• 07.06.2025

Қадрдонии нависандаи тоҷик дар Русия

 Қадрдонии нависандаи тоҷик дар Русия

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷаббор бо қарори раёсати Академияи адабиёти бадеӣ ва ҳунарҳои нафиси руси Г. Р. Державин, ки қароргоҳаш дар шаҳри Санкт-Петербург аст, бо медал сарфароз гардонида шудааст.

Гуфта мешавад, Абдуғаффор Абдуҷаббор барои хидматҳои шоён дар соҳаи фарҳанг, адабиёт, ҳунар, саҳми назаррас дар рушд ва таҳкими робитаҳои адабию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Русия қадрдонӣ шудааст.

 “Арбобони номдори фарҳанг ва адабиёти шаҳри пуршукӯҳу таърихии соҳили Нева бо сазовор донистани ман ба чунин мукофоти баланд на фақат ба банда, балки ба фарҳанг ва адабиёти миллии тоҷик арҷ гузоштанд”, – иброз дошт ин нависанда ва мутарҷими тоҷик.

Бояд гуфт, тайи солҳои 2011 ва 2013 шаш ҳикояи Абдуғаффор Абдуҷаббор дар маҷаллаи адабии “Меценат и мир”-и Маскав ба чоп расидааст. Ҳамчунин солҳои 2014 ва 2018 ҳикоя ва қиссаҳояш таҳти унвони “Барфи охирин” ва “Зоопарк” аз тариқи интишороти “Первый план”-и Санкт-Петербург бо теъдоди 1000 нусха нашр шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Абдуғаффор Абдуҷаббор дастпарвари донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳии давлатии Ленинград (кунун Санкт-Петербург) буда, аз соли 2013 узви Иттиҳодияи байниминтақаии нависандагони Русия шумурда мешавад.

Ӯ ба увони мутарҷим даҳҳо роману қисса, пйеса ва ҳикоя аз адабиёти ҷаҳонро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Дигар хабарҳо