Номаи табрикии ИНТ ба Ҳалима Хушқадамова
Муҳтарам Ҳалима Хушқадамова !
Шумо баъди бо дипломи сурх хатм кардани шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») ҳусни оғоз бахшидед. Тули ҳафт сол дар идораи рӯзнома сарварии шуъбаҳои гуногунро ба уҳда доштед. Соли 1988 вазифаи муҳарририи рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» ва «Пионер Таджикистана» (ҳозира «Анбоз») ба уҳдаи Шумо вогузор гардид ва бо сарбаландӣ ин рисолатро анҷом додед. Соли 1990 барои таҳсил ба аспирантураи Академияи улуми ҷомеашиносии назди ҲКИШ фиристода шудед.
Соли 1993 аспирантураи Академияи идоракунии Русия – Академияи хизмати давлатии назди Президенти ин кишварро хатм кардед. Ҳамон сол рисолаи номзадиро дар мавзуи “Инъикоси масоили иҷтимоии бонувон дар матбуоти даврии Тоҷикистон” бо муваффақият дифоъ намуда, ба дарёфти унвони илмии номзади илмҳои сотсиологӣ шарафёб гардидед. Ҳамчунин ба намояндагии доимии Тоҷикистон барои идомаи фаъолият ба шаҳри Маскав даъват гардида, бо ифтитоҳ ёфтани Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ба ҳайси дипломати тоҷик дар пешбурди кори яке аз аввалину бузургтарин муассисаҳои бурунмарзии сиёсии кишвари тозаистиқлол ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия саҳмгузорӣ кардед. Нақши Шумо ҳамчун котиби матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия, тайи солҳои 1993-2003, дар баланд бардоштани мавқеву эътибори кишвар дар давраи барои ҷомеа душвор басо назаррас арзёбӣ мегардад. Солҳои 2004-2010 сарвари бунгоҳи АМИТ “Ховар” дар қисми аврупоии Русия, мухбири маҷаллаи “Диалог женщин” (“Гуфтугӯи бонувон”), шореҳи ҳафтавори “Москвичка” (2008- 2010) будед. Аз соли 2008 ба ҳайси устоди Донишгоҳи кишварҳои Осиё ва Африқо фаъолият намудед. Тайи солҳои 2009-2012 дар докторантураи Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Русия таҳсил намуда, соли 2013 рисолаи илмии худро дар мавзуи “Мақоми иҷтимоии зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон” ҳимоя карда, соҳиби унвони доктори илмҳои сотсиологӣ гардидед. Солҳои таҳсили 2023-2024 дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Русия бори нахуст дар таърихи муносибатҳои ду кишвар риштаи нави таълими забони тоҷикӣ ҳамчун забони аввали Шарқ боз гардид ва Шумо ҳоло ба ҳайси профессори кафедраи забонҳои ҳинду-эрон ва африқои ин ниҳоди таълимӣ фаъолият доред.
Шумо бо таълифи “Ёде дар дил”, “Диду боздид дар кишвари Русия”, “Забони тоҷикӣ барои кишварҳои ИДМ” (бо ҳаммуаллифӣ), “Таджикский язык. Общественно-политический перевод” (бо ҳаммуаллифӣ) ва ғайра дар инъикоси раванди сулҳи тоҷикон, муаррифӣ, таблиғ ва омӯзиши забони тоҷикӣ берун аз кишвар саҳми боризи худро гузоштед, ки шоистаи таҳсин аст.
Ҳампешаи гиромӣ, фарорасии зодрӯзи фархундаатонро сидқан табрик гуфта, ба Шумо сиҳатии комил, табъи болида ва хотири осуда таманно дорем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон