Табассум дар табассум

 Табассум дар табассум
ФАРЗОНА
Муждаи беинтиҳоии муҳаббат

Гарчи ин дунёст моломоли одам,

Хуш бимон, яктотарин тимсоли Одам,

Тозаэҳёи муборакфоли Одам,

Зиндагӣ бо омаданҳои ту сар шуд,

Чашми мо бори дигар зебонигар шуд,

Рўҳи мо бар номи фардо номабар шуд.

Як ту будӣ, ту муроди ҷустуҷўям,

Як ту будӣ, ту накўпайки нумўям,

Як ту будӣ, ту ғулувви орзуям.

Эй саломи кибриёии муҳаббат,

Муждаи беинтиҳоии муҳаббат,

Хуш биё бар рўнамоии муҳаббат.

***

Биё, аз байни ғам шодӣ биҷўем,

Ба номи ишқ озодӣ биҷўем.

Аз ин туршӣ ба ширинӣ гурезем,

Накўойини фарҳодӣ биҷўем.

Бубинем азми занбўри асалро,

Муборакваҳйи эҷодӣ биҷўем.

Дар анбўҳи сиёҳи сўгнома

Саодатпайки милодӣ биҷўем.

Агар фарзанди Мавлоему Саъдӣ,

Нишону муҳри аҷдодӣ биҷўем.

Зи одамҳои шаш қитъа навонав

Куҳанпайванди авлодӣ биҷўем.

Замони ҳамфаромўшии халқ аст,

Биё, фарҳанги ҳамёдӣ биҷўем.

Биё, бори дигар бо ғам ситезем,

Биё, бори дигар шодӣ биҷўем.

На шодии бузурги осмонӣ,

Биё, як шодии одӣ биҷўем.

Ҳанўз фурсат ҳаст

Вақте ки селҳои ситезандаи девонаву маст

бо ҳуҷуме ҳама ободиро мерўбанд,

Вақте ки жолаҳо —

ин намояндагони олами боло

боми қасру кулбаҳоро яксон мекўбанд,

Вақте ки заминҳо зи гаронии гунаҳҳои

одамон ба ларза меоянд,

Вақте ки уқёнусҳо соҳилони нозанинро

бо тамоми боғу бўстон

бо ҳама шабкадаҳо,

бо қиморхонаву шаробистон,

бо одамони фориғи дарозкашида

дар рўи регҳо —

дар вусъати бонишоти тобистон

ба коми ташна мерабоянд,

Вақте ки аз даҳони кўҳҳои ботаҳаммул ҳам

вулқонҳо наъра мезананду гиребони фалак мегиранд,

Одамон боз ҳам паёми Худоро

ё намефаҳманд…

ё ки намепазиранд…

Вақте ки аз чапу рост

ходимони сиёҳдасти аҷал

нав ба нав ришта мекананд,

Вақте ки мурдаҳои беҷанозаи коғазпеч

чун қофилаи беохир

ба дари гўристон ҳалқа мезананд,

Фурсати тавба дер хоҳад шуд.

Балки…

Ҳанўз фурсат ҳаст.

Фурсати нав шудан, ислоҳ шудан,

тозаву шаффоф шудан.

Ҳамчу дарё баъди полоиши садбораи худ соф шудан.

Фурсати кину риёро

ба дарун роҳ надодан.

Фурсати чанбараи дунёро

ба дилу дасти ҳавасхоҳ надодан.

Фурсати аслиҳаҳоро оқибат қуфл задан

дар фаромўшхонаи абадӣ.

Фурсати эълон кардан

ҷанги савуми ҷаҳонро бо худ,

баски дар мост, бале, дар худи мост

Ҳама олудагии офоқ,

ҳамаи тирагӣ,

тамоми бадӣ.

Ҳолиё фурсат ҳаст

барои тавба гуфтану раҳо шудан

аз ин ҷаҳаннами ҷаҳолат.

Барои роҳ гирифтан

ба самти нури ҳидоят.

Ҳолиё фурсат ҳаст

барои бори дигар,

балки аввалин бор

рў ба рў омадани мо

бо МУҲАББАТ!

***

Фариштагавҳарам, бар ман дуо деҳ,

Дуо деҳ, модарам, бар ман дуо деҳ.

