• 28.08.2026

Ҷоиза муборак бод!

 Ҷоиза муборак бод!

28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гуруҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.

Дар оғози маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ – 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама гуна ташаббус ва амалҳои созанда истиқбол намуда, аз дастоварду хизматҳои шоён ҳамеша қадрдонӣ мекунад.

Ҳамин тариқ, адибони шинохта бо унвоҳои зерин қадрдонӣ гардиданд:

Марямбонуи Фарғонӣ – Нависандаи халқии Тоҷикистон;

Юсуфҷон Аҳмадзода – Нависандаи халқии Тоҷикистон;

Додохон Эгамзод – Нависандаи халқии Тоҷикистон;

Файзи Ашӯр  – Шоири халқии Тоҷикистон.

Адибонро бо ин дастовард табрик намуда, дар ҷодаи эҷод комёбӣ таманно дорем.

 

Дигар хабарҳо