Донишманди мумтоз

 Донишманди мумтоз

 Ба муносибати 85-солагии донишманди маъруф Абдунабӣ Сатторзода 

Абдунабӣ Сатторзода дар тули таҳсилаш дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекат ва Университети давлатии Тоҷикистон на танҳо дар имтиҳонот, балки дар тамоми ҷараёни таълим, ҳатто аз машғулиятҳои ҳарбӣ низ, ки бисёриҳо душворӣ мекашиданд, ягон бор баҳои «хуб» нагирифтааст. Вай ҳам омӯзишгоҳ ва ҳам донишгоҳро бо дипломи «аъло» хатм намуд. Ва азбаски аз ҳамаи фанҳо, ҳам ихтисосӣ ва ҳам умумӣ, аз қабили фалсафа ва иқтисодиёти сиёсӣ, баҳои «аъло» мегирифт ва шогирди аввали синфаш буд, ҳар устод кӯшиш мекард, ки ӯро ба сӯйи фанни худаш кашад. Профессор Муҳаммад Болтаев ӯро ба кафедраи фалсафа ва Отаҷон Акрамов ба кафедраи иқтисодиёти сиёсӣ ба кор ҷалб карданӣ шуданд. Вале Абдунабӣ ҳамкориро бо устоди сахтгираш, адабиётшиноси номии тоҷик ва муаллими муаллимони ҷумҳурӣ шодравон профессор Шарифҷон Ҳусейнзода давом дод ва пас аз хатми донишгоҳ ба кафедраи адабиёти классикии тоҷик ба сифати ходим муқаррар гардид.

Ҷойи ёдоварист, ки дар интихоби Абдунабӣ дарсҳои устоди адабиёти тоҷикии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекат Абдуҷаббор Шарифзодаи Исфарангӣ бетаъсир набудаанд. Онҳо буданд, ки ӯро ба олами пур аз афсонаву афсуни адабиёти форсии тоҷикӣ кашиданд.

Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода он гоҳ, ки Абдунабӣ шогирди соли дувум буд, ӯро ба кори илмӣ ҷалб кард ва барояш омӯзиши мавзуи «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдурраҳмони Ҷомӣ»-ро пешниҳод намуд. Нахустин намунаҳои пажуҳиши илмии ӯ, ки дар маҷмуаҳои илмӣ, рӯзномаҳо ва маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расидааст, ба монанди «Абдурраҳмони Ҷомӣ оид ба масъалаҳои адабӣ ва эҷоди бадеӣ дар «Ҳафт авранг» (1963), «Дар бораи шеъру шоирӣ» (1964) ва «Абдурраҳмони Ҷомӣ дар бораи мазмун ва шакли бадеӣ (1964) маҳсули давраи шогирди факулта буданаш аст.

Замоне, ки Абдунабӣ Сатторзода тасдқиқи мавзуи «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдурраҳмони Ҷомӣ»-ро ба охир мерасонад ва онро ба сифати рисолаи номзадӣ пешкаш менамояд, аҳли кафедра рисолаи ӯро барои дифои докторӣ тавсия медиҳанд. Ва бо ҳамин бори дигар соҳиби истеъдоди фитрӣ буданашро тасдиқ менамоянд.

Лекин бо дарназардошти он, ки чунин ҳодиса дар ҳаёти илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесобиқа буд ва имкони пеш омадани монеа ва мушкилиҳо ҳам буд (аз ҷумла ба забони русӣ набудани рисола ва ғ.), пас аз маслиҳату машварат салоҳ дониста шуд, ки танҳо фасли аввали он, ки аз таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ то Абдурраҳмони Ҷомӣ иборат буд, ба чаҳорчӯби рисолаи номзадӣ дароварда шавад. Муаллиф ҳамин тавр ҳам кард ва онро зери унвони «Аз таърихи афкори адабӣ ва эстетикии форсу тоҷик (асрҳои X-XV)» (1972) дифоъ намуд. Ин асар на танҳо дар адабиётшиносии муосири тоҷик, балки дар назариёти адабии Эрон ва Афгонистон низ нахустин кӯшише буд, ки таърихи пайдоиш ва ташаккули афкори адабӣ ва эстетикии форсии тоҷикӣ, роҳҳо ва марҳалаҳои acосии инкишофи он дар як давраи таърихии тулониро ба доираи тадқиқ кашид ва ба он равшанӣ андохт. Гуфтан кофист, ки дар китоби машҳури донишманди номии эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб «Нақди адабӣ» танҳо як фасли кӯчаке буд, ки он ҳам ба тариқи иҷмол аз таърихи таҳаввули фикри интиқодии форсии тоҷикӣ баҳс мекард.

Сирри ин комёбии қобили тақдири донишманди ҷавон дар он буд, ки ӯ назари моҳиятҷӯ ва амиқе дошт ва ба ҳар масъалае, ки даст задааст, кӯшиш намудааст, ки ба ҷавҳари он бирасад, решаҳои онро муайян намояд. Чунончи, вай маҳз ба хотири равшанӣ андохтан ба сарчашмаҳои назариёти адабӣ ва зебоишиносии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ташхиси саҳми ин адиб дар пешрафти афкори адабии форсии тоҷикӣ ба гузаштаҳои дуру наздик рӯ овардааст. Ва эътироф бояд кард, ки муҳаққиқ ба туфайли чашмандози пурвусъат ва меҳнати пурмашаққати худ ба мақсад расидааст. Абдунабӣ Сатторзода на танҳо назариёти Абдурраҳмони Ҷомиро аз рӯи асарҳои сершумораш, балки муҳимтар аз ҳама, дар ҳамбастагии онҳо бо таҷрибаи эҷодиаш муайян намудааст. Муаллиф бо ин асараш исбот кард, ки ба баъзе масъалаҳои мураккаби илмӣ мустақилона даст зада метавонад, на фақат барои таҳлили мушаххас, балки барои ҷамъбастҳои назарӣ ҳам қобилият дорад.

Абдунабӣ Сатторзода аз бисёр ҳампешагони ҳамдавронаш бо он фарқ мекард, ки ҳам дар бораи назария ва амалияи адабиёти гузаштаи форсии тоҷикӣ ва ҳам дар бораи назария ва амалияи адабиёти имрӯзаи тоҷикӣ хуб менавишт. Ӯро аз ин ҷиҳат метавон давомдиҳандаи анъанаи насли авва ли адабиётшиносон ва мунаққидони тоҷик Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода ва Носирҷон Маъсумӣ номид. Дар солҳои 60-70-ум як силсила тақризу мақолаҳои танқидии ӯ дар заминаи адабиёти муосир, аз ҷумла шеъри Мирзо Турсунзода, Лоиқ ва дигарон ба чоп расид ва диққати аҳли адаб ва танқидро ба худ ҷалб намуд.

Мақолаи машҳури ӯ «Шеър ва зиндагӣ» (1975) оғози баҳси ҷиддӣ ва доманадоре оид ба шеъри кунунии тоҷикӣ гардид. Мунаққид тамоюлҳои асосии инкишофи шеъри тоҷикӣ ва падидаҳои чашмгиреро, ки дар он аз охири солҳои 50-ум ва дар зарфи солҳои 60-70-ум намудор шуда буд, муайян намуда, масъалаи муҳимми зарурати боло бурдани ҷанбаи ҳунарии шеъри муосирро ба миён гузошта буд. Мулоҳизаву мушоҳидаҳои Абдунабӣ Сатторзода дар бораи шеъри шоирони тоҷик аз бисёр ҷиҳат ба роҳҳои инкишофи он беасар намонд. Ва бесабаб нест, ки Устод Мирзо Турсунзода дар яке аз гузоришҳояш дар бораи адабиёти муосири тоҷик аз боби нақди адабии тоҷикӣ дар он солҳо сухан ронда, аз ӯ ба ҳайси яке аз беҳтарин мунаққидон ном бурда буд.

Аз нимаи дуюми солҳои 70-ум доираи тадқиқ ва нақди Абдунабӣ Сатторзода густурдатар гардида, назараш амиқтар ва навиштаҳояш гуногунпаҳлӯ ва гуногунжанр шудаанд. Вай дар ин солҳо ва замони баъдтар дар баробари пажуҳиши шеъри гузашта ва имрӯзаи форсии тоҷикӣ ба баррасӣ ва нақди насри муосир, забоншиносӣ, нақди нақд, тарҷума, эҷоди чеҳраҳои илмӣ, адабӣ ва ҳунарӣ, пайвандҳои адабӣ, китобҳои дарсӣ, адабиёти кунунии Афғонистон ва ғайра шуғл варзидааст. Беҳтарин навиштаҳои ӯ доир ба масъалаҳои инкишофи шеър ва танқиди адабӣ дар маҷмуаи мақо- лаҳояш бо номи «Нуқтаи пайванд» (1982) гирдоварӣ шудаанд.

Як хусусияти фарқкунандаи навиштаҳои ӯ дар ин солҳо иборат аз он аст, ки дар онҳо масъалагузориҳо бисёр ҷой доранд. Муҳаққиқ он масъалаҳоро аз дохили асарҳои бадеие, ки ба доираи тадқиқ кашидааст, кашф намудааст. Барои мисол, ӯ бо таҳлилу танқиди романи Фотеҳ Ниёзӣ «Ҳар беша гумон мабар, ки холист…» масъалаи дарки бадеии замони ҷанг дар адабиёт, бо баррасии шеъри Рӯдакӣ муаммои таҳлили яклухти каломи манзум, бо омӯзиши шеър ва гузоришу мақолаҳои Мирзо Турсунзода оид ба адабиёт консепсияи ташаккули тасвири воқеъбинона дар фаъолияти эҷодии шоир ва масъалаи мавзуи муосир ва тааллуқоти он, бо нақди шеъри Муъмин Қаноат мавзуи таносуби ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳунарӣ дар шеърро ба миён гузоштааст. Дар ин солҳо як қатор масъалаҳои сирф назарӣ низ, ба шумули даврабандии назариёти адабии форсии тоҷикӣ, адабиёт аз нигоҳи равишшиносӣ, консепсияи ягонагии таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, ҷанбаҳои методологии омӯзиши қиёсӣ ва типологии  назариёти адабии Шарқу Fарб, муаммои бозтоби намояндагони миллиятҳои дигар дар адабиёти тоҷикӣ, назари имрӯзӣ ба санъатҳои бадеъӣ ба гунаи асбоби тахайюл ва ғайра аз тарафи ӯ матраҳ гардидааст, ки арзиши баланди илмиро дороянд.

Китобу рисола ва мақолаву гузоришҳои Абдунабӣ Сатторзода ба нисбат он қадар зиёд нестанд, аммо қадру эътибори илмии ӯ байни аҳли зиё, ба вижа муҳити илмӣ ва адабии тоҷикӣ даҳҳо бор зиёд ва баландтар аст назар ба он олимоне, ки беист менависанд ва беист ба чоп мерасонанд. Аксари мақолаҳои ӯ муҳтавои як аcappo фаро гирифта ва баъди чопи онҳо баҳсҳои доманадоре бархоста, бо ҳамин ба раванди андешаву афкори адабиётшиносӣ ва муҳити адабии тоҷикӣ таконе бахшидааст.

Силсилаи чеҳраҳои адабӣ, илмӣ ва ҳунарии офаридаи Абдунабӣ Сатторзода, монанди «Марди тамом» (1977), «Дили беғаш»(1979), «Аҷаб асрор дар ин савту навост» (1979), «Гузоришгари коргоҳи сухан» (1981), «Эҳсоси иҷтимоӣ ва ҳунари шеър» (1982) ва «Гузашти айём ва сарнавишти инсони пок» (1989), ки мутаносибан ба Шарифҷон Ҳусейнзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷӯрабек Муродов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Муъмин Қаноат ва Ҷумъа Одина бахшида шудаанд, аз дастовардҳои илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик дар он солҳо ба шумор мераванд.

Пажуҳишҳои нуктасанҷонае, ки ӯ дар заминаи асарҳои адабии алоҳида анҷом додааст, намунаи барҷастаи таҳлилу таҳқиқи имрӯзӣ мебошанд.

