ИФТИХОРИ ТОҶИКОН

 ИФТИХОРИ ТОҶИКОН

Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ
Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд.
Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.
                                                                 Бозор Собир

Мирзо Турсунзода (1911-1977) шоири бузург, ходими ҷамъиятӣ, вассоф ва тарғибгари ғояҳои сулҳу дӯстии халқҳо, баъд аз устод Са дриддин Айнӣ дар ҳаёти адабиву ҷамъиятии асри гузашта чун пеш барандаи маърифат ва адабиёту фарҳанги тоҷик эътироф шудааст. Вай симои нотакрор ва барҷастаи адабиёт мебошад, ки миллати тоҷикро дар ростои сиёсати давлати шуравӣ бо фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятиву давлатии худ, на танҳо дар миёни собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, балки берун аз марзи он ҳамчун миллати соҳибфарҳангу тамаддунсоз муаррифӣ кард.

Дар мавриди шахсияти Мирзо Турсунзода устод Айнӣ дар суҳбат бо Раҳим Ҳошим, ки аз он адабиётшинос Худойназар Асозода дар китоби «Воқеият, сиёсат ва Айнӣ» ёдовар мешавад, гуфтааст: «Ин ҷавони миёнақади пуррарӯи ҳисорӣ қобилияти аҷибе дорад. Гап фақат дар қобилияти шоирии вай нест, балки ӯ одамонро ба гирди ҳам ҷамъ карда, муборизаи худхоҳӣ ва худписандиҳоро барҳам дода, пеши роҳи зуҳури гурӯҳбандиҳо ва маҳалчигиҳоро гирифта, ҷиҳатҳои қавӣ ва неки ҳар яки онҳоро ёфта метавонад ва барои пешрафти адабиёт аз ранҷиш ва озурдагиҳои шахсӣ чашм мепӯшад».

Ин сифатҳои наҷиби инсониро дар симои Мирзо Турсунзода танҳо устод Садриддин Айнӣ кашф ва мушоҳида карда метавонист, зеро вай бо таҷрибаи бою ҳаёти пурихтилоф, заковатмандиву хирадмандӣ ва дурандешӣ дар тарбияи адибони ҷавони ҷомеаи навбунёд (давраи шуравӣ) мактаби бузургро таъсис дода, дар рушду ташаккул ва такомули адабиёти муосир замина гузоштааст. Котиби аввали ҳизби коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров низ дар фаъолияти минбаъдаи Мирзо Турсунзода нақшу мақоми хоссае дорад. Мавқеъ ва мақоми ояндаи Мирзо Турсунзода дар давраи шуравӣ дар хориҷи кишвар бо изҳори назар ва дастгирии чунин шахсиятҳои шинохта ва хайрхоҳ устувору пойдор гардидааст. Бобоҷон Ғафуров ба Мирзо Тунсунзода муроҷиат карда, чунин мегӯяд: «Шумо дар ҳақиқат ҳам вориси арзанда ва қонунии ганҷинаи бузурги назми ҳазорсолаи халқамон, шараф ва ифтихори адабиёти тоҷик мебошед, ки садои шумо орзую умедҳои тамоми одамони Шарқи бедоршударо ифода мекунад».

Маъруфият ва нуфузи Мирзо Турсунзода баъд аз анҷом ёфтани Ҷанги ҷаҳонӣ ва хусусан баъд аз таъйин шудан ба вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1946) дар ҳудуди ватану давлатҳои бародари шуравӣ ва берун аз марзи он густариш меёбад.

Ҳанӯз дар аввали солҳои 50-уми садаи ХХ Садриддин Айнӣ дар суҳбате бо як гурӯҳ адибони тоҷик, чунонки Фотеҳ Ниёзӣ ёдовар мешавад, ба Мирзо Турсунзода чун ба роҳбари арзанда ва ғамхори адабиёти мо баҳо дода буд. Ин баҳои баланд беасос набуд, зеро дар он солҳо Мирзо Турсунзода ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарварӣ карда, корҳои ташкилию эҷодиро хуб ба роҳ монд. Инчунин мақолаҳои танқидӣ навишта, ҷавононро раҳнамоӣ мекард. Махсусан мақолаҳои ба вазъияти назм бахшидаи Мирзо Турсунзода Айниро беҳад маъқул омада буданд ва ӯ ба номи Турсунзода мактуби миннатдорӣ низ навишта, қайд карда буд, ки «шоир ва адиби хеле пухта ва раҳбари донишманд аст».

То замони раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда гирифтан Мирзо Турсунзода дар вазифаҳои гуногуни адабиву фарҳангӣ фаъолият менамояд. Соли 1934 ба муносибати Анҷумани аввали нависандагони СССР дар қатори як гурӯҳ адибони тоҷик ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта мешавад. Солҳои пурдаҳшати 30-юм адиб як муддат Душанберо тарк карда, дар Хуҷанд истиқомат менамояд. Тавре адабиётшинос Худойназар Асозода дар китоби «Воқеият, сиёсат ва Айнӣ» зикр кардааст, бо дастгирии Раҳим Ҷалил, шоирони ӯзбекзабон Аширмат Назаров, Зариф Раҷаб ва рӯзноманигор Тоҷӣ Усмон дар Хуҷанд барои Мирзо Турсунзода муҳити хуби эҷодӣ муҳайё мегардад. Ӯ солҳои 1934-35 дар Театри мусиқию мазҳакаи шаҳри Хуҷанд вазифаи мудири қисми адабиро ба уҳда дошт. Ниҳоят, соли 1936 Мирзо Турсунзода ба Душанбе омада, то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни адабиву рӯзноманигорӣ фаъолият менамояд ва соли 1946 раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба зимма гирифта, то охири умр дар ин вазифа кор мекунад.

Мирзо Турсунзода чун шахсияти бузург буд, дар тарбияи ҷавонони боистеъдоду болаёқат, аз ҷумла Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Аскар Ҳаким, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис ва дигарон саҳм гузоштааст. Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ адибоне буданд, ки дар замони Мирзо Турсунзода фаъолият мекарданд ва имрӯз таърихи адабиёти муосири тоҷик бо номи онҳо алоқаманд мебошад. Адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон дар бораи вай чунин гуфтааст: «Устод Мирзо Турсунзода муаллим ва тарбиятгари воқеии як зумраи бузурги адибони чанд насл буд, ки роҳу мароми ӯро дар адабиёти мо идома додаанду медиҳанд. Ғаффор Мирзо, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Лоиқ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор ва даҳҳо шоиру нависандагони соҳибистеъдоди мо аз ҳамон мактаби шоириву инсонии устод Турсунзода сабақ омӯхтаанд. Руҳи шахсият ва шеъри устод на танҳо дар дилу ёди халқ, балки дар адабиёти тоҷик абадан зинда хоҳад буд».

Ҳамчун мунодии сулҳ, амну амонӣ Мирзо Турсунзода аз соли 1947 дар тамоми ҷаҳон Иттифоқи Шуравиро намояндагӣ намуда, дар дили ҳазорҳо мардуми ҷаҳон маҳбубият ва эҳтироми хосса пайдо кардааст, ӯ тақрибан ба 30 кишвари Шарқу Ғарб сафар доштааст. Дар бораи сафарҳояш шоир дар шеъри «Ватан» ёдовар шуда, менависад:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Бо вуҷуди он ки бештари умри Мирзо Турсунзода дар сафарҳои дур аз Ватан гузаштааст, дар ҳеҷ маврид Ватани маҳбубашро фаромӯш накарда, ба ин маънӣ дар охири шеър муҳаббату садоқати худро нисбат ба Ватани хеш ба тариқи зайл ифода менамояд:

Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Шеърҳои Мирзо Турсунзода саршор аз ситоишу васфи ғояҳои худ шиносиву ифтихори миллӣ, эҳтиром гузоштан ба гузаштагони хеш ва дар ин замина расидан ба дастовардҳои нави инсонӣ мебошанд, ки ба ин маънӣ шоир фармудааст:

Гар кунӣ парвоз, бо ёди падар парвоз кун,
Бобҳои тозаро дар пеши рӯят боз кун.
Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрӯхтанд,
Машъали тобандаи дастони пурэъҷоз кун.

Ба сафарҳои бешумор ва корҳои зиёди давлатию ҷамъиятӣ нигоҳ накарда, ӯ ғайр аз шеъру достон беш аз 200 мақола, эссе, очерк ва ёддоштҳои сафарӣ таълиф намудааст, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимми адабию фарҳангӣ ва иҷтимоии давраи шуравӣ баррасӣ шудаанд.

Айни замон дар бораи шахсият, фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии Мирзо Турсунзода ҳамчун тарғибгари ғояҳои сулҳ, дӯстии халқҳо ва мустаҳкамии муносибатҳои байналхалқӣ беш аз ҳазор қаламкаш мақолаву китоб таълиф намуда, таҳқиқоти судманд анҷом додааст. Вале бояд гуфт, ки то ҳанӯз ашъори содаву равон ва ҳамоно дилнишину ҷазоб, инчунин шахсияти устод, чун инсони дорои маҳбубияти умум миёни аҳли илму адаб ва мардум пурра ва ҳамаҷониба омӯхта нашудааст.

Барои хидматҳои бузург ва матонат дар бунёдгузории пояҳои истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи адабиёт, фарҳанг ва тарғиби дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 майи соли 2001 ба Мирзо Турсунзода унвони фахрии «Қаҳрамони Тоҷикистон» доданд.

Дар соли 2026-ум 115-солагии Мирзо Турсунзода – фарзанди барӯманди миллат ҷашн гирифта мешавад.

Бо ибтикор ва ташаббуси шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Куллиёт»-и шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи адабии Турсунзода бо тасҳеҳ, таҳқиқи мукаммал ва илмӣ боздид шуда, нашр гардид, ки гувоҳи фаъолияти пурсамари шоир мебошад.

Хуршеда ҲОШИМОВА,
адабиётшинос

Дигар хабарҳо