Ҳамдиле, ҳамназаре, ҳамсафаре

Ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ устод Гулназар Келдӣ
Аввалин шиносоӣ бо Гулназар
Аввалин шиносоии Ҳақназар бо Гулназари азиз ба василаи сағираи шоир, шоири тавонои миллат зиндаёд Ҳабибулло Файзулло сурат гирифтааст. Он вақт Гулназарро ба василаи як силсила шеърҳояш, ки баъди сафари хидматияш дар Афғонистон чоп шуда буд, ғоибона мешинохтам, вале ӯро акнун медидам. Дар як хонаяки пастаки тамоман назарногир, ки ранги офтобхӯрдаи кабуд дошт, Гулназар хушҳолона моро истиқбол кард, ки то ҳол дар хотираам нақш бастааст ва он хонача дар қафои бинои онвақта рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ҷойгир буд.
– Ман бароят Ҳақназарро овардам, – гуфт Ҳабибуллои азиз бо услуби зебои комилан ба худаш хосу зебанда ва муносиб.
– Ҳақназарро бо шеърҳояш мешинохтам, акнун худи Ҳақназарро шинохтам, – гуфта, Гулназар бо ман оғӯш ба оғӯш салом кард. Чашмони дурахшони ҷавонияш, ки дар умқ тамкини як бачаи деҳотии дардариро бо боварии ба худаш хос нигоҳ медошт, то алҳол дар хотираам мондааст.
Чизи дигари хотирмон як мисраи шеъраш аст, ки то ҳол вирди забонам мегардад: «Дар Самангон тахти Рустам интизори Рустам аст». Ҳозир ҳам тахти Самангони Рустам интизори Рустам аст, ки онро ман ҳамагӣ 10 баҳор пеш дар рӯзҳои Наврӯз, дар як сафари бародаршаҳрии вилояти Хатлон бо остони Мазори Шарифи Афғонистон дида будам ва ҳангоми тамошои мавзеи «Тахти Рустам» ин мисраъро бо овози баланд хондам: «Дар Самангон тахти Рустам интизори Рустам аст»…
…Ва воқеан ҳам «Тахти Самангонии Рустам» интизори ӯст. Рамзан тасаввур кардам, ки ин тахтро Аҳмадшоҳи Масъуд муддате чанд соҳибӣ кард, вале ӯро куштанд. Соҳиби дигари ин тахт Раббонии тоҷикро ва чанд Рустамнажоди дигарро низ куштанд… Ва Тахти Рустам бе ҳузури худи ӯву таҳамтанниҳодоне чун ӯ имрӯз вайронаро мемонаду Афғонистони азиз як навъ ба занбӯрҳои лонавайрон шабоҳате дорад. Киҳо лонаи муқаддаси ин маконро вайрон карданд, ҳазору як қиссаи печ дар печ дар ҳазорсолаҳои таърих аст, ки зикраш вақти дигарро мехоҳад.
Инак, эй миллат, тасаввур бикун ҳикмати як мисраи Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ, муаллифи матни «Суруди миллии Тоҷикистон» – яке аз муқаддасоти давлатдории мо – Гулназари азизро, ки имрӯз мо ӯро дар синни мубораки 80-солагияш пеши назар меорем ва ҳар субҳ бо беш аз 10 миллион сокинони Тоҷикистон бо овози мутантани «Суруди миллӣ» аз хоб, баъзан аз хоби гарон бедор мешавем.
…Гулназар худ яке аз содиқтарин фарзандон ба замони Истиқлол ва содиқ ба ғояҳои хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар соли базми сухани дӯстам Гулназар
Ин қисса низ кӯтоҳ, вале дар маънӣ дуру дароз аст: Вақте ки Гулназар китоби наваш «Оинаи ташна»- ро тақдимам кард, диламро тазоде бо наҷибияти эҳсоси одамӣ фишурд. Шоири тавонманди соҳибандеша бо гузашти сол ҷавонияшро ба ҳолати кунунияш муқоиса карда, афсонаҳои роҳи умрро пеши рӯ меовард, аз кӣ будан, кӣ шуданашро дар муқоиса мегузошт. Гулназар дар саҳифаи аввали китоб акси кунунияшро ҷо додааст, марди тамоман пухтаву солорандеш, дунёдида, баҳору хазони умрро аз сар гузаронида, бо симои шоирона, бо зебоии «ман»-и шоирона, ки салобаташ мебахшад, бо қудрати ботинӣ, ки чеҳрааш гувоҳӣ медиҳад…
Ва дар пушти китоб акси ҷавонияш, нигоҳи софу беолоиши орзу, орзуи як нафар деҳотибачаи дардариро ҷо додааст, ки либосаш аҳли зиё буданашро мегӯяду симояш қавигии иродаашро.