Мақолаҳои вай «Тазодди зиндагӣ дар таносуби шеър» (1977), «Шеъри Рӯдакӣ ва муаммои таҳлили каломи манзум» (1979) дар бораи қасидаи ҳолияи устоди панҷрӯдӣ «Шикоят аз пирӣ», «Суруди озодии мардуми озод» (1978) оид ба «Марши ҳуррият»-и устод С. Айнӣ, «Ду тазмини маҷҳул бар як ғазали машҳур» (1988) аз хусуси ғазали устод Лоҳутӣ «Инқилоби сурх» аз он ҷумлаанд.

Абдунабӣ Сатторзода дар илм мушкилписанд аст. Вай ба масъалаҳои душвор, ҳалталаб, номаълум ва баҳсангез даст заданро дӯст медорад.

Барои ҳамин ҳам ба ҷойи кори тайёри «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдурраҳмони Ҷомӣ», ки онро соли 1975 дар шакли китоби алоҳида чоп кард, барои рисолаи докториаш мавзуи тамоман дастнахӯрдаи «Арасту ва назариёти адабии тоҷикӣ-форсӣ»-ро интихоб намуд ва онро пас аз таҳлилу таҳқиқи амиқ ва ҳамаҷониба дар соли 1984 бомуваффақият дифоъ кард. Аҳли илму адаб рисолаи ӯро ба сифати «яке аз асарҳои фундаменталии адабиётшиносӣ» (Расул Ҳодизода), «тамоман нав» (Аълохон Афсаҳзод) ва «бузург» (акад. Воҳид Абдуллоев ва проф. Ботурхон Валихоҷаев) «на танҳо дастоварди бузурги муаллиф, балки дастоварди тамоми адабиётшиносии шуравии тоҷик ва илми адабиётшиносии кунунӣ» (Раҳим Мусулмониён, Юсуф Акбарӣ) ва «шарқшиносӣ» (Наима Қаҳҳорова, Абдулло Юлдошев ва Тоҷиддин Мардонов) дониста буданд.

Масъалаи таъсири «Поэтика»-и Арасту ба назариёти адабии Шарқ агарчи дар охири асри XIX ба миён гузошта шуда буд, ҳамоно бағоят баҳсангез боқӣ мемонд. Донишмандони кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, ки дар байнашон дар Давраи нав аввалин тарҷумон, ношир ва муҳаққиқони тафсирҳои арабии Стагирит буданд, монанди Д.Марголиус, Э. Ренан, Г. Риттер, С. А. Бонебаккер, Я. Ткач, бар он ақида буданд, ки пайравони шарқии Apасту бинобар сабабҳои айние гӯиё осору афкори ӯро то ба охир дарк накардаанд. Ва чун натиҷа агарчи «Поэтика» борҳо ба забонҳои сурёнӣ ва арабӣ тарҷума ва тафсир шудааст, чандон таъсири назаррасе ба поэтикаи арабӣ ва назариёти адабии он нарасондааст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи онҳо, таъсири онро пайдо намудан душвор мебошад. Дертар аз ақидаи мазкур академик И. Ю. Крачковский, тарҷумони форсӣ ва пажӯҳишгар Суҳайл Афнон, донишмандони мисрӣ Абдурраҳмони Бадавӣ, фаронсавӣ Амжад Трабулси, яҳудӣ Шмоло Пайнз ва дигарон ҷонибдорӣ намудаанд.

Рисолаи доктории Абдунабӣ Сатторзода моҳиятан кӯшиши нахустини ба таври мусбат ҳал намудани таъсири «Поэтика»-и Aрасту ба назариёти адабии арабиву форсӣ, аз ҷумла ба афкори адабии форсии тоҷикӣ буд.

Пажуҳишгар бар хилофи ақидаи маъмул исбот намуд, ки «Поэтика»-и Арасту на танҳо таъсири зиёде ба инкишофи баъдинаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ дар Садаи миёна расонида буд, балки он омили эҷоди назариёти нотакрори адабие аз ҷониби машшоиёни шарқӣ низ гардид.

