Ба муносибати 80-солагии Сафармуҳаммад Айюбӣ
ДИД ВА АНДЕШАҲОИ ШОИРОНАИ АЙЮБӢ
Сафармуҳаммад Айюбӣ аз онҳоест, ки банда ба ӯ ҳам чун ба инсон ва ҳам чун ба адиб арҷи баланд қоил ҳастам. Як инсони содиқ, хайрхоҳу некбин, ватандӯст, инсондӯст, пуртакопӯ ва хеле заҳматкаш буд Сафармуҳаммад Айюбӣ. Аз ин рӯ аз худ асарҳои зиёде ба мерос гузошт, ки имрӯз номи ӯро зинда медоранд.
Сафармуҳаммад Айюбӣ шахсиятест, ки дар адабиёти муосири мо тавонистааст ҷойгоҳи хоссаи худро пайдо кунад. Аввалҳо дар шеър ва баъдан дар драматургия Айюбӣ тавонист асарҳое эҷод кунад, ки пазируфта шуданду эътибор пайдо карданд. Ӯ яке аз драманависони фаъолест, ки бо тозагиҳои драматургии худ ба сафи драманависони боризи рӯз тавонистааст дохил шавад. Мо медонем, ки асарҳои саҳнавиии Айюбӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам комёб гардидаву сазовори ҷоизаҳо шуда буданд.
Аммо ҳоло банда мехоҳам чанд сухан дар мавриди ашъори Айюбӣ бигӯям. Ҳоло ду маҷмуаи ашъори Сафармуҳаммад “Роҳи сафар” (“Ирфон”, 1984) ва “Шохаи барқ” (“Ирфон”, 1986) зери назари мост. Як назари иҷмолӣ ба ҳамин маҷмуаҳо кифоя аст, ки истеъдод ва ҳунари шоирии Айюбиро тавонем бубинем. Ҳол он ки баъдан, дар тайи солҳои охир Сафармуҳамад Айюбӣ китобҳои зиёди шеър интишор додаасту дар онҳо аз китоб то китоб дастовардҳои хуби шоиронае доштааст.
Муҳимтарин хусусият ва сифате, ки шоирро шоир ва шеърро шеър мекунад, дид ва андешаи шоирона аст, ки дар пирояи зебои ҳунарӣ инъикос ёфта бошад. Мо маҳз аз ҳамин назар ба ашъори Айюбӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳем кард.
Ёдам меояд, ки дар он солҳои ҷавонӣ як шеъри Сафармуҳаммад Айюбиро дар ситоиши Ленин хонда будам, ки маро хеле мутаассир сохт. На бо он ки ба доҳии пролетариат бахшида шуда буд, балки бо он ки бозёфти баланди шоиронае дошт. Номи шеър айнан дар ёдам нест, аммо тахминан ба мавзуи “Ленин дар Разлив” бахшида шуда буд. Он ҷо аксе буд, ки Ленин танаи дарахтеро, ки ҳанӯз решааш дар замин асту аз боло бурида шудааст, мизи кории худ қарор дода, андешаҳои пешазинқилобии худро дар рӯйи он менавишт. Маънии шеър ин буд, ки пирӯзӣ ва тавоноии Инқилоби Октябр аз он буд, ки доҳии он андешаҳои инқилобии худро дар рӯйи мизе менавишт, ки решаҳои ин миз ба қаъри замини Рус фурӯ рафтаву аз он ғизо мегирифт. Ин тасвир маънои баланде дошт ва ногуфтаҳои зиёдеро дар худ таҷассум мекард. Воқеан, андеша хеле баланду шоирона аст ва онро метавон бозёфти муваффақи шоир ҳисобид. Яъне ҳанӯз дар шеърҳои аввалини худ Сафармуҳаммад бозёфтҳои зебои шоиронае дошт, ки на ба ҳар шоир даст медиҳад.
Дар шеъри дигаре аз маҷмуаҳои дар боло номбурдаамон ситоиши шахсияти бузургро чунин тасвири ҷолиби шоирона медиҳад:
Аз каломаш шарора меборид,
Ҳар шарора аланга меафрӯхт.
Оташи ҷовидонаи суханаш
Зулмати золимонаро месӯхт.
Ин тасвирҳои шоирона, ки хеле дурахшонанд, ҳақиқатеро ҳам бо худ мебаранд. Диди шоиронаи Сафармуҳаммад Айюбӣ ҳанӯз дар он шеърҳои маҷмуаҳои аввалаш ҳувайдо буд ва ин дид фалсафае ҳам дошт. Метавон гуфт, дар шеъри “Роҳи сафар” шоир фалсафаи роҳҳоро ҳам кашшофӣ намудааст:
Роҳҳо бар каҳкашонҳо мебаранд,
Роҳҳо бар қаъри дарё мебаранд.
Роҳҳо асло намегарданд пир,
Роҳҳо моро ба фардо мебаранд.
Пажуҳиш ва маънидоди шоиронаи роҳҳо дар шеър идома меёбанд:
Роҳҳо балки дарозу кӯтаҳанд,
Ҳар яке монанди набзи хунгузар.
Гӯшае мемонад аз авҷу самар,
Кӯр гардад чашми пайроҳе агар.
Дар ин радиф, ки тасвирҳо ҳама бадеъ ҳастанд, баногаҳ байте рӯ мезанад бо ҷилои зебои шоирона ва бо тозагии тасвир, ки гувоҳи ба ҳам омадани дид ва андешаи шоирона дар шеъри шоиранд:
Зумрае дидам ба роҳи ройгон,
Шуҳрати беҳуда барпо мекунанд.
Дар такопӯ аз пайи молу манол
Роҳро пайтобаи по мекунанд.
“Роҳро пайтобаи по кардан” тасвирест ба куллӣ наву маънидор. Ё бубинед, “паҳн шудани садои хомӯшӣ”-ро танҳо шоир метавонад эҳсос кунад ва ин байт ҳам гувоҳи муваффақ шудани шоири ҷавон дар тозаҷӯйиҳои шоирона аст:
Паҳн гардад садои хомӯшӣ
Аз ҳамин марқади бузурги замин…
Дар шеъри дигаре бо номи “Гагарин” андешаи дигари шоиронаи Айюбӣ рӯ мезанад:
Худ мадори дигаре пайдо намуд,
Берун аз ҳадду мадори хокдон.
Шуд агар ки ҳамнишини нуриён,
Ӯ намеафтад дигар аз осмон.
Манзури мо ҳамин мисраи охир аст: “худ намеафтад дигар аз осмон”, ки дар пасаш маъниҳои ногуфтае дорад.
Истифодаи шоиронаи рамзҳоро низ дар шеъри Сафармуҳаммад метавон мушоҳида кард. Масалан, дар шеъри “Хӯса” ин ҳунари шоир падидор аст. Ё дар ин радиф Чилчароғи Ховалинг, ки манзур чил чанор аст, тасвирҳои шоиронаи рамзҳоро доранд:
Ба рӯзҳои сияҳ, шомҳои тулонӣ
Чиҳил қалам зи дили асри бесамар рустанд.
Зи боди тунди разолат агарчи бишкастанд,
Чу орзуи дили халқ аз дигар рустанд…
Ситода дасти ба ҳам ҳамчу дӯстони қарин,
Намуда шохаи худро чу даст пасту баланд.
Миёни деҳаи зебо чиҳил чанори бузург
Зи нағмаҳои сабо гӯиё ки мерақсанд.
Банда шеъри “Подабон”-ро дар ин маҷмуа яке аз шеърҳои муваффақ ва хуби Айюбӣ медонам, зеро хонанда пас аз мутолиаи он як маълумоти равшан аз ҳаёти мардуми деҳа, аз манзараҳо, аз ҳолу аҳволи зиндагии рустоӣ ва чӯпон пайдо мекунад ва дар ин росто ҳунари тасвиру суварнигории муаллиф ҳам зоҳир мешавад:
Ҳой-ҳою ҳуштаки ӯ мекунад,
Гӯӣ бедор офтоби хуфтаро.
Мекунад бедор дар афкори ман,
Шеърҳои гуфтаю ногуфтаро…
Тавассути ҳунари тасвирнигории шоир тасвирҳо пайваста ҳамдигарро комил мекунанд ва ин таблои тасвирии манзараи деҳа комилтар пеши назар ҳувайдо мешавад:
Паҳн мегардад ба водӣ бӯйи шир
Ҳар дам аз эҳсони марди подабон.
Мешавад боло суруди кӯҳсор
Аз забони молҳои безабон,
Меравад бо подаи худ подабон,
Файзро ӯ худ тасаввур мекунад…
Шом базми подабону подааш
Деҳаро аз зиндагӣ пур мекунад.
Аслан дид ва андешаи шоирона ба шоир имкон медиҳад, ки пайваста аз манзараҳои табиати кӯҳистон тасвирҳои ноби шоирона эҷод кунад. Масалан, тасвири “шохаи барқ” тозагоние дорад дар ин шеър. Ин шеърро метавон ба пуррагӣ овард ҳамчун намунаи хуби ҳунари тасвирсозии шоир:
Селаи абрҳои фасли баҳор
Менамояд чу қитъаи шудгор.
Моҳи нав медавад миёнаи абр,
Медурахшад чу теғаи испор.
Нурҳои сафеди ахтарҳо
Менамоянд мисли сихмола.
Гӯйӣ пасту баландиҳои меғ
Қитъа бар қитъа мешавад мола.
Мефитад дона-дона ахтарҳо
Рӯйи ин марза аз кафи анҷум.
Шохаи барқ мешавад пурбор,
Ҳамчунон хӯшаи пури гандум.
Барқ монанди гулхани деҳқон
Медурахшад (шарораҳояш гул),
Дони борон зи хӯша мерезад,
Ба замин ҳамчу гандуми думбул.
Бубинед, чи қадар бой аст ин қитъаи шеър аз тасвирҳои ноби шоирона: чун қитъаи шудгор намудани селаи абри баҳор, давидани моҳи нав дар миёни абр ва чун теғаи испор дурахшидани он, мисли сихмола намудани нурҳои сафеди ахтар, мола шудани пасту баландиҳои меғ қитъа бар қитъа, аз кафи анҷум дона-дона афтодани ахтарҳо рӯи марз, чун шохаи барқ пурбор шудани хӯшаи пури гандум, дурахшидани барқи шарораҳояш гул чу монанди гулхани деҳқон, зи хӯша рехтани дони борон ба замин ҳамчун гандуми думбул….
Шеъри “Нимтан” дар ситоиши сарбози аз дифоъи Ватан баргашта он қадар дардомез аст, ки наметавон онро бе таассурот бихонд. Шеъри “Асп” мисли қиссаест, ки дар он ҳаёти дардноки инсони пурэҳсос таҷассуми шоирона дорад. Чунон ки мебинем, ҳеҷ шеъре дар ин маҷмуа тасодуфӣ нест ва ҳар шеър боре мебарад ҳадафнок.
Дар ҳар шеъри Айюбӣ кӯшиши образнок, бо тасвирҳои ноб сухан кардан падидор аст:
Қамар чун духтарони инқилобӣ
Фаранҷӣ дар алавдони шафақ сӯхт.
Миёни шомгоҳон ахтаронро,
Ту гӯӣ, ибрати озодӣ омӯхт…
Тасвири ноби дигар аз шеъри “Манзара”:
Офтоби саҳарӣ чеҳра кушод,
Ҳамчу модар ба сарам даст ниҳод.
Сӯзану риштаи хуршеди баҳор
Дӯхт дар махмали водӣ гули хор.
Гашт андар назарам деҳаи ман
Ҳамчунон хоҳараки куртачакан.
