Шоир аз нигоҳи олим
Ба муносибати 90-солагии адиби зиндаёд Наимҷон Назирӣ
Дар охири солҳои 50-уми асри гузашта як идда ҷавонони соҳибистеъдод по ба арсаи адабиёт гузоштаанд, ки асарҳояшон саршор аз руҳияи оптимистона ва эҳсоси ватанпарастона буд. Онҳо бо сарпарастии устод Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва шоирону нависандагони дигари соҳибтаҷриба ва ғамхори ҷавонон дар раванди адабиёти шуравии тоҷик саҳмгузор шудаанд.
Яке аз он ҷавонони соҳибзавқ Наимҷон Назирӣ мебошад, ки дар матбуоти ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ дар он давра шеърҳояш интишор ёфта, писанди ҳаводорони адабиёт гардидааст.
Ӯ дар давраи донишҷӯӣ ва баъд аз он низ дар Душанбе иқомат карда, аз адибони бузургсол таҷриба андӯхта, роҳи камоли эҷодро тай кардааст. Хидмати Суҳайлӣ Ҷавҳаризода махсусан дар такомули адабии Наимҷон Назирӣ зиёд будааст. Гурӯҳе аз шоирону нависандагон ба мисли Ҳабибулло Назаров, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Баҳодур Файзуллоев худро шогирди ин шоири куҳансол ва шинохтаи тоҷик медонистаанд. Эҳтирому эътиқодашон ба Суҳайлӣ чунон самимона будааст, ки гоҳе аз номи он кас латифаҳо месохтаанд ва ба ин восита заковату хушсуҳбатии шоирро дастраси ҷомеа мекардаанд. Суҳайлӣ Ҷавҳаризода дар достоннависӣ, сурудани ашъори ватанпарастона ва ҳаҷв низ дастболо будаанд. Ва яқинан, Наимҷон Назирӣ, ки солҳо аз суҳбату ҳамнишинии Суҳайлӣ бархурдор буд, дар зарофату ҳаҷв низ аз шоири закитабъ сабақҳое гирифтааст.
Бештари умри бобаракати Наимҷон Назирӣ дар зодгоҳаш шаҳри бостонии Истаравшан гузаштааст, вале бо матбуоти марказӣ ва Иттифоқи нависандагону адибони бузургу ҳамсолаш ҳамеша робита дошт. Назирӣ шоири сермаҳсул ва ҳамқадами замон аст. Дар ин бора маҷмуаҳои асарҳояш гувоҳӣ медиҳанд. Аз ҷумла «Хӯшаҳо», «Бақои умр», «Тӯшаи роҳ», «Рози дил», «Созҳои Бадахшон ва таронаҳои Хатлон», «Чашмаи мурод», «Гулқайчӣ», «Ганҷи ранҷ» ва ғайра дар солҳои гуногун таълиф шуда, натиҷаи ҷустуҷӯҳои пайвастаи эҷодии ин шоири соҳибзавқ мебошанд.
Агар дар бораи мавзую муҳтавои шеърҳои Наимҷон Назирӣ сухан ронем, пас метавон бо як сухан ифода кард, ки ӯ шоири ҳақиқатбаён ва дилсӯзи миллату кишвар мебошад. Дар ашъораш зебоии Ватан, сулҳи пойдору истиқлоли он, ишқи поку самимонаи ошиқи вафодор, дӯстии мардуми Тоҷикистон ва халқи тоҷик бо халқҳои дигар, васфи манзараҳои зебои ҳамешасабзи кишвар хеле бо меҳр ва зебо суруда шудаанд. Наимҷон Назирӣ ҳамчун шоири ватанпараст бо тамоми вуҷудаш дӯстдори сарзамини дилкушои Ватан аст:
Фазои беғубори босафоро дӯст медорам,
Замини зарфишони дилкушоро дӯст медорам.
Ватан ин бахту иқболу ҳаёти ҷовидон бошад,
Ки ҳар фарди ба роҳаш ҷонфидоро дӯст медорам.
Ҳамин аст, ки шоир ба ҷангҳову кушторҳо нафрат дорад, зеро мақсади инсони ватандӯсту инсонпарвар сулҳу дӯстӣ мебошад, шоир бояд имдодгари сулҳхоҳон бошад. Бинобар ин андешаи худро дар қолаби назм баён мекунад:
Нафрате дорам ба ҷангу ҷангҷӯёни ҷаҳон,
Мекунам бар сулҳҷӯёни ҷаҳон имдодҳо.
Ӯ аз қурбони дасисаҳои душманон шудани дӯстонаш ғам мехӯрад, аз дасти қотилон фарёд мекунад, онҳоро «нокас» мехонад: «Дӯстони ман зи макри душманон қурбон шуданд, Мезанам доим зи дасти нокасон фарёдҳо».
Назирӣ шоирест, ки ҳар гӯшаву канори Ватан барояш азиз ва шоистаи ситоиш аст. Бинобар ин ҳангоми сафари аҳли зиёи вилояти Суғд ба Бадахшон ва Хатлон асаре таълиф намуд, ки васфи ин вилоятҳои зебои кишвар ва мардуми меҳнатқарини он аст. Ҳамзамон шоир зодгоҳашро низ ҳамчун ҷузъи Ватан ва шаҳри зебои Тоҷикистон васф мекунад. Бо ёдгориҳои таърихӣ ва шоирони номдори он ифтихор дорад, зеро аз осори онҳо илҳом гирифтааст:
Аҷоиб дилкашу зебо диёри Истаравшонам,
Аруси сол гӯё гашта ёри Истаравшонам.