Ва боз як муқоисаи аҷиб: Дар ҳамин рӯзҳое, ки «Оинаи ташна»-ро мехондам, китоби дигаре аз Маскав ба дастам афтод. Ин китоби шоири дӯстам Анатолий Парпара буд. Парпара, шоири тавонои рус, яке аз дӯстони адабиёти тоҷик, девонашро ба дасти дӯсти азиз, табиби машҳури рӯҳшинос ва инсони наҷиб Муллозуҳур Тоҳирӣ ба камина равон карда буд. Дар рӯйи китоб Анатолийи тамоман ҷавон, мисли ҷавонии Гулназар, дар пушти китоб Анатолийи мӯйсафед… мӯйсафеди нуроние, ки ҳосили умрашро дар девон ғун кардааст ва аз ин симояш гӯё осоиш дорад… Инак, ин аст як пора афсонаи умр, афсонаи эҳсоси инсони эҷодкор, эҷодкори асил, ки барои ояндагон меофарад ва тақдирашон ба ҳам монандӣ дорад.
Боз эҳсоси «аз кӣ будан, кӣ шудан»-ро ба ёд меорем. Агар намехонд, намеомӯхт, истеъдодашро равнақ ва сайқал намебахшид, аз паси «кӣ» шуданаш намешуд, аз «кӣ будан, ба кӣ шудан» намерасид. Вале Гулназар аз ҷумлаи шахсоне набудааст, ки иродааш ӯро дар нимароҳ гузорад. Ва ин байти худи ӯ низ гувоҳи матинии иродаи ӯ буда метавонад:
Номардии мард агар бувад кори қазо,
Ковус кунад, валек Рустам накунад.
Ва ин шеърро Гулназар ҳуқуқи гуфтан дорад, ки худ Рустами шеъри мост ва барои адабиётамон рустамона хидмат, рустамона майдондорӣ мекард. Ӯ воқеан ҳам дарду ғами бузурги писаркушии Рустамро, ки сарнавишташ ҷовидона бо сарнавишти миллати мо печидааст, эҳсос мекунад, он захмро дар дили хеш тоза карда, дар як ҳолати ҷигарсӯз мегӯяд:
Аз дурии дур Рустамам мегӯяд:
Суҳроб накуштаам, ки ӯ кушт маро.
Вале афсона бо ин ба охир намерасад. Дарси сабақомӯзӣ ҳанӯз ба поён нарасидааст. Зеро инсони хомкору хомхаёл ҳамеша ба камол ниёз доштааст. «Бояд дар чоҳе, ки пешиниён афтодаанд, наафтод». Вале сабақ ҳанӯз комил нест, зеро худи инсон комил нест, зеро маърифати сабақомӯзӣ то ба он ҷо нарасидааст, ки ин маънӣ ҳамеша хотирмон бошад ва сипари ҳамешагии сабақомӯз гардад. Ин аст, ки боз дар чоҳ афтидан пеш меояд ва инсон Суҳроб – писари дигарашро низ нашинохта, теғ дар ҷигаргоҳ мезанад. Ин сабақи хунин ҳушдор медиҳад, ки хавфи падар куштану писар куштан аз байн нарафтааст ва ин сабақ аз қаламкаш офариниши пандномаҳои тозаро мехоҳад, пандгӯӣ куҳна намешавад ва он бо шакли наву тоза ба забон меояд, то тифли гаҳвора осуда хобад, то оянда чун ин тифл аз гаҳвора ба по хезад, шарҳи дақиқтараш: ояндаи башарӣ дар гаҳвора дар айёми тифлӣ хафакуш карда нашавад. Ин ғам панди бузург аст, ки Гулназар ба ҷон эҳсос мекард:
Имрӯз агар ман ғами фардо нахурам,
Бори ҳавасам зи боғи дунё нахурам,
Эй тифлаки ман, ки субҳи уммеди манӣ,
Хокам бихурад, агар ғаматро нахурам.
