Таҷлили ҷашни боргоҳи адаб
Дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 90-солагии таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли адаби вилояти Суғд ҳамоиши идона баргузор гардид. Пеш аз оғози тантана аҳли адаб Қалъаи Хуҷандро тамошо карданд. Толорҳои васеи пазироӣ ва дастовардҳои маънавии гузаштагони мо ҳамагонро ба сайри таърихи сарзамини мо бурд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва шодбошии котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод оғоз ёфт. Номбурда ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва изҳор дошт, ки мақсад аз ҷамъ омадан – дидори ҳамдигар ва оростани маҳфили шеъру суруд ба муносибати 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Баъдан ӯ риштаи суханро ба мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, доктори илми филология Тоҷибой Султонӣ дод. Тоҷибой Султонӣ табрикномаи муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ва аҳли адаби кишвар қироат намуд ва ҳамзамон туҳфаи хотиравиро низ тақдим кард.
Ҳамчунин ба муносибати 70-солагии шоири тоҷик Муҳсин Аминзода номаҳои табрикии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд қироат карда шуд.
Номаи шодбошӣ ба муносибати 80-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, адиб Туранбой Тӯйчиев аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ ироа гардид.
Баъд аз қироати номаҳои табрикии соҳибҷашнҳо ба шоирону нависандагон барои хидматҳои шоёнашон дар рушди адабиёти тоҷик мукофотҳо супорида шуд. Аз ҷумла, Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш ва шоир Усмон Олим бо нишони “Ифтихор”, адибон Дилором Исозода, Сурайё Ҳакимова, Ҳафиз Сайфуллоев ва Мирзоҳайдар Умарзод бо нишони “Сухан” қадрдонӣ гардиданд. Чанде аз адибон бо сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон низ сарфароз гардонида шуданд.
Баъд аз анҷоми қисми расмӣ, маҳфил бо шеъру суруд идома ёфт. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, шоирон Абдуҷаббори Суруш, Дилором Исозода, Маликнеъмат, Салими Зарафшонфар ва дигарон суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро бо ин санаи фархунда таҳният гуфтанд ва аз ашъори худ намунаҳо қироат карданд. Сарояндаи машҳури тоҷик Муродбек Насридин бо сурудҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро шод гардонид.
Дар охир ба ҳама иштирокдорони маҳфил китоби “Адибони Тоҷикистон”, ки ба муносибати 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд ба табъ расидаст, тақдим карда шуд.
М. Ёрмирзо