• 27.01.2026

Гаҳворабандон. Абдулвосеъ Сангинов

Худованд ба инсон ҳаёт додааст, то ки дар ҳамин умри начандон дароз хушбахтона зиндагӣ бикунад. Хушбахтӣ чист? Ҳаёти осудаю ширин дар ҳалқаи фарзандону набераҳою хешовандон, ҳамсояҳо ва ҳамдиёрон ва илму ҳунар омўхтану хидмат кардан ба халқу диёри хеш. Ҳамин ҳаёти хушбахтона дар байни мардуми кўҳистон бо риояи расму оинҳои миллӣ ва эҳтироми самимонаи ин арзишҳо дар зиндагии ҳаррўза боз рангинтару пурмаънотар мешавад. Ҳатто расму оинҳои ҳамон маҳале, ки кўҳистониҳо дар он макон зиндагӣ мекунанд, барояшон арзиши бузурге доранд. Кўҳистониҳо ин расму анъанаҳоро самимона эҳтиром мекунанд ва анҷом медиҳанд то ба имрўз. Ҳаёти хушбахтонаи худро онҳо дар риоя ва анҷоми ин расму оинҳо мебинанд. Зеро ҳангоми иҷрои ин амалҳо гузаштагон – аҷдодии худро ба ёд меоранд ва ба хотири анҷоми ин расму оин гирди ҳам меоянду хурсандӣ мекунанд.

Ҳангоми баргузории ин расму оинҳо, мегўянд, ки дар фалон замон падарон ё бобою бибиҳоямон ин амалҳоро ин тавру ё он тавр анҷом медоданд.

Пас аз ба дунё омадани тифл дар хонадон падару модар нияту орзуҳои ширин мепарваранд ҷиҳати тарбия ва ба камол расонидани ин вориси ояндаи авлодашон. Тифл хоҳ духтар бошад, хоҳ писар, барои аҳли хонадон фарқе надорад. Фарзанд фарзанд аст. Лаҳзаҳои аз ҳама ширин аст барои кўҳистониҳо ба дунё омадани тифл дар хонадонашон.

Баъд аз як ҳафта ё даҳ рўзи ба дунё омадани тифли навзод, волидайни ў аввалин анъанаи миллиро анҷом медиҳанд. Ин маросим, ки ҳатман дар кўҳистон анҷом дода мешавад, гаҳворабандон ном дорад ва он тартибу қоидаи хешро дорост. Пас аз таваллуди тифл падару модари арус, ки тифлро зодааст, гаҳвора ҳадя мебиёранд. Ин ҳам анъанаи мо тоҷикон аст, ки падару модар барои тифли аввалини духтарашон ба ў гаҳвора ҳадя меоранд. Ин нишонаи арзи эҳтирому дўстдории онҳо ба фарзанди фарзандашон мебошад. Инчунин, ин гаҳвора нишонаест аз авлоди онҳо ба насли ояндаашон. Дар ин гаҳвора тамоми фарзандони ояндаи духтарашон ба воя мерасанд.

Рўзи баргузории маросими гаҳворабандонро волидайни соҳибхона муайян мекунанд ва пеш аз ҳама ба ин маросим падару модари арусро даъват менамоянд. Пасон чанд зани рўзгордидаи деҳа, ки фарзандони зиёду хушахлоқро тарбия кардаанд, инчунин набераю абераҳои зиёд доранд, даъват мешаванд. Ин занҳо маросими анъанавии гаҳворабандонро бо хурдтарин ҷузъиёташ медонанд ва ба ҷо меоранд. Як чизро таъкид кардан лозим аст, ки волидайни модари тифл ҳамроҳи гаҳвораи овардаашон тамоми ҷиҳози онро низ бояд омода бикунанд. Барои гузаронидани ин маросим тахминан панҷ ё ҳашт зан даъват мешаванд. Занҳои даъватшуда асосан пиразанҳо ва занҳои рўзгордида мебошанд, Онҳо аввал гаҳвораро бо тартиби муайян муҷаҳҳаз мекунанду пас соҳиби набера – момои тифли навзод, аз дасти аруси хонадон тифлро гирифта, ба он зане медиҳад, ки бояд тифлро дар гаҳвора бихобонад. Он зани баркамоли рўзгордида тифлро «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» гуфта, аз дасти момои тифл мегираду болои дастонаш мебардорад ва ба ҳозирин нишон дода мегўяд:

– Ман ҳозир ин дўстрўякро ба хонааш мебарам. Шумо розӣ ҳастед?

Ҳозирин бо як овоз мегўянд:

– Мо розӣ ҳастем, ки ин ширинакро ба хонааш бибаред, то ки бароҳат бихобад.

Зане, ки бояд тифлро дар гаҳвора бандад, аввал ўро болои дастонаш бардошта, ба назди гаҳвораи ороста мебарад ва нахуст тифлро болои дастаи гаҳвора мегузорад ва ба ҳозирин нигариста мегўяд:

– Ана, ҳамин ҷо хобонам?

Ҳозирин бо як овоз мегўянд:

– Не, не, ба он ҷой нахобонед.

Боз тифлро ба пояи гаҳвора мебараду мегўяд:

– Ана дар ҳамин ҷой хобонам-чӣ?

Боз ҳозирин бо як овоз мегўянд:

— Не, не, ба он ҷой нахобонед.

Ҳамин минвол ин зан тифлро дар поёну болои гаҳвора чанд маротиба давр мезанонад, ба ҷойҳои номуносиби болои гаҳвора мегузораду ҳамин суханҳоро такрор мекунад. Боз садоҳои баланду хандаолудаи ҳозирин баланд мешаванд:

– Не, не дар он ҷой намонед…

Сипас он зан тифлро ба дохили гаҳвора гузошта мегўяд:

– Шояд дар ин ҷой хобонам?

Дар ин лаҳза ҳозирин бо як овоз мегўянд:

– Ана ёфтед хонаашро. Дар ҳамон ҷой хобонед.

Он зан тифлро дар гаҳвора хобонданӣ мешавад ва дар ҳамин лаҳза занҳои дигар мегўянд:

– Истед, истед, бибикалон. Аввал китобро биёред, зери сараш гузорем, ана баъд, ўро хобонед.

Соҳиби хонадон, ки китоби муқаддаси Қуръон ё девони Ҳофизро омада кардааст, дудаста бардошта, бо эҳтиром ба яке аз занҳо медиҳад. Ин зан китобро гирифта, ба зери болини тифл дар гаҳвора мегузорад.

– Ана акнун тифлакро хобонед дар хонааш. Калон шавад, ифтихори хонадон шавад. Омин! – мегўянд ҳозирин даст ба рўй кашида.

Сипас ба модари тифл, ки тифлро чӣ тавр нигоҳубин намояд, чӣ тавр ва кай ба тифл шир диҳад, мефаҳмонанд. Ҳангоми гаҳвораи тифлро дар хона танҳо мондан, дар болои гаҳвора бояд дос гузорад. Дос ин тифлро аз деву аҷинаҳо, умуман аз қувваҳои бадӣ, ки метавонанд ба ў зарар расонанд, ҳифз мекунад.

Ана, ҳамин тавр, маросими гаҳворабандон дар хонадони кўҳистониҳо анҷом меёбад. Аҳли хонадон инро хушбахтии худ ва тифл меҳисобанд.

Дигар хабарҳо