Инак, ин аст ҳастии Гулназар, маънии буду боши Гулназари азиз, ки дар сухан заршинос аст.
Ҷон Ҳақназаро,
Гулназарат омаду рафт
Ҳар гоҳ ки ӯ маро суроғ мекард, мепиндоштам, ки бо ҳама бузургӣ, бо қуллаи баланди шеъру муҳаббат, одаму одамгарӣ якҷоя бо муқаддастарин эҳсоси инсонии «Дӯст» Гулназар суроғам мекунад…
Ҳар гоҳ ки ӯ суроғамро мегирифт, ҳис мекардам, ки ҳамдилу ҳамдам ва дар ҳама дарду ғам ғамшарике дорам.
Ҳар гоҳ ки ӯ суроғам мекард, ҳис менамудам, ки як Тоҷикистони танҳо суроғи як кӯлобии танҳо мекунаду танҳоиро мекушад. Оҳ, бе суроғи ӯ ман чи қадар эҳсоси танҳоӣ мекашидам ва бо ӯ бо Тоҷикистони танҳоиям рӯбарӯ меомадам, бо Тоҷикистоне, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва умуман дунё, чун охирин мероси давлатҳои барбодрафтаи тоҷик – Ашкониёну Сосониён ва Ҳайтолиёну Сомониён, чун дурахш, зебу фарр ва шукӯҳмандии офтобии Ориёни ягона бароямон боқӣ мондааст ва ман дар Гулназари азизтарин азиз ин азизиҳоро эҳсос мекардам ва бо он дурахши ду давлати тоҷикии дигар – Тоҳириёну Саффориёнро ҳам эҳсос менамудам.
Ӯ буд, ки дар ниҳонхонаи дили ман ғурури бузурги инсониро бо фурӯтании азалӣ, бо бузургтарин фоҷеаҳои миллӣ ҳамқисмат қувват мебахшид ва дар бузургии аз ин болотари ғурураш дар фазои муносибати бародаронаамон умеди дурахшон ба ояндаро кашф мекард, ҳама пасту баланд ва фоҷеаҳои инсониро дар мудҳиштарин асри парвозҳои мушакӣ оромона ба мушоҳида мегирифт, оромона таровиши эҳсосашро бо сухани барҷастарин рӯйи дафтар мерехт ва ман ин бузургии оқилонаи ӯро бо фурӯтании оқилонааш дар радифи бузургони миллат дар як рада мешиносам.
Ӯ бузург буд, вале бузургтарошӣ намекард ва худро бо ҳама яксон медонист, ӯ бо ҳама баробар шаҳди ҳаёт мечашиду заҳри ҳаёт, бо ҳама, бо ғаму шодӣ, барору нобарорӣ, бо баъзе пайвандҳои ҳадафкушаш, баъзе… баъзе… баъзе, ки бузургони мо ин хел заҳрҳоро фаровон ва бо зарбаҳои қисмат фурӯ бурдаанд… ва фурӯ хоҳанд бурд.
…Ва аз қисмат шукр мекунам, ки бо ӯ ҳамқаламу ҳамзабонам, муҳаббат ва ғурури тоҷикии мо якдигарро мешиносаду мепарастад… Ва мани дӯст ташнаи суроғи ӯям ва ҳар гаҳ суроғам намекард, мепиндоштам, ки дунё суроғам намекунад. Агар суроғаш намекардам, ба бедунёиям рӯбарӯ меомадам. Балки меандешидам, ки Ҳақназари назаргумкардаи дунёиам бе Гулназари назаркардаи ҳақтаолоям.
Не, ман наметавонистам ӯро суроғ накунам, ҳарчанд гумон мекунам, ки ӯ метавонад суроғам накунад ва дар ҳар як суроғаш пораи шеъре ба ёдгор намемонад. Боре ӯ маро дар хона, дар деҳаи Офтоблиқо намеёбад ва ин чорпораро ба ёдгор мегузорад:
Ҷон Ҳақназаро, Гулназарат омаду рафт,
Он ёри ҳамеша дар барат омаду рафт.
Ҳеҷат хабаре нашуд, ки дар як дами хуш
Монанди нафас бар гузарат омаду рафт.
