Аз ашъори ҷавонон

                                                        Меҳровари Масчоҳӣ

                      Ғазали ваҳдат

Шукри ваҳдат, ки лаби халқ табассумро дид,
Модаре омадани баччаи раҳгумро дид.
Сулҳ бар сӯи ҳама дасти саховат бикшод,
Суфраи холиямон неъмати гандумро дид.
Душманӣ кард касе нисбати мардум дар худ,
Оқибат қисмати ҷон додани каждумро дид.
Рафт сармову ба ангезаи уммеди наве
Чун танӯре дили мо оташи ҳезумро дид.
Ҳеҷ бегона накардаст ба мо ғамхорӣ,
Халқ аз раҳбари худ ҳисси тараҳҳумро дид.
Бесабаб нест, ватан нусхаи ҷаннат гаштаст,
Завқ бардошт Худо, ваҳдати мардумро дид.

                             

                                                              Руъё Усмонӣ

***
Ба ман шуд дастрас аз номи ишқат номаи зебо,
Барои ишқ варзидан шаҳодатномаи зебо.
Маро меҳри ту мехонад ба шаҳри бовару имон,
Ки бо имзои ту дорам иҷозатномаи зебо.
Миёни баҳри чашмонат худамро ғарқ мебинам,
Маро шодоб созад ин тароватномаи зебо.
Агар оғӯши амнатро ба рӯям во намекардӣ,
Тиҳӣ мемондам аз файзи фароғатномаи зебо.
Ба боғи ту шукуфад то гули хушбахтии Руъё,
Насими ишқи ту дорад башоратномаи зебо.

 

                                                     Аниса Маннонова

***
Ман туро нафас гуфтам, аз ҳавои худ мондам,
Дил ба дасти ту додам, аз Худои худ мондам.
Ман туро фақат дидам байни сад ҳазор инсон,
Шукри номи ту кардам, аз дуои худ мондам.
Қадри лаҳзае ҳатто бар хаёлу ёди ту
Кай хиёнате кардам, то ба ҷои худ мондам?
Аз баҳор мегуфтам, аз умеду аз армон,
Эй хазони марговар, дар азои худ мондам.
Мисли шаб сияҳ будӣ, шабпарастӣ мекардам,
Аз сабоҳи пурфайзу босафои худ мондам
Хешро чаро кардам ман фаромушу баъдан
Дар сарои танҳоӣ по ба пои худ мондам?
Сода будаму сода дар миёни ин мардум
Даст бар гиребони моҷарои худ мондам.
Аз ҳама гузар кардам то ба марзи шайдоӣ,
Аз табору аз ёру ҳамсадои худ мондам.
Ба дили пур аз дардам, эй табиби беинсоф
Марҳаме набахшидӣ, аз давои худ мондам.
Ман кунун чу донистам қадри хешро аз нав,
Хешро писандидам, аз барои худ мондам.

 

                                                          Саъдии Зикрихудо

                 Навҷавонӣ

Шабонгаҳ дар хаёлоти латифам
Ба ӯ беист мекардам назора.
Зи дасти ҳам гирифта, медавидем
Ба самти даштҳои беканора.
Агар мебурд хобам як замоне,
Маро мехонд дар руъёи ширин.
Ситонда беибо як бӯса аз ӯ,
Дили девонаам меёфт таскин.
Саҳар медидамаш чун дар дабистон,
Зи дурӣ маҳв мегаштам дубора.
Вале аз шиддати шарму тараддуд
Ба худ печида, мерафтам канора.
Аҷаб ҳоле буду давру замоне,
Дилам пур аз ҳавасҳои ниҳонӣ.
Кунун бо ҳасрат орам ёд, афсус,
Чи тозон рафт даври навҷавонӣ.

 

                                                    Парвиз Қайюмӣ

***

Дуо кунед, ки ҳоли замона хуш бошад,
Ба шохсори ҷавонӣ ҷавона хуш бошад.
Дуо кунед, ки ҷанги ҷаҳон тамом шавад,
Ҳаёти одамиён бебаҳона хуш бошад.
Дуо кунед, ки ҳамроҳи созу мутриби ноз
Миёни ин ҳама ғавғо тарона хуш бошад.
Дуо кунед, чу «ҳубб-ул-ватан» каломи набист,
Ки обу хоки Ватан ошиқона хуш бошад.
Дуо кунед, ки борон бидуни офати сел
Ба рӯйи барги гиё дона-дона хуш бошад.
Дуо кунед, барои ҳаёти ҷӯҷаяке
Паранда боз биёяд ба лона, хуш бошад…
Дуо кунед, дуоҳои мо шунида шавад,
Амал кунед, ки ёри ягона хуш бошад.

Дигар хабарҳо