Номаи шодбошии ИНТ ба шоири шинохта Саид Абдулло

 Номаи шодбошии ИНТ ба шоири шинохта Саид Абдулло

САид Абдулло 15 августи соли 1935 дар деҳаи Фаркаки ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Дастпарвари Омӯзишгоҳи тибби шаҳри Душанбе (1953) ва Донишгоҳи дорусозии шаҳри Пятигорски Федератсияи Русия (1965). Солҳои тӯлонӣ дар соҳаи дорусозӣ, аз ҷумла ба ҳайси сардори Сарраёсати дорухонаҳои ҷумҳурӣ, кор кардааст.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагон, муаллифи маҷмуаҳои шеъри «Дармони ҷон» (1983), «Мардумгиёҳ» (1985), «Дунёи дил» (1987), «Обшорон» (1989), «Дорухонаи табиат» (1991) «Давои ҳазору як дард» (1995), «Хоби равшан» (2005), «Ватан дар дил» (2016), «Лекарство для души» (2023) мебошад.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон узви муҳтарами созмони адибонро бо синни мубораки умр табрик гуфта, тани сиҳат ва рӯҳи баланд таманно мекунад.

 

 

Дигар хабарҳо