Гашт пурнақш бари кӯҳу камар,
Шишаи об бишуд равшантар.
Тофт дар ойинаи оби равон
Сурати майдаи Хуршеди калон.
Бисёр ҷолиб аст, ки ин тасвирҳо бори маъно мебаранду ҳадаферо пайгирӣ мекунанд ва ҳунармандона бо бадеияти хос ифшо гардидаанд.
Дар шеъри “Модар” шоир муҳаббати хонадони худро ин қадар самимӣ ва воқеӣ ба тасвир мекашад:
Ожангҳои рӯйи ту чун ҷӯяҳои хушк
Бе чашмаи баҳори ту беоб мондаанд?
Чашмони хиратоби ту чун моҳи тирамаҳ
Дар зери абри тирае бетоб мондаанд?
Як сифати ҷолиби эҷодиёти Сафармуҳаммад он аст, ки ӯ ба суроғи шеър ба дурдастҳо намеравад, ӯ шеърро аз муҳити худ пайдо мекунад ва дар ин кор ба ӯ самимият ва диду андешаи шоирона кумак мекунанд.
Дар шеъри “Хонаи ман” ӯ фалсафаи хонадориву ватандориро ба ҳам меорад ва ин фалсафа чунин аст:
Ватан аз хона мешавад оғоз,
Ватанам хонаи азизи ман аст…
Ҳар киро меҳри хонаю дар ҳаст,
Дар дили ӯ муҳаббати Ватан аст.
Ин эҳсосот то ҷойест, ки хона худ рамзи модар ва падар мегардад ва тасвири шоиронаи он чунин аст:
Медароям чу аз дарат, гӯё,
Медароям ба оғуши модар.
Вассаҳоят ба ёд меоранд
Дар сарам дасти меҳрубони падар.
Дарат, эй хонаам, дари дили ман,
Равзанат мисли дидаам равшан.
Ҳар куҷо, ки равам, ба ёди туям,
Ёди ту қуввати дилу тани ман.
Сафармуҳаммад дар ҳама зуҳурот шеърро дидаву дарёфтааст. Ин ки “Шохаи барқ аз само тобад, Дар назар гӯиё ки чун реша”… мушоҳидаи бебаҳс аст:
Реша гирад гулу гиёҳи баҳор
Дар бари кӯҳу дар бари беша.
Шохаи барқ аз само тобад,
Дар назар гӯиё ки чун реша…
Дар шеърҳои бахшида ба шахсиятҳо, аз ҷумла дар ду шеъри бахшида ба Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода, дар шеърҳои бахшида ба Ашӯр Сафар ва Одина Ҳошим ба ҷуз он ки тасвиру андешаҳои шоиронаи зебо доранд, шиносномаи хуби ин шахсиятҳоянд.
Бояд гуфт, ки шахсияти шоирон одатан дар шеърҳои онҳо зуҳури худро меёбад. Сафармуҳаммад Айюбӣ истисно нест. Мо медонем, ки Айюбӣ як инсони хоксору самимӣ буд ва табиӣ мезисту сохтакорие надошт. Ӯ ҳаргиз аз пайи молу ҳолу сарват набуд, ҳарчанд имкониятҳо дошт, соҳаи савдоро гузошту як умр заҳматкаши майдони сухан шуд, дар шеъри хеле муассиркунандаи “Маро бахшед” ӯ ба фазандонаш чунин муроҷиат мекунад:
Ҳашт фарзанди ман, маро бахшед,
Ки барои шумо накардам ҷамъ
Чу дигарҳо на сарвату мошин,
Ман қаноат намудаам бар кам…
Ҳарчи бигрифтаам аз ин дунё,
Самари меҳнати ҳалолам буд
Мевае хӯрдаам агар аз боғ,
Андар он боғ як ниҳолам буд.
Ҳеч гоҳе накардаам беқадр
Нони худро ба рӯи дастархон.
