ҒАФФОР САЙЁД

 ҒАФФОР САЙЁД

САЙЁД ҒАФФОР 4 январи соли 1962 дар ноҳияи Нуробод ба ҷаҳон омадааст. Соли 1988 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардат. Солҳои 1990-1995 муҳаррири шуъбаи забонҳои нашриёти «Маориф» будааст.

Соли 1996 дар маҷаллаи «Фарҳанг» ба кор пардохта, солҳои 2001-2003 вазифаи сармуҳаррии онро бар уҳда доштааст.

Ҳамзамон, солҳои 2001-2004, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», солҳои 2005-2007 муҳаррири шуъбаи мактабҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» будааст.

Соли 2008 дар маҷаллаи «Истиқбол» ба кор оғоз карда, ҳоло котиби масъул мебошад.

Ашъораш дар қолаби маҷмӯаҳои «Оби чашм» (1990), «Чашми об» (1995), «Намози ғам» (1998), «Чашмаи ноз» (2002), «Оҳ, ай гули ман» (2004), «Найистон» (2004), «Моро, ба Худо, ту куштаниӣ» (2009), «Нозанин» (2009), «Нозанинтар» (2010), «Дарахти Ватан» (2010), «Достони дилситони Латофат» (2011), «Достони Теша Раҷаб» (2012), «Барфӣ» (2012), «Достончаи як сиёча» (2012), «Очам, Худо, биёя» (2014) ба дасти чоп расидаанд.

Ҳамчунин, муаллифи «Достони Зафар», «Достони дилситони Нигина», «Достони дилситони Сурайё», «Достони таҳамтан» (дар васфи Саидмӯъмин Раҳимов), «Достони Саидраҳмонпаҳлавон» ва «Достони Расулпаҳлавон» аст, ки дар матбуот интишор ёфтаанд.

Аълочии матбуот (2005) ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009).

Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Дигар хабарҳо