• 06.06.2025

Ширу шакари шеър

 Ширу шакари шеър

Рўзи 30 май дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили “Ҳумоюн” бо иштироки шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш баргузор гардид. Дар ин рўйдоди фарҳангӣ адибону пажўҳишгарон, овозхонҳо ва алоқамандандони каломи бадеъ гирди ҳам омаданд.

Ин маҳфилро Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ифтитоҳ карда, Фарзона ва Озарахшро ба саҳна хонд. Фарзона ҳангоми суханронияш гуфт: “Вақте 33 сол пеш дар Эрон будему номи тоҷикро мегирифтем, бо чашми таҳайюр менигаристанд ва кам одаме буд, ки номи тоҷику Тоҷикистонро шунида бошад, аммо имрўз вақте тоҷик мегўем, чашми мардуми ҳамзабони мо медурахшад”.

Дар идома шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Муҳаммад Ғоиб дар бораи ашъори Озарахшу Фарзона суханони гарму самимӣ гуфтанд.

Сипас Фарзона ва Озарахш ашъори хешро қироат карда, қиссаҳои ҷолиби зиндагии худро нақл намуданд, ки ба шеъру адабиёт ва бузургони миллат пайванд доранд. Ҳамзамон бо ин овозхонҳои маъруф Хосияти Зарафшонӣ ва Афзалшоҳи Шодӣ аз ашъори ин ду шоир чанд тарона суруданд.

Гуфтанист, ки созмондеҳони маҳфили “Ҳумоюн” шоирон Озарахш ва Фарзона ҳастанд ва он маъмулан дар вилояти
Суғд барпо мегардад.

Дигар хабарҳо