Адибон дар ҳамоиши ваҳдат

 Адибон дар ҳамоиши ваҳдат

Санаи 17 июни соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ чорабинии илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ваҳдат – сарчашмаи сулҳу субот» баргузор шуд.

Он бо иштироки донишмандон, адибон, аҳли фарҳанги кишвар ва намояндагони васоити ахбори омма доир шуд.

Дар оғози чорабинӣ суханронии директори муассиса Идигул Нусратуллозода шунида шуд. Ў иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати ҷашни барои миллати тоҷик муқаддас – 29 соли Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт ва роҷеъ ба аҳаммияти таърихии ин ҷашни миллӣ ва нақши он дар рушди фарҳанги ватанӣ изҳори назар кард.

Сипас, мувофиқи рўзномаи чорабинӣ донишмандон, адибон ва аҳли нишаст бо маърузаҳои пурмуҳтаво ва шуниданӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, Муродалии Собир – директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар маърузаи худ ба тарғиби арзишҳои миллӣ ва ваҳдат тавассути асарҳои бадеӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нақши Марказро дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти тарғиби фарҳангу адаб назаррас арёзбӣ кард.

Абдурауф Муродӣ, муҳаррири ҳафтаномаи «Омўзгор» дар бораи нақши маориф ва матбуоти даврӣ дар таҳкими сулҳу субот, Сафар Амирхон – мудири шуъбаи адабиёти муосири нашриёти «Адиб» роҷеъ ба инъикоси мавзуи ваҳдату сулҳ дар адабиёти муосир, Маҷид Салим – сармуҳаррири маҷаллаи «Табиб» доир ба аҳаммияти ҳамбастагии аҳли ҷомеа ва инъикоси он дар матбуоти даврӣ шарҳу тавзеҳои судманд ба ҳозирин пешкаш карданд.

Дар қисми охири чорабинӣ миёни иштирокчиён ва меҳмонон мубодилаи афкор сурат гирифта, аҳли фарҳанг ва кормандони китобхона вобаста ба мавзуъҳои баррасӣ ва нақшҳои минбаъдаи муассисаҳои фарҳангӣ дар тарғиби Ваҳдати миллӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

 

Дигар хабарҳо