Ту рафтиву равоқи ҳафт гунбад

Фуромад бар сарам, бар ман дуо деҳ.

Наӣ ғоиб, ки ғайбат ҳам ҳузур аст,

Муборакмаҳзарам, бар ман дуо деҳ.

Ба инсонҳо муҳаббат ҳадя додӣ,

Муҳаббатпарварам, бар ман дуо деҳ.

Ҳамэъҷози Худоӣ, ҳамду алҳамд,

Ало ҷонофарам, бар ман дуо деҳ.

Ҳарири нур пўшидӣ чу хуршед,

Дабири Ховарам, бар ман дуо деҳ.

Вуҷудат — озмоишгоҳи сад дард,

Ба ғам тобоварам, бар ман дуо деҳ.

Ту мебинӣ маро аз осмон ҳам,

Ало бинишварам, бар ман дуо деҳ.

Саломомўзи бепадруди ман бош,

Бимон сардафтарам, бар ман дуо деҳ.

Дуои ту, дуои туст, модар,

Рафиқу ёварам, бар ман дуо деҳ.

***

Бори дигар ба шодии дилҳо сабаб шавем,

Аз ҳар чи хуби хуби ҷаҳон мунтахаб шавем.

Бар ҳар даре паёми шифо армуғон барем,

Бар ҷони дардманди ҷаҳон қурси ҳаб шавем.

Пайки наҷоти аҳли башар дар лабони мост,

Аз ҳарфи ишқ то ба абад лаб ба лаб шавем.

Бо Мавлавиву Ҳофизу Ҳутеву Шекспир —

Бо меҳтарони қибланамо ҳамнасаб шавем.

Хуршедвора бўса ба субҳи навин занем,

Чун моҳи нав калиди тилоии шаб шавем.

Даргоҳи ёр сонияе баста буд? На!

Аз он дари кушода кушоишталаб шавем.

Бар шодбоду таслияти ҳафт миллиард

Бори дигар мунодии суру тараб шавем,

Бори дигар ба шодии дилҳо сабаб шавем.

***

Ҳоло, ки офтоб панаҳ шуд, наё, наё,

Даврони интиҳои фараҳ шуд, наё, наё.

Афтод пардаҳои ҳарири ҳазорнақш,

Бепарда шуд ҷаҳону сияҳ шуд, наё, наё.

Он ёди пурфурўғ, ки анвор метанид,

Чун Юсуфи фитода ба чаҳ шуд, наё, наё.

Вақте гуноҳ буд мубарротар аз савоб,

Ҳоло савоб низ гунаҳ шуд, наё, наё.

Бечора тан, ки кост зи зўроварии вақт,

Бечора дил, ки хотирагаҳ шуд, наё, наё.

Офоқ шўра басту умеди пасини ман

Дар ҷустуҷўи меҳргияҳ шуд, наё, наё.

Эй мақдамат шикасти ҳама уқдаҳои дил,

Ин сад биё-биё, ки гираҳ шуд, наё, наё.

Таъсир

Як нафар

бо вуҷуди сахт касифаш

Олуда мекунад

Як кўча,

як маҳалла,

тамомии шаҳрро.

Як нафар

бо вуҷуди сахт шарифаш

Полуда мекунад

Як кўча,

як маҳаллаву

як шаҳру мамлакат,

Балки

Ақсои даҳрро!

 

***

Он зарнигори тобон меҳр асту ҳеч дигар,

Дар чортоқи гардон меҳр асту ҳеч дигар.

Торе, ки нур дар нур, аз анқариб ё дур,

Мегирадам гаравгон, меҳр асту ҳеч дигар.

Оне, ки бе дами тир, бо рою фазлу тадбир

Фатҳам намуд осон, меҳр асту ҳеч дигар.

Меҳр аст посухи мо бар нафрату кароҳат,

Дар ин қадимаанбон меҳр асту ҳеч дигар.

Як тўдаи силаҳшўр офоқро нагиранд,

Соҳибзимоми кайҳон меҳр асту ҳеч дигар.

Ҷуз ишқ дар дили мо чизи дигар нагунҷад,

Байни ману ту, эй ҷон, меҳр асту ҳеч дигар.

Бо иштироки хуршед хушбахт мешавад рўз,

Яъне, ки асли инсон меҳр асту ҳеҷ дигар.

Дигар хабарҳо