Дар рисола бори нахуст ҷанбаҳои мантиқӣ ва хитобии назариёти шеъри машшоиён кашф ва таҳқиқ гардидааст. Бори нахуст муаммои модификатсияи назарияи муҳокоти машшоиёни шарқӣ бо тамоми густурдагӣ матраҳ ва ҳаллу фасл шудааст. Муаллиф комилан дуруст натиҷагирӣ кардааст, ки тарҷумон ва тафсиргарони шарқии Арасту, сарфи назар аз сабабҳои мавҷудаи айнӣ ва зеҳнӣ моҳияти назарияи муҳокоти Арастуро дуруст баён кардаанд.

Абдунабӣ Сатторзода ҳамчунин масъалаи таъсири эстетикаи Юнони Қадим ва Шарқро дар Садаи миёна ба назариёти аврупоӣ ба миён гузошта буд, ки худ як соҳаи адабиётшиносии муосири тоҷик мебошад. Муаллиф зикр кардааст, ки афкори эстетикии атиқӣ – Юнони Қадим, ки худ мураккаб (синтези) аз тамоми назариёти пешина, аз ҷумла шарқӣ буд, ба туфайли муаллифони Шарқи Миёна ва Наздик дар Асрҳои миёна дар сурати тарҷума ва тафсирҳо ба «Поэтика» ва «Риторика»-и Арасту зинда гардида, Fapб тавассути тарҷумаҳои лотинии онҳо бори аввал аз назариёти Юнони Қадим ва Шарқ огоҳӣ ёфт. Осори машшоиёни шарқӣ, аз ҷумла Форобӣ, Ибни Сино ва Ибни Рушд нуқтаи пайванде дар фарҳанги ягонаи башарият гардидааст.

Муваффақияти Абдунабӣ Сатторзода аз он аст, ки ӯ ба кашфи усули аслие, ки дар тарҷума ва тафсирҳои «Поэтика» ба кор гирифта шудааст, ноил гардидааст ва дар ҳамин асос назариёти адабиро дар Садаи миёна ба нақди шеър ва нақди мантиқӣ тақсим намудааст. Пажуҳишгарон то ба ӯ дар бораи дараҷаи таъсири «Поэтика»-и Арасту танҳо аз рӯйи нуфузи он ба нақди шеър қазоват карда, аз нақди мантиқӣ – фалсафӣ сарфи назар намудаанд. Муҳаққиқ ба таври боварбахш исбот кардааст, ки нақди мантиқии арабию форсӣ ба ҳайси шохаи ҷудогона тибқи қонунҳои хоси худ ва аз рӯи усули хеш инкишоф ёфтааст. Бо назардошти маҳз ҳамин нукта муқарризи аввали рисола шарқшиноси маъруф И. С. Брагинский гуфта буд, ки «дар рисола ҳама чиз нав аст: тарзи дахолат ба мавзуъ ва натиҷаҳои он. Абдунабӣ Сатторзода тавонистааст, ки қабати наверо дар адабиётшиносии Шарқ – назариёти нотакрори шеъри машшоиёни Шарқи Миёна ва Наздикро кашф ва таҳқиқ намояд». Дарвоқеъ, маҳз ба шарофати ӯ сарчашмаҳои назарие, аз қабили тарҷумаи арабии Абу Бишр Матто ибни Юнус, «Тафсири хурд ё Донишномаи арузӣ»-и Ибни Сино ва «Хитоба»-и ӯ, тафсирҳои миёнаи Ибни Рушд ба «Поэтика» ва «Риторика», яъне «Китоб-уш-шеър» ва «Талхис-ул-хитоба», талхисҳои Насираддини Тӯсӣ «Дар шеър (Поэтика)» ва «Дар хитоба (Риторика)» бори нахуст ба доираи таҳқиқи адабиётшиносии ватанӣ кашида шуданд.

