Раҳи раҳоӣ. Низом Қосим

Эй халқи ваҳдатофар,
Эй раҳкушо ватандор,
То манзили муродат
Бодо раҳи ту бисёр!

Моро ба роҳи қисмат
Мақсуд раҳкушоист,
Аз банду доми бунбаст
Ҳар раҳ раҳи раҳоист.

То Пешво раҳомӯз,
То халқ раҳкушо шуд,
Аз чорпора кишвар
Як мамлакат бапо шуд.

Як умр буд қисмат
Бунбаст халқи моро,
Шаҳроҳи раҳкушоӣ
Пайваст халқи моро.

Як роҳ роҳи наздик,
Як роҳ роҳи дур аст,
Бар чор сӯ валекин
Ҳар роҳ роҳи нур аст.

Аз нури чашми инсон,
Аз нури чашми мошин
Ҳар роҳро шабу рӯз
Чун субҳи босафо бин.

Ҳар роҳ мебарад роҳ
Рӯзу шабон ба манзил,
Ҳар роҳ мебарад бор,
Ҳар роҳ мебарад дил.

То раҳнамост Раҳбар,
То халқ роҳсоз аст,
Роҳи раҳоии мо
Бар сӯи бахт боз аст!

Раштонзамини раҳҷӯ,
Ин нақбу роҳ табрик!
Ин ифтихори подор,
Ин ифтитоҳ табрик!

Дар роҳи роҳҷӯӣ
Подор бод гомат!
Чун роҳҳои кишвар
Бодо баланд номат!

Дар ин раҳе, ки подор
Раҳ мебарад ба манзил,
Ҳар пул паёмбар бод
Аз соҳиле ба соҳил!

Эй халқи ваҳдатофар,
Эй раҳкушо ватандор,
То манзили муродат
Бодо раҳи ту бисёр,
То манзили саодат
Бодо раҳи ту ҳамвор!

Дигар хабарҳо