Номаи шодбошии ИНТ ба шоираи хушбаён Назокат Олимзода

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назокат Олимзода 18 июли соли 1955 дар ноҳияи Шаҳритус ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм карда, соли 1979 Донишгоҳи омӯзгории Душанберо ба поён расондааст. Солҳои 1992-1994 мудири мактаби таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ, солҳои 1994-2002 мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати ноҳияи Қубодиён, ҳамзамон роҳбари Созмони ҷамъиятии «Бунёдкор» буд.
Муаллифи маҷмуаҳои алоҳидаи «Хумори дил», «Ҳарири муҳаббат», «Оҳанги ёдҳо», «Парчами меҳр» ва ғайра мебошад.
Ҳамқалами худро ба муносибати ҷашни фархундаи 70-солагияш муборакбод гуфта, барояш сиҳатмандию сарфарозӣ ва эҷодиёти рангин таманно мекунем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон