ВАҲДАТ САДОҚАТ АСТ. Ашъори шоирон дар васфи Ваҳдати миллӣ

Гулрухсор

САНОИ МЕҲР

Зи савти рӯд мерасад садои ишқ,
Зи чангу уд мерасад навои ишқ.
Зи панҷ номаи паёми дӯст,
Зи Панҷрӯд мерасад санои ишқ.

Санои ишқи ҷовидонаӣ, Ватан,
Ягонаӣ, ягонаӣ, ягонаӣ, Ватан!

Камоли меҳр партави ҷамоли туст,
Ҷамоли нур ҷилваи ҷалоли туст.
Фурӯғи офтоби безаволи ишқ
Фурӯғи офтоби безаволи туст.

Санои ишқи ҷовидонаӣ, Ватан,
Ягонаӣ, ягонаӣ, ягонаӣ, Ватан!

Диёри зиндадори шаъну шони мо,
Нишони олишони ориёни мо.
Замину осмони орифони ишқ,
Баҳори чор фасли бехазони мо.

Санои ишқи ҷовидонаӣ, Ватан,
Ягонаӣ, ягонаӣ, ягонаӣ, Ватан!

 

Низом Қосим

ВАҲДАТ

Ваҳдат ду ҳиҷо нест,
Ваҳдат ду дили соф аст –
Сӯи ҳам боз.
Ваҳдат як калима нест,
Ваҳдат ду дасти меҳр аст –
Сӯи ҳам дароз.

Ваҳдат шиор нест,
Ваҳдат садоқат аст –
Садоқати даст ба даст,
Садоқати дил ба дил,
Садоқати ёр ба ёр –
Саодати диёр!

 

Алимуҳаммад Муродӣ

МУШТ БОЯД БУД

То ба кай паҳлуи ҳам,
Аз ҳам ҷудо
Нотавон монандаи ангушт бояд буд,
Дар ҷаҳони муштзӯрон мушт бояд буд,
Мушт бояд буд.

Сахт номард аст хасму ҳиллапарвар,
Мезанад аз пушт ханҷар,
Ҳамдигарро пушт бояд буд,
Пушт бояд буд.

Не ба ҳар зарбе бибояд мисли даф нолид,
Не ба ҳар оҳанг ҳамчун пӯпаки танбӯр рақсид,
Не ба ҳар як нағма дар арғушт бояд буд,
Муштхур не,
Муштзӯру мушт бояд буд,
Мушт бояд буд.

 

Ато Мирхоҷа

ЧАШМИ ВАҲДАТ

Дӯстон, бо парчами Ваҳдат задан ҷавлон кам аст,
Дӯстонро дӯсттар кардан сари як хон кам аст,
Дар ҳақи ҳар дӯст бинвиштан дусад девон кам аст.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар хиттаи Суғдон кам аст.

Қуллаҳоро фатҳ кардан метавон бо мушкилӣ,
Лек бо сад мушкилӣ натвон ба даст орӣ диле,
Донад инро, ҳар кӣ дорад зери кӯҳе манзиле.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар ҳавзаи Хатлон кам аст.

Одамонро дӯст кардан расми Турсунзода аст,
Мазҳаби Айниву дини мардуми озода аст,
З-ин сабаб дар хонаи мо чангу ною бода аст,
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар Фалғару Раштон кам аст.

Пешвои мо Бадахшон меравад бо чангу руд,
Аз дару боми Ҳисору Исфара борад суруд,
Дар дилу дар ҷони мо ӯ чашми Ваҳдатро кушуд.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар Ванҷу дар Шуғнон кам аст.

Дар ҷаҳон бошад силоҳи разми мо тору рубоб,
Аз бади олам сипар моро бувад танҳо китоб,
Оби мо дар чеҳраи халқи ҷаҳон шуд офтоб.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар даҳри пуртӯфон кам аст!

 

Доро Наҷот

ВАҲДАТИ МИЛЛАТ

Ваҳдат
тулуи зарринтоҷи орёист
аз мазҳари миллат.
Ва ҳафтандарҷӯши
кафшерест,
ки васл мекунад моро
ба фӯлоди пайкари миллат.

Ваҳдат
тахти баланд аст
дар хостгоҳи бахти баланди миллат.

Ваҳдат
оҳангест,
ки ҳамовоз мекунад моро
ба савтиёти Вахшу Зарафшон
ва найнавои дили миллат.

Ваҳдат
сарбезаҳои хирмани “Шашмақом”-ро
донарез мекунад
ба такнавои дӯли осиёби “Фалак”
ва “Лайлаик”-и шуғниоҳанги
бонувонро
лабрез мекунад
аз аллаҳои модарони меҳситисуруд.

Ваҳдат
гулшукуфти тоҷиконаи чеҳраҳост
аз дарахти миллат
ва озарахши тоҷикии гавҳари дидаҳост
аз тоҷу тахти миллат.

Ваҳдат аст, ки
хулоса мешавем
дар “Ман”-и миллат
ва якпорча мешавем
бо Меҳани миллат!

 

Шаҳрия

ОШИҚОНАИ ВАҲДАТ

Зиндагӣ гулистон шуд дар каронаи ваҳдат,
Боғу бӯстон рақсад аз таронаи ваҳдат.
Як навола нонамро чун хурам ба танҳоӣ?
Лаззате аҷаб дорад обу донаи ваҳдат.
Лолаи дилам пажмурд он замони бедодӣ,
Лола-лола механдам дар замонаи ваҳдат.
Дар табассуми мардум завқи зистан дидам,
Сад дуо равон кардам бар нишонаи ваҳдат.
Дар муҳити бедодӣ ҷӯши ошноӣ нест,
Гарм мешавад дунё аз забонаи ваҳдат.
Дар хиҷолатам то ҳол пеши он ки қурбон шуд,
Дар сарам фурӯ афтод боми хонаи ваҳдат.
Бас! Дигар намехоҳем ҷангу ҷӯши беҳуда,
Мо, ки решапайвандем бо ҷавонаи ваҳдат.
Дар диёри танҳоӣ не гиёҳу на об аст,
Сабз мешавад олам дар каронаи ваҳдат.
Қиссаи висоли дӯст он қадар бувад ширин,
Эй хушо, ба ҳам гуфтан ошиқонаи ваҳдат.
Ҳар ки по гузорад каҷ дар раҳи висоли Ҳақ,
Бегумон ҳамеларзад остонаи ваҳдат.

 

Субҳияи Зоҳид

БАҲОРИ ВАҲДАТ

Шукуфта аз қадами навбаҳор шуд Ваҳдат,
Танида аз нахи нангу виқор шуд Ваҳдат.

Намози модари чашминтизору армонӣ,
Ниёзи бовару меҳру қарор шуд Ваҳдат.

Ба рағми деву дади ҳастии ҷаҳонхоҳон
Намоди оина шуд, беғубор шуд Ваҳдат.

Расид мужда, ки андӯҳу ғусса поён ёфт,
Ба субҳи хуррамию амн ёр шуд Ваҳдат.

Ливои шуҳрати тоҷик баланду парафшон,
Ба бахти мост, саодатшиор шуд Ваҳдат.

Биё, бародари ман, аз умед ҳарф занем,
Радифи шеъри тари обдор шуд Ваҳдат.

 

Бузургмеҳри Баҳодур

НӮШДОРУ

Бас ранҷ дода моро таърихи каммурувват,
Ваҳдат наомад осон бар остони давлат.
Рустам чу шер ғуррид, Ораш зи нав хурӯшид,
Сар бохт андар ин раҳ сад қаҳрамони миллат.

Аз ваҳдату муҳаббат ному нишона омад,
Шаҳнома бо паёме аз ҷовидона омад!

Дар байни қавми тоҷик баҳси «ману ту» афтод,
Аҳриман аз пайи сад найрангу ҷоду афтод.
Ин бор Эзади пок Суҳробро накушта,
Бар дасти Рустами ял он нӯшдору афтод.

Ваҳдат барои миллат чун нӯшдору омад,
Бо кимиёи ваҳдат дарду алам сар омад!

Тоҷик – миллате, ки дар кӯҳ хона дорад,
Дар қуллаи шукӯҳаш симурғ лона дорад.
Мо офтобзодем, озодагони родем,
Аз баргаи Авасто оташ забона дорад.

Тоҷик аз муҳаббат дил бекарона омад,
Дар дил паёми нуру дар лаб тарона омад.

 

Ворис

ВАҲДАТ

Тоҷикистон хонаи хуршеди Ваҳдат шуд,
Хонаи уммеди мо кохи муҳаббат шуд.

Дастҳо гарми салому дидаҳо пурнур,
Зиндагӣ саршор аз файзи саломат шуд.

Пар кашад Симурғ болои сари тоҷик,
Сарнавишти чун биҳишти мо китобат шуд.

Ишқ омад, оламе хушбӯву рангин гашт,
Ояти сабзи шукуфтанҳо тиловат шуд.

Осмони обии хушранги Истиқлол
Рӯ ба истиқболи дилҳо масти тоат шуд.

Чун санавбар Тоҷикистон қомат афрозад,
Сабзу хуррам кишвари меҳру садоқат шуд.

 

Низом Барот

ТОҶБАРСАР

Нигар бар тоҷики ман, аз сари нав тоҷбарсар шуд,
Нишону парчамаш дар сафҳаи ҳастӣ мунавар шуд.

Ба рӯзи ваҳдати миллӣ чу шеде нурпошӣ кард,
Ба дилҳо меҳри оламгири он барҷо мусаввар шуд.

Тамоми тоҷикони рӯи олам дил ба ӯ бастанд,
Касе бадхоҳ буд ӯро, яқинан хокбарсар шуд.

Зи нури маърифат гардид равшан кишвари тоҷик,
Тамошогоҳи мардону занони некахтар шуд.

 

Дигар хабарҳо