ОЗМУНИ ИСТИҚЛОЛ

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврал то августи соли 2026 дар байни адибон озмуни беҳтарин шеър, ҳикоя ва асарҳои кўдакона эълон мегардад. Ҳадафи он эҷоду пешниҳоди асарҳои шоиста дар васфу тараннуми арзишҳои миллӣ, дастовардҳои замони истиқлол, саҳми Пешвои гиромии миллат дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.

Муаллифон асарҳояшонро бояд то 1 августи соли 2026 бо рамзи «Ба озмуни Истиқлол» ба унвони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ш. Душанбе, кўчаи Исмоили Сомонӣ, 8, почтаи электронӣ: adibon_2011@mail.ru) ирсол намоянд.

Асарҳои арзанда дар нашрияҳои ИНТ интишор меёбанд.

Шеърҳо бояд аз 100 сатр, ҳикоя ва асарҳои кўдакона (шеър, ҳикоя, афсона) аз 10 саҳифаи А-4 (фосилаи байни сатрҳо 1) зиёд набошанд.

Барои ғолибони озмун ҷоизаҳои зерин муқаррар шудаанд:

Дар бахши шеър:
Барои ҷойи аввал – 3000 сомонӣ;
Барои ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ;
Барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.

Дар бахши ҳикоя:
Барои ҷойи аввал – 3000 сомонӣ;
Барои ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ;
Барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.

Дар бахши адабиёти кўдакон ва наврасон:
Барои ҷойи аввал – 3000 сомонӣ;
Барои ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ;
Барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо