Аз дафтари шеъри Нуқраи Суннатниё

 Аз дафтари шеъри Нуқраи Суннатниё

Шоираи ширинбаён  Нуқраи Суннатниё 75-сола шуд

ШОДХОНӢ

Халқи пурмеҳру суғдзоди маро,
Нурбуёду нуршоди маро
Эътиқодаш ба нур сармадӣ аст.

Нури Эзад ба раг-рагаш ҷорӣ,
Боварашро намебарад аз ёд,
Мезанад чарх даври оташи пок
Шаби ҷашни арӯсиаш ба мурод.

Дар бари кӯҳсори гардунбӯс,
То кашад сар чу қуллаҳо озод,
Ояти Нур хонад ӯ доим,
Ояд аз Нур бар дилаш имдод.

Эътиқодаш ба Нур сармадӣ аст,
Ки дили пур бигуфт Сарвари ӯ:
“Гар ҷаҳон сӯямон назар накунад,
Сад рақам сад агар кунад эҷод,
Мо ба дандону панҷаву нохун
Мешкофем кӯҳи хороро,
Мебарорем нур аз Роғун!”

Гарчи осон набуд ин матлаб,
Гарчи арзон набуд ин эҷод,
Ваъдаву бовараш нарафт ба бод!

Инак, он рӯз, рӯзи ид омад,
Рӯзи фархундаи саид омад.
Чун диле дар тани Ватан Роғун
Метапад субҳу шом нурафзун,
Шодхонӣ кунанд мардуми шод.

Халқи хушмеҳру суғдзоди маро,
Нурбунёду нуршоди маро
Нури раҳмониаш муборак бод!
Партавафшониаш муборак бод!

МАРҶОНИ ХОТИРОТ

Ҳар шаб
Зи муҳраҳои тилои хаёлу ёд
Ман дона-дона чида,
Ба худ ҳадя мекунам
Марҷони хотирот
Чун пайки шодиву ғами ташвишҳои рӯз.

Аммо
Бонги азон чу мерасад аз гоҳи бомдод
Ҳамчун паёми рӯзи нав аз гоми бомдод,
Марҷони ман чу риштаи тасбеҳ бигсалад,
Марҷони ман пареш хурад бесадо яке
Бар сабзаҳои пурнами ташвишҳои рӯз.

Шаб ёдҳои ман чу ғизолон, ки медаванд
Дар пуштаҳои сабзу гуворои хотирам,
Осудаву хамӯш вале аз сари саҳар
Бар хоб мераванд
Дар сояҳои мубҳами ташвишҳои рӯз…

ВАТАН ОФАРИДӢ…

Ту мард офаридию зан офаридӣ
Ақиқи дақиқи Яман офаридӣ.

Харобии дунё биоростӣ,
Чаманро ба ранги чакан офаридӣ.

Басе офаридӣ зи мурғони хушхон,
Ба паҳлӯи булбул заған офаридӣ.

Зи рӯят ҷаҳон офаридӣ фиребо,
Зи бӯят ту мушки Хутан офаридӣ.

Гулу обу хокаш пур аз бӯи модар,
Зи меҳраш ба дилҳо расан офаридӣ.

Ба ҳам “мо” шудему ба пиндор танҳо,
Аз он рӯ, ки моро зи “ман” офаридӣ.

Ба васфат забон лаъли гӯёст моро,
Зи ҳар ганҷ боло сухан офаридӣ.

Ба ҳар кас, ки дорад ҳавои биҳиштат,
Биҳиште ба номи Ватан офаридӣ.

ШАБҲОИ КӮҲИСТОН

Чинорон масти шири моҳ тифлона
Ба шодӣ сӯи гардун даст меёзанд.
Ба ҳам барги дарахтон гӯшакӣ доранд,
Аз ин болонишинӣ сахт менозанд.

Ситода дар лаби ҷӯбор маҷнунбеди маҳзуне,
Сари зулфи пареши хеш дар широб мешӯяд.
Насими ошиқе бо кокулонаш мекунад бозӣ,
Зи ишқи Лайлию Маҷнун барояш қисса мегӯяд.

Навои булбул ояд то саҳар аз растаи гулҳо,
Сари гулхорҳо баски сар ояд умри зебояш.
Намеёбад шифо ин дарди ишқу захми пои ӯ,
Ки бо ин хор бинмудаст тавъам ишқи гулҳояш.

Ниҳон дар колаи тут аст рӯзону вале шабҳо
Ба як аҳвол чокак чок мегӯяд.
Гумонам, шаб, ки ғампарвартар аз рӯз аст,
Ғами пинҳони худро бо шаби ғамнок мегӯяд…

Садои чирчиракҳо низ меояд ҳаловатбор,
Ки шояд рози онҳо ҳам ба олам гуфтанӣ бошад.
Само чун духтари алмоспӯши шаб
Заминро бо тароват нур мепошад.

Хамида сояи кӯҳу дарахтон дар хами Даштак,
Ба рӯи сангҳо мастона дархобанду пуртобанд.
Ба ёди ҳар шаби афсонарангат, кӯҳсори ман,
Кунун чашмони ман дар хобгоҳи шаҳр бехобанд.

САФЕДОР

Бас дарахтоне дар атрофи сафедор
Нимхобу нимбедор,
Гӯиё дар рӯи по истода пинак рафтаанд
Аскарони хаста андар корзор.

Аз ҳама боло чу дар минбар сафедор
Шеър мехонад ба такрор.
Ту надонӣ,
Ман надонам
Рози пинҳони дарахтон,
Дар миёни нахлҳо шояд, ки шоир бошад он.

Шеър ҷӯшад дар забони баргҳояш,
Бишнавам бо гӯши дил савту садояш.
Аз сари шаб шоду бедор
Ҳулбаву вағничу гулхор,
Равзану дар, бому девор
Мениюшад то саҳаргаҳ
Шеъри рангини сафедор,
Лаҳни ширини сафедор,
Шеъри дарди марди ошиқ,
Шеъри ишқи як ватанбардӯши бедор.

Менишинам пушти шиша
Чашм бар «чашми сафедор»,
Шеър мехонад бароям
Шоири ошиқ — сафедор,
Нобу тар чун шеъри Бозор.

Шеъри ӯро мениюшад
Зуҳра аз гардун паривор,
Кокулони зарҳалинаш
Ҳалқа чун бар гардани ёр
Бар сари шохи сафедор…

АЗ САРГУЗАШТИ ОИНАҲО

Ман аз билоди нуру сафо ҳарф мезанам,
Аз ҷонфизой боғи Худо ҳарф мезанам.

Аз зодгоҳи Зуҳраву аз обҳои шаҳд,
Аз Ванҷи пур зи ганҷи вафо ҳарф мезанам.

Номи накӯву зеварам аз санги кӯҳи ӯст,
Аз кӯҳи лаълу яшму тило ҳарф мезанам.

Аз инсу ҷин ҳамебураму тайр мешавам,
Аз боли худ ба боли Ҳумо ҳарф мезанам.

Аз чашмасори домани маҳ об мехурам,
Чун обшор нағмасаро ҳарф мезанам

Ҳар субҳи нав ҳароина тавлид мешавам,
Аз саргузашти оинаҳо ҳарф мезанам!

Дигар хабарҳо