…Ва нафасам дар сина як дамак ҳабс мешавад, дилам ба тапиш медарояд. Чӣ шуд, ки офтоб гузари диламро равшанӣ бахшидаасту мани бехабар офтоб мекобам. Куҷост он эҳсоси шашум, ки мегӯянд, эҳсоси ғайбдонист, вале ин эҳсос маро нест. Дар сурате, ки дӯстам Гулназар агар эҳсоси ҳафтум ҳам мешуд, онро молик мебуд ва бо афсӯс қалам мегираму менигорам:
Ҷон Гулназаро, чун нафаси гул покӣ,
Аз доди Худо шоири хушидрокӣ.
Парвози баланди шеъри ту мегӯяд:
«Дар рӯйи замин марҳамати афлокӣ».
Хоки гузарам упо бишуд аз қадамат,
Накҳат ба димоғ ҷо бишуд аз қадамат.
Як лаҳза гумонам, ки Душанбеи базавқ
Меҳмони азизи мо бишуд аз қадамат.
Оре, дидори азизи ин дӯсти дардарӣ дидори азизи Душанбест, ки ман ба хотири муҳаббати ӯ мехоҳам душанбегӣ бошам ва аз Душанбе нарафтанам гоҳо сахт пушаймон мешавам. Вале боз меандешам, ки шояд ман дар Офтоблиқои азиз ҳамчун дар зодгоҳи Гулназар – дар Дардари азиз ҳамдеҳаи Гулназар монда бошам… ва Гулназар ҳар гоҳ, ки ба Офтоблиқо ояд, чи мешавад қабул дошта бошад, ки ба Дар-дараш низ омадааст. Ба гумонам, дили бузурги ӯ паҳноҳои беканор дорад, ки дар он Офтоблиқою Дар-дари зодгоҳаш, Дар-даре, ки Гулназарро муҳтарами дару даргоҳи дунё кардааст, бо офтоблиқоҳою дар-дарҳо меғунҷонад ва ба ин маънӣ мегӯяд:
Ҷон Ҳақназаро, ҳамқадаму ҳамдардам,
Гуфтори хуши туро таҳаммул кардам.
Кӯлоби азизро ба ёди хуши ту
Бигрифта ба худ ба пойтахт овардам.
Бай, бай, бай… мани дилбохтаи шеъру меҳри Гулназар, дилбохтаи дунё, назаркардаи Худои таоло, дар Кӯлоб чӣ гум кардам, ки ҳама Кӯлобро ба пойтахт бараду ман бандӣ дар Офтоблиқо монам? Чӣ поямро чунин маҳкам бастааст, ки ин гиреҳро ҳеҷ наметавон боз кард?
Бехонагӣ дар Душанбе ё меҳри зодгоҳ? Не, дар ин ду шаҳр хонаи дилҳо ҷойи мост…
Ва мо аз Кӯлобу Дар-дару Душанбе Тоҷикистон ва беканории Ориёнро ёфтем ва Тоҷикистони ягона хонаи ягонаи Ҳақназару Гулназари ягона аст ва Ҳақназари дардарии кӯлобӣ ба Гулназари кӯлобии дардарӣ мегӯяд:
Кӯлоби азизи ман парастори ту шуд,
Дар ҳар зикраш зикр зи гуфтори ту шуд.
Дурии ту, ки набуд мақбули дилаш,
Саргашта зи пушти ту шуда, ёри ту шуд.
Бале, Кӯлоби ман бо саломи меҳри ман, бо ошиқии ман муқимии Душанбеи азиз аст ва «Суруди миллӣ» суруди тамоми Тоҷикистон – нигини меросии Ориён аст ва он натанҳо дар забони мо, балки дар забони тоҷикони ҷаҳон аст, «Суруди тоҷикони ҷаҳон»-аш низ идомаи «Суруди миллӣ»-ст. Мани деҳотӣ бошам, бо хаёли кӯчаки деҳотиям аз чорчӯбаи андешаҳои деҳотиям берун намеравам ва наздик расидааст, ки Гулназарро низ деҳотӣ донам, чунон эҳсос, ки гӯё Гулназар танҳо Гулназари ман бошад, Гулназар бо назари худододаш ин андешаҳои кӯчаки деҳотии маро эҳсос мекунад ва бо як фурӯтании одамгарона гӯё тасаллоям медиҳад ва гулназарона менигорад:
Дар Душанбе марди кӯлобӣ душанбегист,
Дар сари ҳар як қадам як марди кӯлобист.
