Хезад аз ҳар хона меҳандор баъди ин китоб
Нест осон доштан то ҷон супурдан хомаро,
Дӯхтан бо сӯзани як килк садҳо ҷомаро.
Пири Тӯсӣ низ дар сисола ранҷаш офарид
Шаҳкитобе баҳри садҳо пушти худ — «Шаҳнома»-ро.
Офаридан ҳаст мушкил қаҳрамони як китоб,
Лек бошад қаҳрамони Пири Тӯсӣ беҳисоб.
Кард мӯи қиргунро дар раҳи эҷод барф,
Зинда то гардад Аҷам, ҷон канд дар роҳи савоб.
Ранг то пайдо кунад, омехт сабзу зардро,
Ҷуст ҷои ганҷи бодовард обовардро.
Нест осон баҳри дарде ҳам давоӣ ёфтан,
Кард дармон бо сухан ӯ лек садҳо дардро.
Гӯиё то ҳол дар мулки сухан овора аст,
То абад ҳар порсии чораҷӯро чора аст.
Ҳаст то як решаи Заҳҳок боқӣ дар замин
Зери хок ӯ низ баҳри Ковае дилпора аст.
Ҳар кӣ хонад достони Рустаму Суҳробро,
Чашмаи хушк аст агар, эҷод созад обро.
Аз гуселаш пешвози қаҳрамон сангинтар аст,
Ӯ гирифтаст аз кӣ дарси сабру машқи тобро?
Пур зи дони кина бошад хирмани мақсуди ҷанг,
Тезоташ ҳам набошад сахтсӯз аз дуди ҷанг.
Соҳили амн аст агар бар ношиновар обраҳ,
Кам шиновар ҳам раҳад аз банди селу рӯди ҷанг.
Ҳар каси афтода ҳам бар хестан дорад умед,
Орзуи мевадорӣ парварад дар сина бед.
Баҳри мағлуб аст мотам ҷашни ғолибгаштагон,
Бурди Рустамро нахоҳад ҳеҷ Гаҳ Деви Сафед.
Шодии беғусса ҳам дар олами мавҷуда нест,
Гарчи пур аз гул намакзор аст, мушки суда нест.
Нанги ҳифзи сарҳадаш дорад ҳама қадри тавон,
То қиёмат Рустаму Афросиёб осуда нест.
Нест имкон чашми равғанбаста бинад дурро,
Беш созад фикри дорӣ сафи манфурро.
Бели тақсими хато гӯри Фаридунро биканд,
Дод аз даст Эраҷи нокому Салму Тӯрро…
Чун ба гетӣ Пири Тӯсӣ дидагони меҳр дӯхт,
Раҳми оташ бар Сиёвуш омаду ӯро насӯхт.
Лек душман раҳм бар ҷони ҷавони ӯ накард,
Рутбаи инсони худро ба ҳайвонӣ фурӯхт.
Дидаи Исфандиёр аз тири ноҳақ кӯр гашт,
Марди комил ёфтан душвор аз ин паҳндашт.
Ҳарфи чашми сурх гӯяд:- Қатл дорад хунбаҳо,
Шоҳнома оварад бар ёд садҳо саргузашт.
Дид Фирдавсӣ азобу роҳати ҳастӣ надид,
Як баландии ба дунё холӣ аз пастӣ надид.
Баҳри ҳушёрии меҳандор гуфт ӯ достон,
Қатрае дар бодаи умри худ аз мастӣ надид.
Шоҳнома ҷамъи таърих асту қомуси Аҷам,
Шаҳсутун бошад ба кохи осмонбӯси Аҷам.
Ҳам Каюмарс асту ҳам Ҷамшед, ҳам Золи Зар аст,
Ин китоби ибрат аст аз ҳар баномуси Аҷам.
Шод мегардад дили ғамдор баъди ин китоб,
Бар ҳама номус гардад ёр баъди ин китоб.
Пешво азбаски бар ҳар хона тақдимаш кунад,
Хезад аз ҳар хона меҳандор баъди ин китоб…
Муҳаммад Ғоиб