Ба ёди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов

 Ба ёди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов

              Ба муносибати 85-солагии Ато Муҳаммадҷонов

Гар назаркардаи Худо бошӣ,
Як ҳунарманд чун Ато бошӣ.
Ҳамчунон ў ба саҳнаи тоҷик
Ахтаре шав, ки дар само бошӣ.
Як қавирўҳ-Аҳмади Дониш,
Як хирадпешае чу Аллома,
Чун Имоми Бухории сонӣ
Бе ягон ҳуҷҷатеву бе нома.
Чун ҷавонмард буд беҳамто,
Чун ҳунарманд буд ў мумтоз.
Орифу ринд буду дурдошом,
Во дареғо, надид умри дароз.
Умри кўтоҳи ў вале чу китоб
Буд аз ҳикмату хирад саршор.
Ҷовидонӣ бимонда номи ў
Бо фурўғи нубуғи нотакрор.

Ибодулло МАШРАБ

Дигар хабарҳо