Бе ту аммо шаҳри ман холист,
Он чунон ки шаҳри Кӯлоби ту бе армони ту холист.
Даст бар сар мебарам, дар сукути «худ бо худ» сар мениҳам ва гӯё аланга мегираму бармехезам, ба Душанбе раҳсипор мешавам. Мехоҳам аз ҳар буттаву гул, хиёбону гулгаштҳои нотакрор, долу дарахтҳои гулбасари Душанбе ва шаршарае, ки дар маркази Душанбе шабеҳи Шаршараи Сари Хосор аст, ҳавои нафаси Гулназарро ба машом барам ва танҳоиямро дар ин шаҳри бузурги шукуфон бо ин хумор шикастанҳо кушам. Мисраи «Эй ғами танҳоии шоир ба хоки Тоҷикистон»-ро не, мисраи танҳоии худамро бо эҳсоси бо Тоҷикистон, бо дирӯзу имрӯзу фардои Тоҷикистон буданам таҳрир кунам.
…Аз афташ суханҳоям берабт менамоянд, он сон, ки ошиқ дар қолаби «рабте» худро ҷо додан намехоҳад.
…Ва ёд меорам лаҳзаҳоеро, ки бароям бисёр нотакрору хотирмон ҳастанд. Гулназари азиз ба Кӯлоб меояду суроғам мекунад. Ҳақназараш бистарист… кам не, се моҳ, се моҳи баробар ба се сол, се моҳе, ки то домони хонаам баромада наметавонистам… Дар ҳоле ки ду ҳафтаяк дар хона буданамро ҳам солҳост, ки ёд надорам. Чӣ илоҷ, аз қисмат гурез нест.
Ва бармехезам, ба аёдати дӯст меравам, гӯё болу пар мебарорам, ба оина нигоҳ намекунам, ки рангамро тарҷумонӣ кунад, ба оинаи чашми дӯст нигаристан мехоҳам, ки маро солим медораду солим нишон медиҳад.
Гулназар бо мардони хирад Нодир Фозилович, Қурбон Восеъ, ба сардори Хазинаи онвақтаи хайрияи «Сарпараст», ҷавонмарди олиҳиммат ва саховатманд Маҳмудҷон Муродов, онвақта сарпарасти кӯдакони бепарастор, маро ба тӯй хабар кардааст, тӯйи ятимон, ки бо ин хирадмандони Ватан тӯйдораш ӯст…
Ман бо Гулназару марди хирад, академик Нодир Одилов борҳо дар паҳлуи Маҳмудҷон истода, тӯйдор ҳам будем ва яке аз сафарҳоямон ба Нуробод (собиқ Дарбанд) рост омад. Гулназар ва Нодир Фозилович ҳарфи тасаллоро бо чунон устодӣ ба забон меоварданд, ки воқеан ҳам суханони тӯёнаю муборакбодӣ буданд.
Бале, ба сари фарзандони падарашон хирадмандони Ватан дасти меҳр мебурданд ва арзишмандтарин сухани Ватанро дар сарашон барчош мекарданд, ки ин суҳбати алоҳидаро мехоҳад.
…Ва он рӯз ҳам хирадмандони Ватан бо волотарин гавҳари сухани Ватан бо кӯлбори меҳру садоқати Ватан ба Кӯлоб барои баргузории тӯйи фарзандони Ватан омада буданд ва таманно доштанд, ки Ҳақназарашон низ бо онҳо дар муборакбодиҳои ин рӯзи саид тӯйдор бошад. Вале ман қудрати тӯйдорӣ надоштам ва тӯйдории хирадмандони Ватан бе ман гузашт. Вале ин як лаҳзаи дидор, ин лаҳзаи суроғи дӯст қудратам бахшид, ки ба по хестанро машқ кунам ва баъди он рӯз то ба ин рӯз шукри Худо, ки бапоям… шукри дидори ошно, ки шифобахшанда аст… ва Гулназар бадардтарин мисрае дорад: «Лаҳзае дар лаҳзаи ман бош».
Воқеан ин «лаҳзаҳо» чи қадар ғаниматанд, чун умри инсон, ки худ як лаҳза асту бо ғаниматии бебаҳо ба зиндаҳо насиб мегардад. Чӣ бояд кард? Пероҳани сухан бояд орост, ки намедарад, қасри сухан бояд афрохт, ки «боду бӯронаш» фурӯ натавонад рехт ва Гулназар ин пероҳани ороста ва қасри афрохтаи суханро дошт, он сон, ки худи ӯ мегӯяд:
Ман ҷойнамози суханат хоҳам дӯхт,
Дар пайравии сад чаманат хоҳам дӯхт.