Мерасидам ба қадри оши ҳалол,
Мерасидам ба қадри бурдаи нон.
Ҳашт фарзанди ман, маро бахшед,
Сарвати беш агар накардам ҷамъ,
Набуд аз баҳри ман дар ин дунё
Сарвате беҳтар аз ками беғам.
Аммо имрӯз фарзандони ӯ метавонанд ифтихор кунанд, ки беҳтарин мерос аз падар ба онҳо мондааст номи неку обрӯ аз заҳматҳову ҷоннисориҳои падар дар роҳи ватандориву инсонигарӣ.
Бояд гуфт, ки мо дар мавриди як қисмати ашъори солҳои пешини Сафармуҳаммад сухан рондем, аммо эҷодиёти ӯ ҳам дар шеър ва ҳам дар драматургия хеле фарогир аст. Ба замми он ки Айюбӣ ходими бисёр фаъолу ҷоннисори фарҳангу маънавиёт ва ҷомеа буд, саҳми бузурге дар бунёди маънавиёти навини миллати соҳибистиқлоли мо гузоштааст.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
ЗАҲМАТПИСАНД
Ибтидои солҳои 1970 бо Сафармуҳаммад Айюбӣ дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») шинос шудам. Ҷавони хушсурат, сару либосаш озода, чусту чолок ва ширингуфтор. Он вақт ӯ амалдори соҳаи савдо, директори мағозаи овозадори «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб буд. Ба рӯзнома шеърҳо оварда буд. Мудири шуъбаи адабиёт шоир Салимшоҳ Ҳалимшоҳ шеърҳои ӯро дар ҳузураш хонд, банду мисраъҳоеро таъриф кард, мавзуи шеърҳоро писандид. Сафармуҳаммад шоду қаноатманд аз ин суҳбат Салимшоҳро барои як пиёла чой нӯшидан бурд, ки гуфтугӯро дар фазои дигар идома диҳанд. Онҳо пас аз чанде баргаштанд. Салимшоҳ Ҳалимшоҳ андаке ошуфта, Сафармуҳаммад хушҳол.
– Накун ин корро, – мегуфт ба ӯ Салимшоҳ. – Пушаймон мешавӣ. Шеър навису биёр. Мо мехонем, чоп мешаванд…
– Не, муаллим. Ман ба худам қавл додам, ки касби савдоро мепартоям, – мегуфт Сафармуҳаммад. – Ба рӯзнома ба кор медароям. Шеър менависаму мақола…
– Ба ин бача фаҳмонед, ки ӯ аз вазифаи равғандор наравад… Аз рӯзнома, аз шоирӣ чӣ меёбад?
Баъд шунидем, ки ба аҳдаш вафо кардааст. Сафармуҳаммад Айюбӣ вазифаи мудири мағозаи «Равшан»-ро партофта, ҷиддӣ ба хидмати рӯзномаву адабиёт камар бастааст. Аҷиб! Ӯ акнун дар ҳалқаи рӯзноманигорони солманду адибони маъруфи Кӯлоб – Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Ҳақназар Ғоиб, баъд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, бо ҷавонадибоне чун Муҳаммад Ғоиб, Сафар Айюбзодаи Маҳзун фаъолона ба эҷоди шеър машғул шуд. Навиштаҳояш пайваста ҳам дар рӯзномаи вилояти Кӯлоб, ҳам дар нашрияҳои Душанбе чоп мешуданд. Аммо эҷоди намоишномаи «Фишор» ва бо ҳамин унвон ба саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб (коргардон М. Миров) гузоштани он ва борҳо дар театрҳои пойтахт намоиш додану аз ҷониби пиру барно пазироии гарм ёфтан Сафармуҳаммад Айюбиро машҳур кард, ба ӯ болу пари қавӣ ва неруи бештари эҷодӣ бахшид.
