Ёди адиби ҳаҷвнигор

 Ёди адиби ҳаҷвнигор

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии ҳаҷвнигори зиндаёд Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ маҳфили поси хотир баргузор шуд. Маҳфилро муовини получил раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ифтитоҳ карты. Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ ҳарчанд, ки умри кам дид, бо ҳикоя ва латифаҳой воқейяш дар замони зинда буданаш дар байни халқ машур шуда будд. Сипас маърузаи нависанда Абдурауф Муродӣ оид ба нигоштаҳои Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ пешниҳоди ҷамъомадагон гардид. Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод, Нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, Шералӣ Мўсо, Ҳунарпешаилқии Тоҷикистон Тўрахон Аҳмадхон, адибон Ҳакималӣ Назаралӣ, Иззатбек Идизода, Шаҳрия, МуродалСобир ва дигарон аз зиндагиву эҷодиети Аҳмадшоҳ хотираҳои ҷолиб нақл карданд. Шоири ҷавон Насимбек Қурбонзода чанд шеъри ҳаҷвии худро хонд. — Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ нависандаи намоён буд. Ба маҷмуаи аввалинаш Ҳоҷӣ Содиқ пешгуфтор навишта, ки дар он дар баробари аз нигоштаҳои Аҳмадшоҳ сухан кардан оид ба вазъи ҳаҷви замон андеша рондааст, — Гуфт Кароматуллоҳи Мирзо. Дар маҳфил аз ҳаҷвияҳой кўтоҳу пурбори Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ намунаҳой зиёд оварда шуданд. Таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик дар Иттифоқи нависандагон маҳфили васеи адибони ҳаҷвнавис баргузор мегардад.

Дигар хабарҳо