Сӯгворӣ. Даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова

 Сӯгворӣ. Даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова

Субҳи 20 август Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова  дар синни 86-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Аҳли адаб аз даргузашти шоира андӯҳгин буда, ба пайвандону наздиконаш таслият ва ҳамдардӣ баён мекунад.

Ҳадиса Қурбонова 17 феврали соли 1940 дар деҳаи Шуркаҳаки Сарихосори ноҳияи Балҷувон дар оилаи оҳангар ба дунё омада, баъди аз падару модар ятим мондан, дар хонаи кӯдакони Сарихосор, Балҷувон, Хуҷанд, Душанбе ва Шаҳринав тарбият ва камол ёфт. Баъди ба итмом расонидани мактаб-интернати занонаи №10 шаҳри Душанбе, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)  ва шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи полиграфии Москва дар нашриёти «Ирфон», «Адиб», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», Кумитаи давлатии назди Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб кор кардааст.

Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохтааст. Муаллифи китобҳои ашъори «Паймон», «Шукрона», «Нури Октябр», «Сомон», «Даргоҳи Офтоб», «Дунёи ҷавонӣ», «Эҳсон», «Лоиқ намеояд дигар», «Мадина», «Чакомаи Душанбе», «Сояи миҷгон», «Ҳилолӣ», «Хатлон», «Меҳвари ишқ», «Соҳати дил», «Тӯфон», «Хаймаи Хайём, «Саддом Ҳусейн», «Шоҳин», «Сарир», «Девон» (дар ду ҷилд), «Шоҳин» ва ғайра мебошад. Силсилаи очеркҳояш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Аз пайроҳа то шоҳроҳ», «Боғҳои шаҳдрез», «Теғи одамкуш» (Москва), «Мазҳари Хуршед» (дар ду ҷилд) ба табъ расидаанд. Драмаҳояш «Мӯниса» (1973, аз ҳаёти кӯдакони ятимхонаи Балҷувон), «Машъали ҷовид» (аз корномаи Талбак Лолаев), «Дуроҳа» (дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Зиндагӣ» ва «Савти нотамом» дар театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Дар тарҷумаи осорҳо низ маҳорати беназир дошт: Асари  А. Белевич «Дарду ғами Хатин», китоби шеърҳои С. Мавлонов «Арчаи сурх», шеърҳои Махдумқулӣ, С. Капутикян, шоираҳои ӯзбек Зулфия ва Гулчеҳра, ҳикояҳо дар бораи Сухэ-Батор ва шеърҳои алоҳидаи шоирони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз ашъори Ҳадиса ба русӣ, белорусӣ   ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.

Аз соли 1969  узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1978 узви Иттифоқи нависандагон.

Марҳум Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2003), Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон ва  Нишони «Сухан»-и ИНТ, Шоири халқии Тоҷикистон буд.

Ёдаш гиромӣ бод!

Дигар хабарҳо