Сафармуҳаммад Айюбӣ басо пурғайрату пурмаҳсул асарҳо эҷод кард, пай дар пай китобҳо ба нашр расонд. Оҳангсозони намоён ба шеъру таронаҳояш оҳангҳои марғуб офариданд, ки аз ҷониби сарояндагони мумтоз сароида мешаванд. Лекин фаъолияти намоишноманависии ӯ ҳайратангез мебошад. Махсусан, дар солҳои пурошӯби навадуми асри бист, ки вай ба пойтахт кӯчида, бо адибону ҳунарпешагони номдор ҳамкору ҳамсуҳбат ва шомили ҳайати намоишноманависон ва масъули баргузор кардани маъракаҳои бузурги сатҳи ҷумҳуриявӣ шуд, ин шохаи фаъолияти ӯ бештар густариш ёфт. Ӯ дар мавзуъҳои гуногун, кору рӯзгори шахсиятҳои таърихӣ драмаҳои манзуми зиёд навишт, ки бисёре аз нигоштаҳояш ба саҳнаи театрҳо гузошта шуданд.
Боре ба ман гуфт:
– Навад драмаи манзум навиштам.
– Офарин! – гуфтам ва шӯхиомез афзудам: – Аз байни навиштаҳоят даҳ асари нағз бошад, бас аст. Пас аз ду-се сол боз башорат дод:
– Шумораи драмаҳои манзумам ба як саду бист расид!
Ин гапаш муҳобот набуд. Сафармуҳаммад хушмуомила ва дидадаро буду бо коргардонҳо ва аҳли ҳунари театрҳо ҳамкории зичу пайваста дошт. Ғайрату заҳматро барои рӯйи саҳнаи театрҳои пойтахт ва шаҳру вилоятҳо гузоштани асарҳояш дареғ намедошт. Аз ин рӯ, намоишномаҳояш пай дар пай ба саҳна гузошта мешуданд. Оре, заҳматписандиву ҷонкоҳонии эҷодӣ ёри доимии ӯ шуд. Ашъори Сафармуҳаммад Айюбӣ гармии эҳсос, шавқу хурӯши ҷавонӣ, мушоҳидаву бозёфтҳои шоирона дорад. Чун қаҳрамони лирикии шоир мегӯяд: «Холи лаби ту доруи табам», ин шеър аст. Ва чун зиндаёд Давлатманди Хол бо овози гӯшнавозу муассир менолид:
Раҳдур модарам,
Ранҷур модарам.
Дер омадам ба кулбаат,
Эй хок бар сарам…
Ин ҳиссиёти ҷигардоғи фарзанди ғариб бешак шунавандаро сари андеша мекашад. Таронаи «Бе хоки Ватан ҳеҷам»-и Сафармуҳаммад Айюбӣ бо овози марғуладори Файзалӣ Ҳасан муассир ба гӯш мерасад:
Синбоди ҷаҳонгардам,
Саркардаи сад мардам.
Марҳамгари ҳар дардам,
Бе хоки Ватан ҳеҷам…
Сафармуҳаммад Айюбӣ ба подоши дастовардҳои зиёди эҷодӣ барандаи чандин ҷоиза, аз ҷумла, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон шуд. Вале чӣ метавон кард, ки ҳосили талошу заҳматҳои зиёди эҷодкор дарду ранҷ низ мешавад. Шоир дар охири умр бемори бистарӣ шуд… Ва ҳар гоҳе ба аёдат ба манзилаш мерафтам, ӯ аз болои кат бо табассум ва ҷабини кушода пешвозам мегирифт. Дар атрофи каташ ҳамеша набераҳояш саргарми бозӣ буданд. Ҳангоми ҳолпурсӣ ва суҳбат вай ба ман мудом ҷилди бузурги асарҳояшро нишон дода, бо табассум изҳор мекард:
– Ҳамаи навиштаҳоямро гирд оварда, чоп кардам… Ва он дам сатрҳояш бо оҳангу овози марғуладори Саидқул Билолов, ки бозгӯй аз умру хидмати бардавом розӣ будани инсонҳои заҳматписанду дар роҳи мақсад устуворро ифода мекунанд, ба ёдам мерасонданд:
Пушаймон нестам аз умри полида,
Ба пирӣ мерасам, аз хеш болид.
Абдулҳамид Самад,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
АЗИЗИ МОВУ ЯКТОИ ДИЛ
Сафармуҳаммад Айюбӣ дӯст ва бародари азизи мо – шоир, драманавис, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, аз шахсиятҳои обрӯманд ва шинохтаи миллати мо буд. Сафармуҳаммад қобилияти табиии шеъргӯйӣ дошт. Умуман, агар ба шаҷараи ин авлод назар афканем, эҳсос мекунем, ки авлодан одамҳои қобилиятноканд, инсонҳое ҳастанд, ки ба василае дар таърихи зиндагии хеш нақше гузоштаанд.
Сафармуҳаммад Айюбӣ низ аз ҷумлаи боистеъдодтарин шахсиятҳо ба шумор мерафт. Ӯ дар ҷодаи шоирӣ нуктасанҷ ва маъниёб ва бо тасвирҳои содаю ҷолиб ва муъҷизабаёнӣ шуҳратёр гардида буд.
Вай дар соҳаи савдо кор мекард ва мудирияти як фурӯшгоҳеро дар Кӯлоб бар дӯш дошт, вале бино бар он ки шоир буд, аз ин соҳа даст кашид ва аз пайи шеър рафт.
Замони дар соҳаи савдо кор карданаш шеърҳояшро ба идораи рӯзнома, назди ман меовард, ки чоп кунам. Ман дарк мекардам, ки ӯ қобилияти фавқулодаи шоирӣ дорад ва худаш низ инро мефаҳмид ва бо исрор ба ман мегуфт:
– Боз шеърҳои маро ислоҳ накунӣ?
Ман хандида мегуфтам:
– Мерасад рӯзе, ки шеърҳои туро ислоҳ карда намешавад, вале айни замон каме қалам задан даркор.
– Не, не, устод, қалам задан даркор нест, шеърҳои ман ана, ҳамин хел бояд нашр шаванд.
Бале, ӯ мехост шахсият будани хешро нишон диҳад. Рости гап, ин гуна хислатҳоро дар инсон меписандаму дӯст медорам, зеро чунин шахсон ба неруи тавонои худ бовар доранд. Инсонҳое, ки мехоҳанд худашонро нишон диҳанд, барои ин кӯшиш ҳам мекунанд. Онҳо шахсиятҳои хоссаанд ва ин як нишонаи соҳибистеъдод будани онҳост.
Сафармуҳаммад оҳиста-оҳиста ба хулосае омад, ки роҳи шеъру эҷод роҳи ҷиддӣ ва мушкил аст. Вақт ва фурсати зиёд даркор аст, шабҳои бехобиро паси сар кардан лозим меояд. Хулоса, шеъру шоирӣ нони муфт надорад, вале ҳама ин заҳматҳо роҳати ширин ҳам доранд. Вақте ки мебинӣ, як шеърат чоп шудаасту ба дарди ҷомеа марҳам гаштааст, ҳамаи заҳматҳо фаромӯш мешаванд.
Ҳамин тариқ, Сафармуҳаммад Айюбӣ ҷойи сердаромади савдоро тарк карда, аз пайи шеър шуд ва роҳи рӯзноманигориро пеша кард.
Рӯзноманигорӣ низ соҳаи сертакопӯ ва серташвиш аст, вақти муайян надорад, шаб ҳам кор асту рӯз ҳам.
Сафармуҳаммад ҳам аз ин гуна ашхос буд, аз мушкилӣ намеҳаросид ва гоҳе дар як вақт аз уҳдаи иҷрои чандин корҳо мебаромад.
Ӯ, ки соҳиби истеъдоди хосса буд, тавонист, ки ҳунари худро дар байни 10- 15 сол нишон диҳад ва ба дигарон дарси шеър низ омӯзад.
Ману ӯ ҳамчун бародару дӯст бисёр вақт дар сари як пиёла чой менишастему бо дӯстон ин нишастро ба маҳфили эҷодӣ табдил медодем. Ӯ шахси хайрхоҳ буд ва ёриашро аз шоирони ҷавон дареғ намедошт.
Сафармуҳаммад шахси ҳунарманд буд. Найро бисёр нағз менавохт ва аз беҳтарин мусиқинавозону мусиқишиносон маҳсуб меёфт. Ҳамин ҳунараш буд, ки ӯро ба эҷоди зеботарин таронаҳо бурд ва имрӯз сарояндагони номии ҷумҳурӣ таронаҳояшро бо завқ месароянд.
Сафармуҳаммад ҳунарманде бо истеъдоди табиӣ буд ва аз ин рӯ таронаю шеърҳояш низ бо равонӣ рӯйи дафтар мерехтанд.
Дар баробари шеъру таронаҳои беҳтарин ӯ асарҳои саҳнавӣ низ меофарид. Асарҳои зиёди ӯ дар саҳнаҳои бузург садо медоданд ва дар озмунҳо ҷойи намоёнро ишғол мекарданд. Яке аз беҳтарин асарҳои саҳнавии ӯ драмаи “Фишор” мебошад.
Кори эҷодии Сафармуҳаммад ба навиштани драма низ анҷом намеёфт. Вай саҳнаҳои бисёр калонро меофарид ва идора мекард. Саркоргардони саҳнаҳои зиёди ҷашнӣ буд. Гурӯҳи калони ҳунармандонро роҳбарӣ ва роҳнамоӣ мекард.
Яъне Сафармуҳаммад шоир ва ҳунарманди одӣ набуд. Ба ҳар соҳае, ки вобаста мешуд, онро уҳда мекард. Ҳамин тавр, дар шаҳри Душанбе саҳнаи чанд намоиши фарҳангиро, ки ба муносибати ҷашнҳои гуногуни таърихӣ буданд, нағз барномарезӣ кард.
Бо шукргузорӣ номи Сафармуҳаммад Айюбӣ аз байн нарафтааст. Мутаассифона, умри дароз ҳам надид, то 70-солагӣ расида натавонист, зеро назар ба он қуввае, ки дар ботин дошт, бештар мехост кор кунад. Умуман, оромишро намеписандид ва намехост, ҳарчанд аз зиндадилию нишастҳои дӯстона ҳеч гоҳ худро канор намегирифт. Афсус, ки беморӣ оқибат ӯро аз по фитонд ва бо ёрии шахсони муътабари ҷумҳурӣ, аз ҷумла раиси вақти шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Маскав ҷарроҳӣ шуд ва боз ба кори эҷодӣ баргашт, вале ҳаёт нисбат ба ӯ бевафоиро раво дид.
Сафармуҳаммад мегуфт: – Афсус, афсус, одам дар пеши беморию дард ва марг ҳеҷ поиш надоштааст. Воқеан ҳам умри инсон поянда нест. Ӯ дунёи фониро дар синни 66-солагӣ бо ормонҳои зиёд падруд гуфт, вале бояд гуфт, ки ин 66 сол ҳазорсолаҳои адабиро дар бар мегирад. Шеъри Сафармуҳаммад, ҳунари ӯ ва номи ӯ ҷовидонӣ хоҳад буд ва мо ин ҷовидонагиро эҳсос мекунем. Барои ин миллат, ин Ватан шеъри ӯ то ҷовидон хидматгузор хоҳад буд.
Руҳат шоду ҷовидон бод, дӯсти азизам, Сафармуҳаммад Айюбӣ…
Хушаъмолею хушавзои дил буд ӯ,
Рафиқу раҳбари зебои дил буд ӯ.
Ба эҷоду ба шеъру бо ҳунармандӣ
Азизи мо буду яктои дил буд ӯ.
Ҳақназар Ғоиб,
Шоири халқии Тоҷикистон