Мулоҳизаҳои боло дурустии суханони академик Раҷаб Амоновро, ки дар рӯзи ҳимоя гуфта буд, тасдиқ мекунанд: «Хусусияти хосси Абдунабӣ Сатторзода ба ҳайси адабиётшинос ва мунаққид он аст, ки корҳои ӯ ҷиддӣ мебошанд. Ӯ ба анҷоми корҳои сapосемавор, норасида ва нопухта майл надорад ва равшан аст, ки ҳаргиз чунин нахоҳад кард. Ҳамаи он чизҳое, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, дар байни аҳли илму адаб шуҳрати сазовор ёфтаанд»… Шояд баъзеҳо гумон карда бошанд, ки фаъолияти сиёсӣ ва давлатӣ Абдунабӣ Сатторзодаро аз олами илму адаб дур намудааст. Аммо ӯ мисли пешина дар ин ҷодаҳо низ бо истифода аз фурсатҳои муносиб ва аз ҳисоби хобу роҳат босамар кор кардааст. Шоҳиди он миқдори зиёди мақолаву гузоришҳояш дар заминаҳои мухталифи адабиёт, забон ва фарҳанги тоҷикӣ мебошад, ба шумули «Шеър дар аҳди Борбад» (1990), «Тарзи сухани Хоҷу» ва зарурати баррасии ҷанбаи ҳунарии шеъри форсӣ (1991), «Шеъри Турсунзода ва асолати шеър» (1991), «Лузуми ҳамгун сохтани истилоҳот дар забони форсӣ (дарӣ ва тоҷикӣ)» (1991), «Адабиёти форсӣ дар ҳавзаҳои дигар» (1992), «Қолибгароӣ дар «Шоҳнома» (ё исботи Қонуни риояти қолиб дар адабиёти Садаи миёна» (1995), «Мавлавӣ Ҷунунӣ ва китоби ишқии эшон» (1996), «Валӣ Самад (достони марди донишманд, миллатпараст ва намакшинос)» (1997), «Даври Сомониён ва мушкилоти ташаккули миллати тоҷик» (1999), «Форсизабонони бегона ва ягона» (1998), «Шеъри ҳолия дар аҳди Сомониён» (1999), «Пайванди шеър ва мусиқӣ дар аҳди Борбад» (1999), «Сӯгворӣ дар рӯзи чили шоири бузурги тоҷик Устод Лоиқ» (2000), «Мероси дили шоири дилдода ва озода (2001), «Тӯрон ва тӯрониён аз нигоҳи Фирдавсӣ (2001), «Беҳзод ва муаммои ягонагии усули тасвир» (2001) ва ғайра.

Мақолаи «Бақои абад ё оғози фано» аз пурдардтарин навиштаҳои Абдунабӣ аст. Вай чун фарди баномуси миллат аз фоҷиаи ба сари забони модариаш омада хомӯшона гиря мекунад. Сабаб ва натиҷаи ин фоҷиаро ошкор месозад ва барои ҳаммиллатонаш ҳушдор медиҳад. Ба ниҳонтарин решаҳои фоҷиа сарфаҳм меравад ва онҳоро якояк берун мекашад ва ҳамзамон дар роҳи ислоҳи онҳо тадбир меҷӯяд ва дастур медиҳад.

Рисолати таърихии ин мақола дар рӯзҳое, ки аҳли ватанхоҳи миллат ба мубориза барои истиқлоли миллӣ аз мубориза барои забони давлатӣ қадам гузошта буд, боз ҳам барҷастатар намудор шуд. Ва барои ба роҳи дурусту рост даромадани раванди мубориза барои забони давлатӣ нақши муассире гузошт. Абдунабӣ бо ин мақола ва он навиштаҳояш, ки аз забон ва услуби нависандагони ҷудогонаи тоҷик ва эронӣ сухан ба миён оварда буд, забоншиноси хуб буданашро низ нишон дод.

Абдунабӣ Сатторзода ба ҳайси пажуҳишгари адабиёти форсии тоҷикӣ берун аз Тоҷикистон низ шуҳрат дорад. Як силсила мақолаҳои ӯ дар нашрияҳои муътабартарини Афғонистон, Эрон ва кишварҳои дигар, аз қабили «Хуросон», «Дониш», «Хуҷҷат», «Иҷтимоӣ улум», «Шеър», «Центральная Азия», «Жулдыз» ва ғайра ба табъ расидаанд. Бештар аз 15 мақолаи ӯ дар шаҳрҳои Боку, Алмати, Степанакерт, Кобул, Киев, Маскав, Стокҳолм ва Лондон ба забонҳои русӣ, озарӣ, туркӣ, қазоқӣ, украинӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд.

Як қисми фаъолияти эҷодии Абдунабӣ Сатторзодаро тарҷума ва таҳрир ташкил медиҳад. Аз он миён нашри «Фанни шеър»-и Ибни Сино (1980), тарҷумаи рисолаи Ибни Рушд «Китоб-уш-шеър» (бо ҳамкории Фарҳод Деҳотӣ) (1985), чопи «Чаҳор китоб» (Душанбе, 1990; Маскав, 1991) ва «Малфузот»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (1992) қобили зикр мебошад.

Абдунабӣ Сатторзода на танҳо донишманди номӣ ва адиби шинохта аст, балки омӯзгори варзида ҳам мебошад. Солҳое, ки ӯ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дарс мегуфт, ба дарсҳояш шогирдон аз факултаҳои дигар ва донишгоҳҳои дигар меомаданд, зеро дарсҳояш нотакрор буданд. Вай бо овардани тарҷумаи ҳоли адибон ва зикри номгӯйи осори онҳо қаноат намекард. Адабиётро ба ҳайси як шохаи ҳунар ва дар заминаи таҳлили бевоситаи намунаҳои он таълим медод. Солҳои мудириаш дар кафедраи адабиёти классикии тоҷик дарсҳои ихтисосии наверо, аз қабили “Ҳофизшиносӣ”, «Мавлавишиносӣ», “Низомишиносӣ”, «Авестошиносӣ», «Нукоти қуръонӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ» ва «Адабиёти арабизабони форсии тоҷикӣ» ҷорӣ гардонд ва ба ин кор беҳтарин мутахассисонро аз донишгоҳҳои дигар ва Академияи фанҳо низ ҷалб карда буд. Мавсуф дар бадали се сол устоди Пуҳантуни Кобул низ буд ва дар давраҳои лисонс, фавқуллисонс ва магистрӣ сабақ меомӯзонд. Зери раҳнамоии ӯ пуҳонд Абулқайюми Қавим (Афғонистон) рисолаи докторӣ, Ф. Алиева ва Ш. Исрофилов рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд. Бо ташаббуси ӯ дар ҷумҳурӣ маҳфили «Рӯдакихонӣ», ки замоне қатъ гaрдида буд, аз нав зинда гардида, дубора ба як падидаи умумиҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар он на танҳо донишмандони тоҷикистонӣ, балки аз мамлакатҳое чун Эрон, Афғонистон, Русия ва ғайра ширкат меварзиданд.

Хулоса, Абдунабӣ Сатторзода адабиётшиноси донишманд, адиби нуктасанҷ, омӯзгори нодир, сиёсатмадори ватандӯст ва дипломати ботадбир реша аз дарахти пурбори одамият дорад. Ҳар коре, ки аз дасташ меояд ва аз уҳдааш мебарояд, ба ғамзадаҳо ва гирифторони мусибат ва ё беинсофиҳо дареғ намедорад. Ва чунин ба назар мерасад, ки шоири тавонои форсигӯй Ахавони Солис гӯиё байти зеринро аз забони Абдунабӣ гуфта бошад:

Дилам сӯзад, саре чун дар гиребони ғаме бинам,
Барои ҳар диле ҷӯшу ҷилои дигаре дорам.

Абдунабӣ Сатторзода дар айни авҷи камолот қарор дорад ва мо бовар бар он дорем, ки ӯ бо асар ва корҳои шоистаи хеш дар оянда низ дар пешрафти илму адаби тоҷик ва обрӯву эътибори бештаре пайдо намудани Тоҷикистони азизи мо дар арсаи ҷаҳон саҳми арзандаи худро хохад гузошт.

Муҳаммадҷон Шакурӣ,
Валӣ Самад

Дигар хабарҳо