Тараннуми Истиқлол
Гулрухсор
Ту месозӣ маро, на ман туро, дунёи ман, Меҳан,
Куҳаносори наворои ман, яктои ман, Меҳан!
***
Эй ҳамватан, эй нуктаи идроки Ватан,
Эй ташнаи оби чашмаи поки Ватан,
Шукрона агар наметавонӣ кардан,
Ношукрӣ макун ба сабзаву хоки Ватан!
Камол Насрулло
***
Обу нонам, ҷисму ҷонам, ормонам, Тоҷикистон!
Остонам, осмонам, бекаронам, Тоҷикистон!
Аввалинам, охиринам, оҳаринам, озаринам,
Чун қасам, савганди олӣ дар забонам, Тоҷикистон!
Обу хокат дар вуҷудам, руҳи покат дар вуҷудам,
Реша дорад ҳар гиёҳат дар равонам, Тоҷикистон!
Ман ҳама хун гаштаву пўшидаам худро, ки бошам,
Рамзи ишқат, нахли яксар арғувонам, Тоҷикистон!
Ҳикмату одобу фазли халқи огоҳат паноҳам,
Родмардии ниёконат ба ҷонам, Тоҷикистон!
Гар касе аз ту гурезад рўзи сахтӣ, рўзи мотам,
Бо ту монам, бо ту монам, бо ту монам, Тоҷикистон!
Ман ба ҳар як бораи сангини ту ҳамсина ҳастам,
Ман ба ҳар як рўди покат ҳамравонам, Тоҷикистон!
Ориёнои бузурги рафта аз дастӣ, дареғо,
Ман сари ҳар сахра бо нанги ту монам, Тоҷикистон!
Давлат САФАР
***
Чист Истиқлолият?
Сарбаландиву сарафрозӣ ба ҷон,
Қадри худ бишнохтан то ҷовидон.
Қасри бунёди саодатмандӣ аст,
Нахли ширинмеваи пайвандӣ аст.
Чист Истиқлолият?
Дар Бадахшони сухан дурри Яман,
Зар шумурдан зарраи хоки Ватан,
Ишқро омехтан бо ҷону тан,
Аз қафас парвоз бар сўи чаман.
Чист Истиқлолият?
Дар сари минбар сари нанг асту ном,
Гул шамидан аз гулистони мақом.
Бошад аз аҷдоди Сомонӣ паём,
Ки ҳамин донед умри бардавом.
Чист Истиқлолият?
Қуллаи уммедҳоро сохтан,
Парчами фахру фараҳ афрохтан,
Най ба таъми найшакар бинвохтан,
Деви навмедӣ ба чаҳ андохтан.
Чист Истиқлолият?
Пайки бахту муждаи озодӣ аст,
Дар Ватан сарманшаи ободӣ аст.
Маҳви чуғзи ғам зи тири шодӣ аст,
Ишқи Ширину дили Фарҳодӣ аст.
Чист Истиқлолият?
Дидаву дилро зиё бахшидан аст,
Бар ятиме муттако бахшидан аст,
Бенавоеро наво бахшидан аст,
Интиҳоро ибтидо бахшидан аст.
Чист Истиқлолият?
Раҳ кушудан дар дили кўҳи Ватан,
Роҳ паймудан ба сўи анҷуман.
Боғи уммедест дар дашту даман,
Тоби хуршедест андар ҷону тан.
Чист Истиқлолият?
Бар ватангумкардагон огоҳӣ аст,
Шаҳсутуни бахту тахти шоҳӣ аст.
Ибрате аз меҳри обу моҳӣ аст,
Дар ватандорӣ муҳаббатхоҳӣ аст.
Чист Истиқлолият?
Мояи эҳсосу дарки ифтихор,
Дар дили фасли хазон пайки баҳор,
Иттиҳодеро намудан устувор
Бошад ин армони қавми тоҷдор.
Чист Истиқлолият?
Муҳри маҳтоб аст аз сандуқи шаб,
Номаи меҳрест аз асли насаб,
Ояти шукрона пиндораш ба лаб,
Ваҳдати моро ҳамин бошад сабаб.
Абдуллоҳи Раҳнамо
***
Достони рангин аст достони Истиқлол,
Чун навишта бо хунаш қаҳрамони Истиқлол.
Мерасад ба гардунҳо аз расонаи миллат
Бо забони тоҷикӣ, бо забони Истиқлол.
Шонаҳои мо бошад такягоҳи сангинаш,
Хонаҳои мо бошад хонадони Истиқлол.
Шукри оби беминнат, шукри нони беминнат,
Шукри оби Истиқлол, шукри нони Истиқлол.
Рўи тахтаи мактаб дарси сулҳ мехонанд,
Кўдакони хушбахтӣ, ахтарони Истиқлол.
Дар замини аҷдодӣ, дар қаламрави шодӣ,
Сабз шав, ҷавонӣ кун, эй ҷавони Истиқлол!
Оби ин қаламрав шуд як навори озодӣ,
Хоки ин қаламрав шуд парниёни Истиқлол.
Соҳиби ватан гаштем дар паноҳи иқболаш,
Соҳиби замон гаштем дар замони Истиқлол.
Насли тозаи миллат ҳар яке ватандор аст,
Ҷоннисори Истиқлол, ҷонфишони Истиқлол.
То абад чароғон бод, то абад дурахшон бод
Ин диёри озодӣ, армуғони Истиқлол!
Мирзо Кенҷа
***
Самандарвор миллат зист бо уммеди Истиқлол,
Дамид аз қуллаи уммеди ў хуршеди Истиқлол.
Саре аз иртифои ҳимматаш афрохт болотар,
Назар афканд бар фардои хеш аз диди Истиқлол.
Зи по барканд то занҷири заррини тааллуқро,
Варо шуд зеби гардан шаддамарвориди Истиқлол.
Худо ҳар миллатеро медиҳад гар аз дилу нийят,
Ба мо дод аз ниҳоду нияти испеди Истиқлол.
Фазои бекарону гардиши гардуни гардонро
Куҷо ин вусъати як лаҳзаи ҷовиди Истиқлол?!
Имоми барҳақи миллат башорат дод аз Ваҳдат
Ба мо ҳамчун дуо дар шаҳраҳи тавҳиди Истиқлол.
Раҳи созандагӣ бикшоду тарҳи зиндагӣ бинҳод,
Ки сад таҷдиди дигар зод ҳар таҷдиди Истиқлол.
Зи нав озода минбар ёфт, фарри эзадӣ дарёфт,
Ки миллатрост тавлиде дигар тавлиди Истиқлол.
Кунем обод кишварро, ризо созем модарро,
Бувад шарти ватандорӣ ҳамин таъкиди Истиқлол.
Диёри соҳибистиқлолам, ин сарвода аз Мирзо
Нисорат бод чун идонае дар Иди Истиқлол!
Гулноз
***
Муҳташам шуд аср бо имдоди Истиқлол,
Нек бодо, ҳамватан, милоди Истиқлол.
Ҳарчи дар дасти хазону бод буд, омад
Дар саҳаргоҳе ба як фарёди Истиқлол.
Эй Ватан, эй таҳниятободи озодӣ,
Зинда бодо он ки кард эҷоди Истиқлол.
Омаду андешаҳоро бар низом овард
Растагору ҳодии озоди Истиқлол.
З-осмон истора мегирем бе рухсат
Мо ба дастони зиёбунёди Истиқлол.
Раҳгузоре сўи фарвардини зебоист,
Аз ҳамин раҳ бигзаред, авлоди Истиқлол.
Баски подоши ҳама хуни шаҳидон аст,
Бо тамоми дил расам бар доди Истиқлол.
Иртиботи мо ба дунёву самову Ўст
Иртиботи ҷовидонободи Истиқлол.
Аъзам Хуҷаста
***
Рўзгоре, ки Ватан дар чанги дарду оҳ буд,
Рўзҳои бад, ки дасти бахти мо кутоҳ буд,
Омаду чатри ҳимоят бар сари миллат кашид,
Дар ҳамон айёми талхе, ки нафас ҷонкоҳ буд.
Омад он гаҳ Пешвои бахти мо,
Вориси таъриху тоҷу тахти мо.
Омаду пас парчами номусро боло намуд,
Дар замири миллат эҳсоси садоқат ҷо намуд.
Сафҳаи таърихро аз нав варақ зад, баъд аз он
Боби сулҳу дўстиро бо ҷаҳон ў во намуд!
Ваҳдати моро кафилӣ, Пешво,
Раъйи моро ту вакилӣ, Пешво!
Зодгоҳи Рудакию Буалӣ Синостӣ,
Ҳам виқору ҳам шукуҳи шеъри Мавлоностӣ.
Порае аз сарзамини ориёӣ, эй Ватан,
Маҳди фарҳангу тамаддунофарини мостӣ.
Хонаи уммеди моӣ, эй Ватан,
Армуғоне аз Худоӣ, эй Ватан!
Парчами ту ёдгор аз Коваи оҳангар аст,
Парчаме, ки ояти халқи тамаддуновар аст.
Халқро мехонад ин парчам ба даври ҳамдилӣ,
Парчам ин чатри шараф, чатре, ки болои сар аст.
Парчам, эй шаҳболи насли ориё,
Рангҳоят рамзи васли ориё.
Мерасад инак ба ҳар ҷое навои Рўдакӣ,
Дар дили ҳар анҷуман ояд садои Рўдакӣ,
Ман яқин дорам, наафтодан насиби миллат аст,
То бувад дар дастҳои ў асои Рўдакӣ!
Зинда бодо савти уди Рудакӣ,
Шеъри волову суруди Рўдакӣ!
Сафармуҳаммад Аҳмад
***
Ҳамватан, дар даст дорӣ ҷоми Истиқлолият,
Нақш кун дар сафҳаи дил номи Истиқлолият!
Бегумон, ҳамсоли истиқлоли мо иқболи мост,
Бахту иқбол аввалин пайғоми Истиқлолият.
Зина-зина аз пайи иқбол тоҷик гом зад,
То баромад бар фарози боми Истиқлолият.
Офтобаш ҷон бубахшад, бегумон, дил мебарад
Моҳтоби гармрўи шоми Истиқлолият.
Бахтро, иқболро, осоиши аҳволро
Менависам дар радифи номи Истиқлолият.
Доимо бодо ба коми миллати озодкеш
Рўзгори дилкашу ороми Истиқлолият!