Гиромидошти адиби рус

 Гиромидошти адиби рус

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чанде пеш маҳфили адабии ба номи Масъуд Муллоҷонови назди маҷаллаи русии «Помир» доир гашт. Намояндаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Артём Иванников дар оғоз гуфт, ки ба эҷодиёти адибони русизабони кишвар таваҷҷуҳи пайваста дорад. Номбурда аз бардоштҳояш сухан карда, фаъолияти аъзои маҳфилро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Дар навбати худ муовини раиси Иттифоқи нависандагон Муҳаммадулло Табарӣ доир  ба ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистон андешаҳояшро иброз дошт. Маҳфили навбатӣ ба рӯзгор ва осори шоири маъруфи асри бисти рус Николай Рубтсов бахшида шуд. Дар ин мавзуъ сармуҳаррири фаслномаи «Помир» Саид Сангин маъруза пешниҳод кард. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси дабистони рақами 6-и пойтахт Елена Копилова, ки бо шогирдонаш дар маҳфил иштирок дошт, аз ашъори Николай Рубтсов қироат кард. Дар идома нависандагони ҷавон – хоҳарон Нигора ва Дилбар Собироваҳо  ҳикояҳои худро хонданд, ки ҷамъомадагон бо кафкӯбиҳои гарм истиқбол намуданд.

Гуфта шуд, ки маҳфили дигар ба поси хотири сармуҳаррири пешини маҷалла Леонид Пашенко сурат мегирад, ки ӯ дар вақташ барои нуфузи «Помир» талошҳои зиёд варзида, онро дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ муаррифӣ кард.

Дигар хабарҳо