Бар хеш гаштем қоил зи Роғун

Беш аз панҷ сол қабл ба шумори воқеаву рӯйдодҳои зиёди таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рухдоди фараҳбахши дигар зам шуд. Рухдоде, ки барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикии кишвар замина гузошт ва нуру гармиро ба хонадони мардум ба армуғон овард. Ин санаи таърихӣ 29 октябри соли 2016 мебошад. Дар ин рӯз бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун маҷрои дарёи Вахш дигар гардид ва ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ин мавзеи муҳимми иншоот, оғозӣ расмӣ бахшида шуд.

 Он рӯзи фаромӯшнопазир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро иваз карда, обро тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохта, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшиданд ва онро «яке аз марҳалаҳои муҳимми сохтмони ин иншооти бузург» арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат дар рӯзи оғози корҳои сохтмонии сарбанди ин иншооти муҳим зикр намуданд: «Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад».

Дар ҳақиқат, солҳои соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарафманди тоҷик чор самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.

Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳимми стратегӣ, яъне ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар зарфи солҳои гузашта тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд. Бо дастуру ҳидоятҳои махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд.

 Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.

Дар баробари ин бартариятҳо, аҳаммияти дигари хеле муҳим ва минтақавӣ доштани Неругоҳи барқи обии «Роғун» таъсири мусбат расонидани он ба ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика мебошад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ ба ин масъала изҳор доштаанд: «Иншооти «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, дар ҳақиқат метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Бунёди иншооти энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобиву обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё табдил хоҳад ёфт. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида далели гуфтаҳои боло мебошанд».

Омӯзиши пайваста ва таҳқиқи ҳамаҷониба дар мавриди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сохтмони дигар неругоҳҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон бо бунёди ин неругоҳҳо натанҳо манфиати дохилӣ, балки кулли кишварҳои минтақаро ба инобат гирифтааст. Хусусан дар шароите, ки тағийрёбии иқлим, хушксолӣ ва норасоии об торафт бештар эҳсос мегардад. Ҳамкории густарда бо кишварҳои ҳамсоя дар самти амалӣ сохтани нақшаҳои судманд доир ба обу энергетика яке аз ҳадафҳои доимии ҷониби Тоҷикистон буд ва хоҳад монд. Ин раванд хусусан дар ҷараёни бунёди неругоҳҳо боз ҳам бештар мавриди таваҷчуҳ қарор мегирад.

Ба гуфтаи Сарвари давлат: «Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкории минтақавиро, бахусус, бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад. Дар робита ба ин, мо борҳо иброз намудаем ва мехостам такроран таъкид намоям, ки мо тарафдори ҳамкории самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем. Зеро чунин муносибат тақозои ҳаёт буда, ба зиммаи ҳамаи мо дар назди наслҳои ояндаамон масъулияти бузург мегузорад. Вобаста ба ин, ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки халқи тоҷик дар давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст. Бо масъулияти тамом иброз медорам, ки мо ба идомаи ин анъанаи неки ниёгонамон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем».

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори бевоситаи ин сохтмони бузурги аср ё Кохи нур буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ ҷаҳду талошҳои бесобиқа кардаанд, ки ҳаргиз аз хотираи мардуми тоҷик ва авроқи таърихи мамлакат зудуда нахоҳад шуд. Зеро, баъди он, ки Иттиҳоди Шуравӣ пош хӯрд ва ҳодисаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фазои Тоҷикистонро фаро гирифт, ҷараёни сохтмон дар НБО «Роғун», ки аз соли 1976 то соли 1993 корҳои зиёди он, аз қабили кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфта буданд ва он зиёда аз 43 фоизи корҳоро ташкил медод, қатъ гардид.

Танҳо бо ташаббус ва ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2004 сохтмони НБО «Роғун» эҳё гардид. Бо ҳамин мақсад ширкати «Роғунсервис» таъсис ёфт ва корҳоро ҷиҳати муаяйн намудани вазъияти баамаломада дар сохтмон, барқарорсозии роҳҳо, таъмири манзилҳои истиқоматӣ барои мутахассисон ва ғайра оғоз бахшиданд. Соли 2007 сохтмони НБО «Роғун» аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз нав оғоз гардид. Дар таърихи 27 августи соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмдории ягонаи давлату ҳукумат «Ҷамъияти саҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии Роғун» таъсис дода шуд.

Доир ба лоиҳаи Роғун ва ниятҳои неки ҳамсоядорӣ ба ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ҳанӯз соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ барои гузаронидани тадқиқоти лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» расман муроҷиат намуд. Ҳамин тариқ то соли 2014 ташхиси муфассали ҷанбаҳои техникӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ, иҷтимоию иқтисодии лоиҳаи Роғун баргузор шуд. Ҳамзамон дар давоми солҳои 2011-2014 силсилаи муҳокимаҳои кушод бо иштироки кишварҳои ҳамсарҳад бо сохтмони Роғун бо гузориши натиҷаҳои пешакии арзёбии лоиҳа таъмин гардид. Дар моҳи июни соли 2014 ҳисоботи пешакии Бонки Ҷаҳонӣ доир ба лоиҳаи Роғун пешниҳод гардид, ки бехатар ва манфиатнок будани ин иншооти бузургро тасдиқ намуд. Кор дубора дар НБО «Роғун» авҷи тоза гирифт. Ҳазорон мутахассиси ватанӣ бо дасту дили гарм ва азму иродаи қавӣ ба ҷабҳаи созандагӣ омаданд ва дар баробари мутахассисони хориҷӣ, саҳми худро барои бунёди ин Кохи нур гузоштанду гузошта истодаанд.

Чархаи нахустини ин иншооти бузурги аср 16 ноябри соли 2018 ва чархаи дуюми он 9 сентябри соли 2019 дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ, рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар ба кор дароварда шуданд, ки имрӯзҳо фаъолияти босамар доранд. Корҳои бузург дар чархаҳои дигари ин Кохи нур бомаром ҷараён доранд ва марҳала ба марҳала ҳар кадоми он бо ҷаҳду талоши сохтмончиён мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Оре, имрӯз Роғун ба корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корномаву фидокории умумихалқӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.

Саидҷаъфар АШӮРЗОДА

Дигар хабарҳо