• 20.01.2025

Аз ашъори Меҳринисо

 Аз ашъори Меҳринисо

Шоираи маҳбубу шинохта Меҳринисо 75-сола шуд

ПАРЧАМ

Парафшон шав кабӯтарвор, парчам,
Паёми сулҳу ваҳдат ор, парчам.
Чароғи офият дар панҷаи туст,
Адолатро ту маҳкам дор, парчам.
Мақому номи ин халқу Ватанро
Ба арши қудсиён бардор, парчам.
Ба оҳанги насиму майдаборон
Ба авҷ о шоду нусратбор, парчам.
Намое аз шукӯҳу шаъни кишвар,
Салои мулки шуҳратёр, парчам.
Сано гӯ муждаи боди саборо
Ба шукри сулҳи нотакрор, парчам.
Бихон «Шаҳнома»-и даврони моро
Ба гӯши мардуми бедор, парчам.
Ба азми худшиносӣ, эй ватандор,
Шараф ёбу ба сар бардор парчам.

 ВАСФИ ДУШАНБЕ

Эй дӯст, биё сайри гулистони Душанбе,
Бингар ба гулу лолаву райҳони Душанбе.
Ҳаргиз наравад аз варақи хотираи ту
Байту ғазали тозаи борони Душанбе.
Дар кӯчаву гулгашту хиёбони базебаш
Атри нафаси соҳири эҳсони Душанбе.
Таъзими дарахтони гуловез аҷиб аст
Бар раҳгузарони хушу хандони Душанбе.
«Аржанг» ба сад ранг ба девору дари шаҳр,
Монии сарафроз санохони Душанбе.
Ҳайратзада бинмуда басе ҳуру малакро
Завқи аҷаби Рустами даврони Душанбе.
Бо замзамаи шукр бинозам шабу рӯзаш,
Меҳронаву меҳрам ҳама қурбони Душанбе.

* * *

Ман аз зулмат наметарсам,
Ман аз зулме, ки меорад ҳавои ҷанг, метарсам.
Ман аз ваҳшат наметарсам,
Ман аз фарде, ки аз пастӣ надорад нанг, метарсам.

Ман аз фурқат наметарсам,
Ман аз фақре, ки медорад миёнам чанг, метарсам.
Ман аз ғурбат наметарсам,
Ман аз ҳаҷре, ки бирбояд зи ҳолам ранг, метарсам.

Ман аз меҳнат наметарсам,
Ман аз фармони худхоҳони бефарҳанг метарсам.
Ман аз шайтон наметарсам,
Ман аз торикии имону аз найранг метарсам.

Ман аз қисмат наметарсам,
Ман аз беқадрии инсону қалби санг метарсам.
Ман аз мурдан наметарсам,
Ман аз талхии ҷон кандан ба ҳар оҳанг метарсам.

Ман аз Яздон…
Ман аз қаҳри Ту, беҳамто,
Ва аз қалбе, ки дорад занг, метарсам.

* * *

Дилам тангу ҳавои тоза хоҳам,
Раҳоӣ аз муҳити коза хоҳам.
Ба гардуни хаёли ғамгирифта,
Худоё, абри беандоза хоҳам.
Бишӯям ғуссаҳоямро саропо,
Зи абру ашку борон ғоза хоҳам.
Зи кӯям ошноён рахт баста,
Ба тадбираш дару дарвоза хоҳам.
Сароҳанги дил аз оҳанг монда,
Ба оҳанги қазо шероза хоҳам.
Ба зулмоти шабони беситора
Фурӯғи субҳи бехамёза хоҳам.
Ба танбӯри ҳавасҳои ниҳонам
Садою савти пуровоза хоҳам.

* * *

Биё, ба хонаи дилам ҳавои дигаре бибахш,
Ба пардаҳои рози ман ҷилои дигаре бибахш.
Ба ранги арғавонии умеду орзуи ман
Шафақ-шафақ шақоиқу намои дигаре бибахш.
Ба сози одатам мабин, канори ғурбатам нашин,
Ба ҷони хастаам, биё, навои дигаре бибахш.
Гулоби ишқу соғари ҳавас зи илтифоти туст,
Ба маҳфиле, ки зиндагист, атои дигаре бибахш.
Зулолтар зи чашмаи садоқатам вафои туст,
Фидои ваъдаи вафо, баҳои дигаре бибахш.
Ба дарди бедавои ҳаҷри пурбаҳонаам ба дил
Давои кофуронаву шифои дигаре бибахш.
Ҷаҳони дидаву дилам ҳамеша интизори туст,
Фуро, ба мулки ишқи ман сафои дигаре бибахш.
Ба ин сиришту сарнавишт, ки муҳри Меҳр мондаӣ,
Салому тавбаи маро зуҳои дигаре бибахш.

***

Дар дилам сад достон дорам, азиз,
Қиссаҳои бебаён дорам, азиз.
Ошкоро ранги зардам пеши ту,
Оламе аз арғавон дорам, азиз.
Аз гузашти умр шиква кай кунам?
Ҷони хаста дар даҳон дорам, азиз.
Ними дунё дар набарди ҳамдигар,
Бо худам ҷанги ҷаҳон дорам, азиз.
Имтиҳони зиндагӣ беинтиҳост,
То куҷоҳо ман тавон дорам, азиз.
Ишқ руҳам ношикан бинмудааст,
В-арна ҷисми нотавон дорам, азиз.
Оҳ, аз роҳи висоли гумшуда
Пой дар гил ҷовидон дорам, азиз.
Интизорам, ки ба додам мерасӣ,
Тифли бовар дар гумон дорам, азиз.
Чораи бечорагиҳои худам,
Дарди гунгу безабон дорам, азиз.
Меҳрубонӣ муҳри номам шуд, вале
Қисмати номеҳрубон дорам азиз.

 

Дигар хабарҳо