Аз субҳи муаттару мусаффои баҳор,
Эй нози равон! Пераҳанат хоҳам дӯхт.
Ман Гулназарро дар ҳастии худ эҳсос мекунам, ӯ имрӯз дар байни мо набошад ҳам, овози меҳрашро мешунавам, лабхандаи нарму самимӣ ва дилбардории ӯ нерубахшам буд.
Ӯро дидан баробар дилам тасалло меёфт ва нидои баланд боло мекард:
Эй зиндаҳо! Мо зиндаем, шукрҳо, ки зиндаем ва эй зиндаҳо! Бошарафтарин руъёи ҳастӣ – зинда будан имрӯз насиби мост, якдигарро дӯст доред! Ва ёд оред, ки зодрӯзи Шумо нишонае аз зодрӯзи Ҳазрати Инсон аст. Шумо ба зодрӯзатон бардавомии умри инсонро барқарор месозед… Ва дар ин рӯз Гулназари азизамон низ рӯзҳои ҷавонии хешро пеши рӯ меовард ва дилаш аз ҷавон ҳам ҷавонтар мегардид. Имсол соли ӯст. Соли 80-солагии Гулназар, не, балки ҳама солҳо бо «Суруди миллӣ» соли ӯянд. Шеъри ҷавони ӯ ба садсолаҳои таърих нафаси ҷавонии ӯро мерасонад ва ӯ ҳамеша дар гӯшҳо таронаи зодрӯз мехонад:
Бингар ту ба базми зодрӯзи ману дил,
Поён набувад ба шодрӯзи ману дил.
Сад ҷом тиҳӣ шуду хуморам нашикаст,
Ёди ту ба хайру ёдрӯзи ману дил.
Гулназар шоири ормонҳои миллат аст, сурудаш «Суруди миллӣ», суруди тоҷикони ҷаҳон. Яъне Тоҷикистонро, ки Гулназарҳо дорад, наметавон хурд шумурд. Бузургии Тоҷикистон дар бузургии фарзандони ӯст. Ман ин заршиноси сухан, фарзанди барӯманди миллат, ин дӯсти ҷон ба ҷонро чун шахси ҷовидон барҳаёт ба ҷашни мубораки ҳаштодаш табрик мегӯям, ҳарчанд бо ҳасрат меандешам, ки Гулназари азиз дигар дар байни мо нест. Чанд тирамоҳон аст, ки мо бе ӯем, вале ҳар саҳар «Суруди миллӣ»-яш маро аз хоб бармехезонад ва аз умри ба ҷовидон пайвастаи ин дӯсти азиз паём мерасонад… Ашкамро пок мекунаму шукр мегӯям, ки Гулназар бо ман асту зинда, худро тасалло медиҳам: Ӯ намурдааст ва ин шеърро бо овози меҳр ба Гулназари ҷовидон зинда дар ин саҳифа ҷо медиҳам.
Қадри мо аз қадри кӯҳистони мост
Барои Гулназар
Меҳри дил мерезад аз паргори мо,
Нукта то бар нуктаи осори мо.
Оташистон аст раҳ то кӯйи дил,
Мурғи оташ хоҳад оташзори мо.
Кори мо аз ори мо оғоз дид,
Нек анҷомад ба дунё кори мо.
Дорбозӣ чун бувад кори сухан,
Хома бошад чӯбдасти дори мо.
Бахти мо хандад пайи хуни ҷигар,
Хандаву доғ аст дар гулзори мо.
Ташнакоми чашмасори шодием,
Гарчи бошад беғамӣ озори мо.
Савти рӯҳафзост моро дар сухан,
Дилхушӣ орад дили бемори мо.
Ишқ ганҷи синаи моро кушод,
Бошад аз дил давлати бедори мо.
То фишонад зар ба гардунҳо фалак,
Зар фишонад дар Ватан ашъори мо.
По ниҳад шеди Аҷам бар фарқи кӯҳ,
Нури нав гирад маҳи афкори мо.
Корвони кӯҳсорон дар раҳ аст,
Мерасад то рӯзи фардо бори мо.
Ҳақназар ҒОЙИБ