Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони тоҷикистон, 31 марти соли 2022

 Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони тоҷикистон, 31 марти соли 2022

31-уми марти соли 2022 ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим аъзои Раёсатро бо рўзномаи маҷлис шинос намуда, онро ба баррасиву муҳокима гузошт.

Мувофиқи рўзнома, аввал масъалаи даъвати маҷлиси Садорати ИНТ ба миён гузошта шуд. Аъзои Раёсат баъди мулоҳизаронӣ якдилона ба ин қарор омаданд, ки маҷлиси навбатии Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон санаи 26-уми майи соли равон даъват карда шавад.

Дар атрофи мавзуи маҷлиси Садорат андешаронӣ сурат гирифт. Аъзои Раёсат ба хулоса расиданд, ки дар ин маҷлис мавзуи «Бурду бохти нақди адабӣ дар даҳ соли охир» матраҳ карда шавад ва перомуни он адибону мунаққидон андешаҳояшонро баён намоянд.

Сипас мувофиқи рўзнома, аъзои Раёсат дар натиҷаи баррасӣ ба ҳайатҳои таҳрири нашрияҳои Иттифоқи нависандагон тағйирот ворид карданд.

Аъзои Раёсат Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Абдураҳмон Абдуманнон, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон дар баррасии масъалаҳо ширкат намуданд.

Дар охир масъалаҳои ҷории марбут ба ҳаёти адабӣ мавриди гуфтугузору баррасӣ қарор гирифтанд.

Дигар хабарҳо