ШОҲЗОДА СУЛТОН

 ШОҲЗОДА СУЛТОН

СУЛТОН ШОҲЗОДА 1 апрели соли 1943 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1949 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Корманди рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» будааст. Солҳои 1979-1981 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Баъдан дар рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» ва шуъбаи адабиёти бачагони нашриёти «Маориф» кор кардааст.

Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-ум чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Чашмаи Носир» (1975), «Ману борон» (1982), «Ошёни уқобон» (1985), «Сояи кӯҳ» (1986), «Парандаи кабуд» (1989) ва «Афсонаи баҳор» (1994) мебошад.

Иддае аз шеърҳояш ба забонҳои украинӣ, ӯзбекӣ, чехӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Ашъори алоҳидаи М. Луконин, С.Островой ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1997 (пас аз марг) сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

27 феврали соли 1995 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо