Номаи шодбошии ИНТ ба шоири шинохта Аъзами Хуҷаста

Аъзами Хуҷаста аз шоирони хубу шинохтаи мост ва то кунун маҷмуаҳои ашъори “Сояравшан”, “Чашмаи зулол”, “Сапедаро салом”, “Истгоҳи зиндагӣ”, “Омад баҳор бе ту”, “Ба лутфи ёди ту”, “Боғе пур аз шукуфа”-ро пешкаши хонандагон намудааст. Достони “Нолаҳои бод”-и ӯ, ки чанде пеш бо таҳриру такмил дубора чоп шуд, дар бораи сарнавишти қисмате аз мардуми Кӯҳистони Масчоҳ ҳангоми кӯчиданашон ба дашти Дилварзин қисса мекунад.
Аъзами Хуҷаста дар соҳаи рӯзноманигорӣ низ фаъолият дошт ва дар тӯли солҳои гуногун дар маҷаллаи “Машъал” ва бахши тоҷикии радиои “Хуросон” кор кард. Ҳоло мудири шуъбаи илм ва публитсистикаи маҷаллаи адабии “Паёми Суғд” аст.
Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагон. Барои фаъолияти адабияш бо Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва нишони тиллоии Фирдавсӣ (Эрон) қадрдонӣ шудааст.
Ҷашни 70-солагии ин шоири пуркорамонро бо орзуи хушрӯзиву саодатмандӣ муборакбод мегӯем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон