Тавре огоҳӣ доред, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар байни адибон озмуни беҳтарини шеър, ҳикоя ва асарҳои кӯдакона эълон карда буд. Ҳадафи он эҷоду пешниҳоди асарҳои шоиста дар васфу тараннуми арзишҳои миллӣ, дастовардҳои замони истиқлол, саҳми Пешвои гиромии миллат дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва […]Идома...
Бо тавсияи роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва пешниҳоди иштирокдорони ҳамоиши ҷумҳуриявии “Бурду бохти ғазали имрӯз” ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” бо мақсади тарғиб ва рушди жанри суннатии ғазал дар адабиёти муосири тоҷик озмуни ҷумҳуриявии “Ғазали беҳтарини сол”-ро эълон мекунад. Ғазалҳои пешниҳодшуда бояд ҷавобгӯи суннатҳои беҳтарини ҳунарӣ, бадеӣ, мазмунӣ ва ғоявии ғазалсароии форсии тоҷикӣ бошанд. Муаллифон метавонанд […]Идома...
Дар партави сиёсати адабмеҳвари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар Тоҷикистони азизи мо боз ду ҷашни бузург – 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода баргузор мегардад. Вобаста ба бузургдошти ин ду адиби варзидаи тоҷик, ки барои рушди афкори адабию фарҳангӣ, […]Идома...
Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад, ки дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза, қарорҳои бахшҳо ва Раёсати Кумита асарҳои зерин ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2026 пешбарӣ […]Идома...
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврал то августи соли 2026 дар байни адибон озмуни беҳтарин шеър, ҳикоя ва асарҳои кўдакона эълон мегардад. Ҳадафи он эҷоду пешниҳоди асарҳои шоиста дар васфу тараннуми арзишҳои миллӣ, дастовардҳои замони истиқлол, саҳми Пешвои гиромии миллат дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими […]Идома...
Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат» тибқи фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо мақсади тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳову хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори ваҳдати миллӣ»-ро эълон мекунад. Озмун аз рӯйи се номина баргузор мешавад: […]Идома...
Кумита озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соли 2026 эълон мекунад. Пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25 декабри соли 2025 сурат мегирад. Ба озмун асарҳое, ки дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун дастоварди арзишманди эҷодӣ сазовори эътирофи ҳамагонӣ шудаанд, пешниҳод […]Идома...
Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон 11-уми ноябри соли 2025, соати 9-00 баргузор мешавад. Сабти ном аз соати 8-00 то 8-40. Аз тамоми аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хоҳиш дорем, ки дар соати муқарраргашта ҳозир шаванд. Макони баргузорӣ: Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи ИНТ &Идома...
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ Конференсияи байналмилалии «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар рушди забону адабиёт ва фарҳангу тамаддуни ҷаҳон»-ро рӯзҳои 24-25 сентябри соли равон баргузор мекунад. Ба ин муносибат аз пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ҳофизшиносон даъват карда шудааст, ки дар мавзуъҳои зерин маърӯза пешниҳод кунанд: Нусхаҳои хаттии девони […]Идома...
Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар иртибот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» (№1406, аз 12.11.2004) озмунро барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи санъати мусиқӣ эълон менамояд. Озмуни мазкур бо мақсади рушди санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардонии композиторону мусиқишиносон дар роҳи офаридани асарҳои баландғояи […]Идома...



