Зикри хайр. Ҷойи ӯ дар дида буд…

Рӯзи 13 сентябр аз пурсӯзтарин рӯзҳо дар ҳаёти банда буд. Ман дидам, ки шахси поку заминӣ, марди ростраву накукор, инсони шарифу худоҷӯ ва китобдору китобхон дар ҷомеа қадру манзалати зиёд доштааст. Азбаски марҳум бегоҳии рӯзи ҷумъа аз олам гузашта буд, ҷаноза ба соати 9-и рӯзи дигар вогузор шуд. Банда соати 7 назди хонаи раҳматӣ ҳозир шудам, ба худ гуфта будам, ки яке аз аввалинҳо шуда, худро он ҷо мегирам, вале дидам, ки дар назди ҳавлӣ аллакай одами бисёре аз пиру ҷавон дар ҳавлӣ ҳозиранд ва майдон об зада рӯфтагӣ, соҳибони маърака дар тан пӯшоки азодорӣ одамони ба ҷаноза омадаро қабул карда истодаанд. Дар назди дари даромад мизе гузошта, дар болои он китобҳои ба назму наср таълифнамудаи марҳум ва расми ӯ ба тартиб чида шуда буданд. Одамон гурӯҳ-гурӯҳ нишаста, дасти дуо мебардоштанд ва оҳиста-оҳиста рӯйи ҳавлӣ моломоли ба ҳамдардӣ омадагон мешуд.
Ҷаноза расо соати 9 дар масҷиди «Камонгарон»-и Душанбе баргузор гардид ва марҳумро дар қабристони навобод ба хок супурдем…
Банда дар хона китобҳои зиёди таълифкардаи ӯро варақгардон кардам. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, чанд муддат ба касби омӯзгорӣ машғул мешавад ва баъд ба кори рӯзноманигорӣ мегузарад ва аз соли 1993 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолият карда будааст. Аз соли 1993 асарҳояш бо номҳои «Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи паешонӣ», «Рӯшноӣ», «Фиреби меҳр», «Хилвати ойина», «Духтари афсонаҳо», «Домони абр», «Ашки сари миҷгон»… чоп шудан мегиранд ва аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегардад. Моҳи июли соли 2024 «Падар» ном асарашро бо соядаст ба ман тақдим карда буд. Дар ин китоб ғайр аз романи «Падар» чанд ҳикоя ва мақола низ дарҷ гардидаанд ва мақолаи охири китоб «Мо ба фалак меравем» номгузорӣ шудааст. Кас гумон мекунад, ки дар ин мақола ҳолати рӯҳафтодагӣ ва оҷизии муаллиф назди зиндагӣ ифода ёфтааст, вале дар он фалаксароӣ чун жанр ба таҳқиқ омада, аз гузашти рӯзгори ноҳамвори пешиниён панд гирифтан ва аз ин рӯзгори осоишта шукр кардани имрӯзиён таъкид ёфтааст. Умуман, дар осори зиндаёд рӯҳи қавии инсонӣ ва зиндагишиносиву инсонгароӣ васф мешавад.
Банда Абдулқодири Раҳимро чун рӯзноманигори ҳирфаӣ мешиносам. Зиндаёд ҳар як маводи ба ӯ вобастаро ҷиддан хонда, агар саволе пайдо шавад, дарҳол ба муаллиф занг зада, масъаларо дақиқ мекард ва иродаи худро назди муаллифон боло намегузошт. Ҳамеша таъкид мекард, ки имкони рӯзнома нисбат ба маҷалла дар чопи мақолаҳои ҳаҷим камтар аст ва муаллифон ин талаботро бояд ба назар бигиранд. Ӯ аз рӯзи чопи матолиб муаллифонро огоҳ мекард ва нусхае баҳрашон арзонӣ медошт.
Банда гоҳо ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақола бурда, ба ҳуҷраи кори ин марди шариф медаромадам ва аз суҳбатҳои намакини эшон баҳравар мешудам. Медидам, ки ҳама кормандони ин рӯзномаи бонуфуз ба ӯ бо эҳтироми хоса муносибат доштанд ва бисёр мехостанд, ки ин пири кор ҳамеша маслиҳатгар ва дуогӯи онҳо бошад. Афсӯс, ба марги носераму нотавонбин ин сарафрозӣ ва ин баҳрабардориҳои мо аз ин шахси дидадарои суханоро хуш наомад. Чӣ чора? Мо ба мутолиаи осори мондагори зиндаёд армон мешиканем ва боз худро ба муҳтавои ин байти шоир тасаллӣ медиҳем, ки гуфтааст:
Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номашба накуӣ набаранд.
Аламхон КӮЧАРЗОДА
* * *
Дареғнома аз реҳлати устод Абдулқодири Раҳим
Якчанд китобаш монд,
Дар гӯш хитобаш монд.
Сад пурсиши мо дар дил
Бе ӯву ҷавобаш монд.
Маъсум табассум дошт,
Бас лутф ба мардум дошт,
Хам буд сараш доим,
Ӯ одати гандум дошт.
Бо ҳар кӣ саломе дошт,
Ҳам тоза каломе дошт.
Ҳар субҳ зи Мавлоно
Пайғому паёме дошт.
Ҳам нарм сухан месуфт,
Ҳам гарм сухан мегуфт.
Бо номи Худо мерафт,
Бо зикри Худо мехуфт.
Хонаш буда аз коғаз,
Нонаш буда аз коғаз,
Ҳай рафт сабук аз хок,
Ҷонаш буда аз коғаз.
На нозу ғурураш буд,
Фархунда шуураш буд.
Як ҷазбаи раббонӣ,
Бешубҳа, ки нураш буд.
Сарвақти салимӣ дошт,
Сад панди қадимӣ дошт.
Дар гавҳари чашмонаш
Сад доғи ятимӣ дошт.
На аҳли рикобе буд,
Ҷӯяндасавобе буд.
Аз хониши бисёраш
Ӯ зинда китобе буд.
Якчанд китобаш монд,
Дар гӯш хитобаш монд.
Дар дидаи мо имрӯз
Тобуту шитобаш монд…
Бузургмеҳри БАҲОДУР