Зуфархон Ҷавҳарию Лутфии ширинзабон дорад,
Азизию Суҳайлӣ ифтихори Истаравшонам.
Назирӣ аз мероси ғании классикони адабиёти тоҷику форс хуб огоҳӣ дошт ва мутолиаи пайвастаи ин осор илҳомбахши табъи равони ӯ шудааст. Дар яке аз ғазалҳояш ин нуктаро таъкид мекунад ва ба ҳамин далел халқи худро, ки соҳиби ганҷи бебаҳои бузургон аст самимона дӯст медорад:
Ганҷи Қорунро ман аз шеъри Саноӣ ёфтам,
Шоми ҳиҷрон пушти сар шуд, рӯшноӣ ёфтам…
Халқи худро дӯст медорам Назирӣ то абад,
Баски бо ӯ ҳамдилию ҳамнавоӣ ёфтам.
Тавре ишора кардем, Назирӣ дар ҳаҷв низ маҳорати хосса дорад ва нуқсҳои замону инсонҳоро бо зарофати табъ ошкор мекунад, бо ҳазл мехоҳад барои рафъи камбудиҳо ёрӣ расонад. Доираи ашъори ҳаҷвии Наимҷон Назирӣ васеъ аст. Ӯ дар ифшои хислатҳои разила, аз ҷумла нашъаҷаллобӣ, мансабпарастӣ, ваъдабозӣ, булҳавасӣ, шоирон ва мунаққидони беҳунар, маҳалбозӣ, порахӯрӣ, бадмастӣ ва ғайра шеърҳои зиёд дорад ва маҷмуаи ашъораш «Шохҷорӯб» ба ҳамин масъалаҳо бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки Назирӣ яке аз муаллифони доимии маҷаллаи як вақтҳо овозадори «Хорпуштак» буд ва дар саҳифаҳои он ҳаҷву нақизаҳояш зиёд ба табъ расидаанд. Дар ҳаҷвияҳои ӯ тозагиҳои зиёд, ибораву мазмунҳои ҷолиб зиёданд.
Аз номи майзада навиштааст:
Аз тамоми офати дунё ту бадтар, эй арақ,
Умри моро сӯхтӣ чун ҳезуми тар, эй арақ…
Шуд либосам пора-пора, кафшҳоям садямоқ,
Гаштаам монанди мурғи маҳрум аз пар, эй арақ.
Навиштаи олимон, шоирону нависандагони кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки дар байни аҳли адаб эътибору эҳтироми Назирӣ хеле баланд будааст. Дар ин меҳрномаҳо хоксорӣ, ҳалимӣ, меҳрубонию самимияти Наимҷон Назирӣ зикр шудааст. Чанде аз онҳоро барои намуна оварда, мутолиаи онро ба хонанда ҳавола мекунем ва бовар дорам, ки аз хондани ин китоби ҷолиб симои инсонӣ, адабӣ, суханварии Наимҷон Назирӣ ва доираи нуфузи ӯ ҳамчун адиб ва рафиқ дар ҷумҳуриамон ва берун аз он падидор хоҳад шуд.
Устод Боқӣ Раҳимзода, мураббии ғамхори адибони ҷавон, навиштаанд: «Махсусан, дар ҳаҷв ва мазҳака қобилияти ин шоири ҷавон торафт намоён гардида, мухлисони сершуморе пайдо кардааст». Адабиётшиносу шоири муътабар ва муаддаб Разиюлло Абдуллозода номаҳои зиёде ба шоир навишта будаанд ва маъмулан дар унвони ин номаҳо чунин гуфтаанд: «Дӯсти азиз ва муҳтарам, аҳли хирад ва шоири ширинкаломи арҷманд рафиқ Назирӣ». Адабиётшинос ва мунаққиди номӣ Соҳиб Табаров ва шоири маъруф Муҳиддин Фарҳат Наимҷон Назириро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ тавсия карданашон худ эътирофи истеъдод ва заҳматҳои шоири ҷавон будааст. Устод Соҳиб Табаров аз ҷумла навиштаанд: «Наимҷон Назириро ҳамчун шоири ҳаҷвсаро мешиносанд. Ӯ дар офариниши ҳаҷви реалистӣ ва ҳаётӣ роҳу равияи ду ҳаҷвсарои маъруфи тоҷик Абдулло Суҳайлии Ҷавҳаризода ва Муҳиддин Аминзодаро давом дода, барои инкишофи ин жанри меҳнатталаб ва хеле мураккаб кӯшиши зиёд карда истодааст».
Адабиётшинос Худойназар Асозода воқеъбинона қайд мекунад: «Наимҷон Назирӣ бо заҳматҳои эҷодиаш ба даҳҳо тадқиқоти адабиётшиносӣ сазовор аст, месазад, ки илми адабиётшиносӣ дар пайи таҳқиқи филологии шахсият ва эҷодиёти ӯ қарор бигирад».
Бовар дорам, ки дар оянда мероси адабии Наимҷон Назирӣ таваҷҷуҳи олимонро бештар ҷалб намуда, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик ҳақиқатнигорона муайян хоҳанд кард.
Кароматулло ОЛИМЗОДА,
академик



