Номаи табрикии ИНТ ба Шаҳобиддин Ҳақназар!

 Номаи табрикии ИНТ ба Шаҳобиддин Ҳақназар!

Муҳтарам Шаҳобиддин Ҳақназар!

Шумо баъди ба итмом расонидани  мактаби миёнаи №3-и зодгоҳ (1973),  адои хизмати аскарӣ дар сафи Артиши  Шуравӣ (1973-1975) ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ, 1982) ба  сифати муҳаррири хурд, муҳаррир, ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррири идораи гуфторҳои мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият намудед.

Шунавандаҳои радио Шуморо ҳамчун муаллифи гуфторҳои «Ҳафт ганҷи истиқлол», «Чаманзодему аз як бӯстонем», «Об агар садпора гардад», «Навои чашмасорон», «Сафинаи сафед», «Суруди зиндагӣ», «Садои дили  ромишгар», «Тоҷикистон – ҷону ҷонон», «Кишвари хуршедӣ», «Ориёно  ориён», «Бӯйи Ватан», «Суруши истиқлол», «Мусиқӣ ва ҷаҳони муосир», «Бо  Моҳу Парвин» ва ғайра, ки аз нигоҳи мавзуъ ва услуби пешниҳод рангорангу шуниданӣ ва дархӯри ниёз буданд, мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.  Барномаи театрикунонида-шудаи ҷашнӣ ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониёнро месазад аз беҳтарин корҳои муаллифии Шумо арзёбӣ кард.

Ҳамчунин филмҳои «Тоҷикистон – модари ман», «Ӯро ёд мекунем», «Падруду пайғом», «Рӯ ба хуршед» (7 қисм), «Навои ниёгон», «Кохи нур», «Ҳофизи боди сабо», «Навои чашмасорон», «Ҳамдарди кӯҳистон», «Чамани орзу»-ро дар телевизиони Тоҷикистон таҳия намудаед, ки далели маҳорати баланди Шумо дар ин самт аст.

Соли 2008 бахшида ба бузургдошти Одамушшуаро устод Ауабдулло  Рӯдакӣ гуфтори таҳиякардаи Шумо бо номи «Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт»  дар байни 54 давлат дар шаҳри Исфаҳон, дар бахши Рӯдакӣ, соҳиби ҷойи аввал гардид, ки мояи ифтихор аст.

Ҳамчун нависандаи хубу хушсалиқа низ шинохта шудаед. Китобҳои  «Чаман» (1988), «Найистони наво» (1999), «Рӯ ба хуршед» (2001), «Садои  дили ромишгар» (2006), «Сафинаи сафед» (2007), «Замини муқаддас»  (2014), «Фаришта» (2016), «Каҳкашони ёд» (2017), «Шамъи хаёл» (2018), «Анодил» (2018) ва «Рози созҳо» (2020), ки то имрӯз ба дасти хонанда  расидаву гарм истиқбол ёфтаанд, Шуморо ҳамчун нависандаи соҳибзавқ муаррифӣ намуданд.

Заҳмати Шумо бо «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  (2002), унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2011) ва Ифтихорномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

Ҳамқалами гиромӣ, ба синни мубораки 70 қадам гузоштани Шуморо  сидқан табрик мегӯем ва таманнои онро дорем, ки табъатон ҳамеша болидаву хотиратон осуда бошад.

Раёсати Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо