавр тасвир кунем, ки воқеият дошта бошад.

Вақте китобҳоеро, ки барои кӯдакон ҳастанд, мехонем, дар онҳо кӯдак мисли калонсол андеша меронад. Ин заъфи адиб аст. Телевизионҳои мо ҳам бештар филмҳои тасвирии кишварҳои дигарро намоиш медиҳанд. Дар асоси афсонаҳо ва навиштаҳои имрӯза бояд филмҳои тасвирии ватанӣ рӯйи кор оянд.

Дар раванди ҳамоиш профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул аз чанд китоби ба тозагӣ барои хурдсолон нашргардида мисол оварда, доир ба он андешаву хулосаҳояшро баён намуд. Баъдан Ҳусейн Алӣ Раҳимӣ, раиси Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар бораи адабиёти кӯдак, хосса насри кӯдаконаи Эрон сухан кард. Номбурда, аз ҷумла, иброз дошт: «Дар Эрон дар асри сипаригашта як давра адабиёти кӯдаки омӯзишӣ доштем. Яъне нависандаи адабиёти кӯдак мухотаби худаш, кӯдакро мисли донишомӯз ва худро дар ҷойгоҳи омӯзгоре медид, ки бояд ба ӯ дарс бидиҳад. Аммо аз миёнаҳои қарни XX адабиёти кӯдак дар Эрон ҳувияти мустақили адабӣ ва ҳунарӣ пайдо намуд. Маҳдӣ Озаряздиро имрӯз падари адабиёти навини кӯдак дар Эрон ном мебаранд. Ӯ корашро бо бознависии адабиёти классикии мо оғоз карда, чандин ҷилд китоби қиссаҳои куҳан, «Калила ва Димна», «Марзбоннома», «Гулистон», «Маснавии маънавӣ» ва ғайраро ба забони кӯдакони асри худаш бозгардонӣ кард ва таҳаввули бисёре дар адабиёти кӯдаки Эрон гузошт. Якчанд насл аз китобҳои ӯ омӯхт.

Дар миёнаҳои ин давра нависандагони дигаре бар адабиёти кӯдак таъсиргузор шуданд. Баъд аз инқилоби исломӣ адабиёти кӯдак дар Эрон ҷаҳиши бештаре пайдо кард. Тарҷумаҳо низ дар таҳаввули муҳтавоӣ ва ҳунарии нависандагони бачаҳо таъсир доштанд.

Адабиёти кӯдак имрӯз дар Эрон дар ҳошияи бозор нест. Бозори пӯёе ҳаст, ки истиқлол дорад. Дар ин росто нашриёте кори мустақил анҷом медиҳад ва як муассисае, ки ҳудуди 70 сол пеш таъсис шуд, Конуни парвариши фикрии кӯдакон ва ҷавонон буда, дар ҳавзаи адабиёт ва синамои кӯдак кори зиёд анҷом дод. Дар кишвари мо беҳтарин намунаи осори адабиёти кӯдак пайваста тарҷумаву нашр мегардад, вале то ҳадде нависандагони худиро ба ҳошия кашидааст. Ҳамчунин дар донишгоҳҳоямон дар бораи адабиёти кӯдак рисолаҳо рӯйи кор меоянд. Беш аз 15 сол мешавад, ки дар ду донишгоҳ риштаи адабиёти кӯдаку навҷавон дорем. Умедворам, ки ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг барои рушди адабиёти хурдсолон табодули андеша ва таҷриба мекунанд».

Насимбек Қурбонзода, мудири бахши адабиёти кӯдакону наврасон зимни суханронӣ чанд қаламкаши ҷавонро ном гирифт, ки дар эҷоди насри бачагона қувва меозмоянд: “Хушбахтона, имрӯз навқаламоне зуҳур мекунанд, ки умед мебандем, адабиёти кӯдакро посдорӣ хоҳанд кард. Чеҳраҳои наве ба майдон омадаанд, бо нафаси тоза, назари дигар ба зиндагӣ менигаранд ва нигоштаҳояшон бо вуҷуди навқалам будан бӯи умед медиҳанд.

Сайидо Шарафӣ, ки асари насрии ӯ бо унвони “Бибӣ, бобо, набера” интишор ёфт, метавон гуфт, бо диди нав ва нигоҳи хоси худ, сабки нигориши худ аз дигарон фарқ мекунад. Агар ин роҳро давом диҳад, дар оянда метавонад фазои холии насри кӯдакро пур кунад.

Бо ному нигоштаҳои Сабринаи Нурулло дар Машварати ИНТ дар соли ҷорӣ ошно шудам. Бо вуҷуди он ки донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аст, муаллифи чанд маҷмуаи насрӣ мебошад.

Қиссаи “Ситорачаи дурахшон” соли 2024 тавассути нашриёти “Истиқбол” ба нашр расидааст ва сарсухани он ба қалами нависандаи шинохтаи бачаҳо Сафияи Носир мутааллиқ аст. Ӯ ҳам бо нигоштаҳои тозаи худ ба дили мо умед мебахшад. Нашриёти “Адабиёти бачагона” чопи ҳикояҳои навашро ба нақша гирифтааст.

Нависандаҳои ҷавони дигаре амсоли Мижгон Халилзода, Умар Мирсалимов, Ҳабиба Махсумҷонзода, Зулайхо Қараева низ ҳастанд, ки аз онҳо умеди калон дорем. Насри бачагонаро орзуву ҳавас напиндошта, бо сабру устуворӣ давом бахшанд, дар оянда метавон ба онҳо такя намуд”.

Адиби бачаҳо Юсуфҷон Аҳмадзода дар навбати хеш насри бачагонаи хондании якчанд адиби хориҷиро намуна оварда, чунин гуфт: «Агар ғазал аруси назм бошад, ҳикоя аруси наср аст. Чун ҳикоя ҳам зариф ва нозук мебошад. Амсоли ғазал бо ҳавас, бо як нафас бояд хонда шавад. Ҳузури ҷон бошаду оби равон! Муҷиз ва муъҷаз, на тавил, на сақил. Бузургони адаби ҷаҳон ба шигарфию шигифтиҳои ин ҳирфати ҷовидон сар фуруд овардаву кулаҳ аз сар гирифтаанд. Ҳанӯз ҳам ошиқи ин саманди тезтаку оҳуи саҳроиянд… Вақте менависанд, дам ба дарун мегиранд. Таппиши дили гарму ширини худро эҳсос мекунанд, бо камоли меҳр ва сидқ.

Таассури ин ҳама эҳсоси амиқ бозгӯйи ҳикояти олиҷаноби Проспер Мериме «Маттео Фалкони», Лермонтов «Таман», устоди аршади ин ҳунари воло Чехови чирадаст «Скрипкаи Ротшилд», Чингиз Айтматов «Себи сурх», «Аскарбачаяк», ки чун ширинтарин афсонаи шомгоҳон хоҳӣ хонд. Намунаи олитарини ин ҳунари сеҳрангез ҳикояҳои Саъдист, албатта! Дигар аз «Аҳмади девбанд»-и устод Айнӣ об хӯрда, ҳарчанд баъдтар Мустафо Шарқӣ ва Ҳ. Назаров бо «Ало ва Тарғел»-и худ дасту панҷа зада бошанд ҳам, ҳеҷ кадоме аз онҳо ба пояи «Лолачинӣ»-и Пӯлод Толиси зиндаёд нарасидаанд. Чунончи мисли «Тобистон»-и устоди фақид асаре дар ҷодаи адабиёти кӯдакону наврасон ҳанӯз ҳам барнаёмадааст. Ҳарчанд осори ҳақиқии ин навъи асари олии сифр лирикӣ дар осори миёнҳаҷми шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ бармало буруз кардааст. Ҳоло ҳам равзани умед ҳаст, чун ҳикоянависони хоссаву хуб ба монанди Сафияи Носир, Маҳбуба Неъматзода, шодравон Гулчеҳра Муҳаммадиеваро дорем, аммо аз сафи ҷавонон Сайидои Шарафӣ дар ин ҳирфаи хаёлангези шоирона хеле пешгомтар аст. Басо хуб мешуд, аз ҳозир ба офаридани асарҳои креотивӣ бештар машқ мекард»
Адиб ва тарҷумон Комила Камолова аз фаъолияти назарраси гузаштаи маҷаллаи «Чашма», ки барои хурдсолон мавод нашр мекунад, ёд оварда, иброз намуд: «Маҷаллаи «Чашма» дар гузашта дар як муддати кӯтоҳ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти хурдсолонро фаро гирифт. Ҷаридае шуд, ки нашри русиаш дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шуравии собиқ ва форсиаш дар кишварҳои дигар паҳн гашт. Теъдоди нашраш ба як миллион нусха расид. Имрӯз бояд барои пешрафти ин минбари баланди хурдсолон тадбир андешем».

Ҳамоише, ки ҷиҳати вазъи насри бачагона баргузор гашт, бо пешниҳодҳои зиёд ва мулоҳизаҳои манфиатбахш ба поён расид.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН

Дигар хабарҳо